Ru  | Tj
Макотиби деҳоти Тоҷикистон 4,5 тонна кӯмаки ғизоӣ хоҳанд гирифт
Макотиби деҳоти Тоҷикистон 4,5 тонна кӯмаки ғизоӣ хоҳанд гирифт

Макотиби деҳоти Тоҷикистон 4,5 тонна кӯмаки ғизоӣ хоҳанд гирифт

Нашр шуд

Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар доираи татбиқи Барномаи миллии озуқаи мактабӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ВМКБ ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 1552 тонна орди гандуми ғанишуда* ва 67 тонна нахӯди зардро интиқол дод.

Дар маросими расмии таҳвил кордори муваққатии Русия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов, муовини директори Созмони ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон Чарлз Инванӣ ва сардори Раёсати иқтисод ва тарҳрезии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Бадриддин Музафарзода ҳузур доштанд.

Дар суханронии худ кордори муваққатии Русия дар Тоҷикистон Шамил Шамсудинов чунин иброз намуд: «Чору ним тонна маводи хӯрока байни макотиби ҷумҳурӣ тавзеъ мешавад, то дар соли таҳсили оянда, донишомӯзон битавонанд на танҳо дониш, балки ғизоҳои хушмазза ва солимро низ дарёфт кунанд».


Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ беш аз 20 сол аст, ки барномаи озуќаи мактабӣ дар Тоҷикистонро ба амал мебарорад, ки он ҳудуди ним миллион донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ ва ҳайати ёрирасони фаннии 2000 макотиби 52 ноҳияи ҷумҳуриро фаро мегирад.

«Таъмини ҳамарӯзаи кӯдакон бо маводи ғизоь дар мактабҳо на танҳо ба маънои тағзияи босифат, балки ба маънои ҳифзи саломатӣ низ ҳаст. Ин иқдом ҳамчунин волидайнро водор мекунад, ки фарзандони худ, аз ҷумла духтаронро ба таври ҳаррӯза/ доимӣ ба мактаб фиристанд, ин чизе аст, ки мо аз он ифтихор дорем,» гуфт Чарлз Инвани, муовини директори БҶО СММ дар Тоҷикистон њангоми суханронии худ.

Дар ояндаи наздик ба Точикистон бояд як миқдори иловагии хурокворӣ: 943 тонна орди ғанишуда, 182 тонна равгани офтобпараст ва 135 тонна нахуди зард барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ВМБК, инчунин 1350 тонна орд ва 61 тонна равғани офтобпараст барои вилояти Суғд интиқол дода шавад. Мутахассиси логистикии WFP Фаррух Набиев ба ширкаткунандагон дар мавриди раванди таҳвили борҳо нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, ба шарофати барномаи кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистони ҳамсоя низ маводи ғизоӣ интиқол дода мешавад.

«Аз лаҳзаи оғози амалиёт то имрӯз ба Афғонистон ҳудуди 5 ҳазор тонна маводи ғизоӣ таҳвил дода шуда, ин раванд то ба имрӯз идома дорад. Айни замон дар анборҳоямон қариб 10 ҳазор тонна маводи ғизоӣ нигоҳ дошта мешавад. Мо ин маводро бо тадриҷ ва ба таври дақиқтар бо дархосту ниёзҳои амалиётии дафтари Созмони ҷаҳонии озуқаи СММ дар Афғонистон таҳвил хоҳем дод», - гуфт Фаррух Набиев.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид бузургтарин ташкилоти башардӯстона дар ҷаҳон аст, ки ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои изтирорӣ наҷот медиҳад, муҳити мусоид фароҳам меорад ва ояндаи пойдорро барои афроде, ки пас аз даргириҳо, офатҳои табиӣ ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим беҳбуд меёбанд, дастгирӣ мекунад.


* Орди гандуми ғанӣшуда, ордест, ки дорои витаминҳои В, руҳ ва кислотаи фолий мебошад. Ҳар як витамину минералҳо барои саломатии кӯдакон ва калонсолон муфиданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед