Ru  | Tj
Мақомоти эронӣ аз нияти кушодани ройзанӣ ва ташкили иттиҳодияи форсизабонҳо гуфтанд
Мақомоти эронӣ аз нияти кушодани ройзанӣ ва ташкили иттиҳодияи форсизабонҳо гуфтанд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Мақомоти эронӣ аз нияти кушодани ройзанӣ ва ташкили иттиҳодияи форсизабонҳо гуфтанд

Нашр шуд

Ҳафтаи равон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон “Шаби мероси фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон” бо ҳузури муовини вазири фарҳанг ва дигар мақомоти расмии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд. Реҳлати ногаҳонии Давлатманд Хол, ҳунарманди саршиноси фалаксарои тоҷик, ки қарор буд барои дарёфти ҷоизаи вижаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин маросим ҳузур пайдо кунад, мояи таассуф ва сӯгмандии ҳозирон гардид. Мақомоти Эрон аз ҷойгоҳи вижаи ин ҳунарманд дар байни мардуми Эрон ёд карда, таъкид доштанд, ки ҷойи ӯ барои ҳамеша холӣ хоҳанд монд.

Ин барномаи фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барномарезӣ ва иҷро шуд, майдони музокирот ва ҳарфҳои тозаи дипломатӣ ҳам гардид. Мақомоти Эрон, бавижа расонаҳои наздик ба ҳукумати ин кишвар бо бозтоби густардаи ҳамоиши мазкур дилвопасии хоссе барои густариши равобити сиёсӣ ва фарҳангӣ нишон доданд.

Ёдоварӣ аз забон ва фарҳанги муштарак, ки дар гуфтори тамоми мақомоти расмии ширкаткунадаи ин маросим танинандоз буд, нишон медод, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон мехоҳад варақи бознашудаи равобит бо кишвари Тоҷикистон зудтар боз шавад. Мақомоти тоҷик, бавижа сафири Тоҷикистон низ ҳусни нияти худро пинҳон накарданд. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон таъкид кард, ки равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон панҷ баробар афзудааст. Вай дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ рушди равобит бо Эронро авлавияти сиёсатҳои хориҷии Тоҷикистон унвон намуда, гуфт:

“Баргузорӣ ва рухдодҳои муштараки мероси фарҳангӣ миёни Теҳрон ва Душанбе ду фоида дорад: нахуст ин ки огоҳӣ аз мероси фарҳангӣ ба миллатҳои мо имкон медиҳад, ки бо такя бар дастовардҳои фарҳангии ниёкон ин меросро дар хидмати имрӯз ва таъйини масири пешрафти фардои худ бигузорем. Дувум ин ки имкон меёбем, дастовардҳои муштараки фарҳангиро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ кунем”.

Сафир ҳамчунин пешниҳод кард, ки бо таваҷҷуҳ бар ин ки меросии фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон як ҳастанд, бояд барои ёфтан ва сабти меросҳои муштарак дар Юнеско кумитаи муштарак ташкил шавад.

Баргузории ҳамоиши фарҳангии муштараки Тоҷикистон ва Эрон боиси ҳаяҷон ва шӯру иштиёқи бештари мақомоти эронӣ шуд ва онҳо дар гуфтори худ сигнолҳои мусбат барои густариши бештари равобити фарҳангӣ нишон доданд. Масалан Абдулҳусайни Хусравпаноҳ, дабири Шурои олии инқилоби фарҳангӣ, ки дар ҳамоиш иштирок ва суханронӣ кард, гуфт, Эрон ва Тоҷикистон забони  муштарак доранд ва ин омил пайванди ду кишварро жарфтар кардааст.


Ӯ меафзояд, ки “вақте аз забон сухан мегӯйем, забон ҳомили фарҳанг аст, вақте забон фарҳангеро бо худаш ҳамл мекунад, яъне хирад, ҳикмат, маърифат ва фазилатро ба ҳамроҳ дорад. Бархе андешамандон ва донишмандони женетик мегӯянд, байни забон ва тафаккур жени воҳиде вуҷуд дорад. Забони форсӣ низ забони ҳикматбунён ва тақвияти хирад аст. Бахше аз иштирокоти фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон дар мусиқӣ зуҳур пайдо кардааст ва ин зуҳур маншаъи хирад ва ҳикмат дорад ва агар байни Эрон ва Тоҷикистон хирад ва ҳикмат набуд, ухуват (бародарӣ) пайдо намешуд”.

Муовини вазири фарҳангу иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёсир Аҳмадванд дар суханоне рушди равобити ду кишварро ба рӯйи кор омадани давлати Иброҳим Раисӣ марбут дониста, гуфт, ки Тоҷикистон ва Эрон дорои муштаракоти фарҳангии вижа мебошанд. Ба бовари ӯ, сафарҳои дуҷонибаи раисҷумҳури Тоҷикистон ва раисҷумҳури Эрон боиси тафоҳумномаҳои ҷиддӣ шуд, ки саҳифаҳои тозаеро ҷиҳати беҳ шудани робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ боз кард.


Ин мақомдори Эрон бо зикри ин ки мунтазири бозгушоии ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ҳаст, гуфт: “Мунтазирем, ки имкони ҳузури намояндагони фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони ройзани фарҳангӣ дар Душанбе, масъули хонаи фарҳанг дар Хуҷанд ва муҷтамеъи Ҳилоли Аҳмар дар Душанбе фароҳам бишавад ва зарфияти кории муштараки иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ дар ду кишвар мавриди истифода қарор гирад”.

Ин мақоми эронӣ бо зикри ин ки соли гузашта намоишгоҳи китоби Теҳрон мизбони Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа буд, афзуд:

“Тавофуқот сурат гирифтааст ва назари мусоид ва мусбати дӯстон дар Тоҷикистон (дар робита ба боз шудани ройзании фарҳангӣ) эълом шудааст”.


Ёдоварии ин нукта муҳим аст, ки Ройзании фарҳангии Эрон як маркази муҳими дипломатии ин кишвар дар шаҳри Душанбе буд ва асосан ба корҳои фарҳангӣ, аз қибили омӯзиши Қуръон ва хати форсӣ, чопи китобҳо ва иҷрои барномаҳои фарҳангӣ машғул буд. Дар тайи солҳои фаъолият дар Тоҷикистон барномаҳои васеъмиқёси фарҳангиро амалӣ кардааст. Бавижа нашри китоби адибон ва олимони тоҷик яке аз муҳимтарин бахши фаъолияти ин ниҳоди дипломатӣ буд, ки пас аз сард шудани равобити Душанбе ва Теҳрон фаъолияташ қатъ гардид. Ҳоло мақомоти Эрон, бавижа Ёсир Аҳмадванд гуфтаанд, ки ин ниҳод ба зудӣ дар Тоҷикистон боз мешавад: “Замина барои тавсеъаи фаъолиятҳо ва ҳамкориҳо комилан фароҳам аст ва ҳайф аст, ки муҷтамаъҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, фаъол набошанд ва муштоқона барои фаъол шудани муҷтамаъҳое фарҳангӣ ва ҳунарӣ омада ҳастем”.

Аз сӯйи дигар ҷонишини вазир ва мероси фарҳангии Эрон Алӣ Доробӣ гуфт, баргузории чунин ҳамоишҳо ва бузургдоштҳо барои тақвияти ҳамдилӣ, ваҳдат ва густариши сулҳу дӯстӣ ба манфиати ду кишвар аст.


Ӯ гуфт, Тоҷикистон ва Эрон пайванди амиқи таърихӣ доранд ва забони форсӣ-дарӣ хостгоҳаш Тоҷикистон аст: “Тоҷикистонро кишвари кӯҳҳо ва сангҳо номидаанд. Аммо мардумони он бисёр меҳрбон ва хунгарм ҳастанд. Бархе Тоҷикистонро музейи боз зери осмони нилӣ номидаанд, ки пур аз осори бостонӣ аст. Бархе Тоҷикистонро пораи тани Эрон  номидаанд ва ҳама инҳо дуруст аст. Тоҷикистон пораи тани Эрон аст... Тоҷикистон ва Эрон пайванди амиқи таърихӣ доранд. Хостгоҳи забони порсӣ-дарӣ, ки ҷонишини забони паҳлавӣ дар Эрон шуд, аз Хуросони бузург ва Фарорӯд ё Тоҷикистон будааст. Нахустин шоирони порсизабон, монанди Рӯдакӣ, ки устоди шоирони садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ-қамарӣ дар давраи сомонӣ будааст, аз ҳамин сарзамини имрӯзии Тоҷикистон аст. Рӯдакӣ падари шеъри форсӣ аст”.

Муҳимтарин нуктае, ки дар ҳамоиш мақомдори эронӣ Алӣ Доробӣ зикр кард, ин аст, ки бояд “Иттиҳодияи кишварҳои форсизабон” ташкил шавад. Дар шароите, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ иттиҳодияи туркзабонҳо бо сарварии Туркия ҳам аз назари фарҳангӣ ва ҳам аз назари сиёсӣ дар ҳоли қудратгирӣ аст, матраҳ шудани ин ҳарф аз забони мақоми эронӣ метавонад сигноли мусбат дар ҷиҳати ҳамгироии бештари Тоҷикистон ва Эрон бошад.


Алӣ Доробӣ гуфт, “умедворем битавонем “Иттиҳодияи кишварҳои форсизабон”-ро ташкил диҳем ва коргурӯҳи муштарак миёни мероси фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар тадвини парвандаҳои муштараки мероси фарҳангӣ дошта бошем. Намоишгоҳҳои муштарак баргузор кунем, интиқоли таҷриба дошта бошем”.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед