Ru  | Tj
Мавсими шиноварӣ. Маконҳои истироҳати тобистона кадомҳоянд?
Мавсими шиноварӣ. Маконҳои истироҳати тобистона кадомҳоянд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Мавсими шиноварӣ. Маконҳои истироҳати тобистона кадомҳоянд?

Нашр шуд

Тобистон яке аз фаслҳои асосӣ ва дӯстдоштанӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин мавсим аксари мардуми ин кишвар ба рухсатӣ баромада, дар кӯдакистону дабиристонҳо низ таътили деринтизор фаро мерасад. Бархе аз оилаҳо барои истироҳат дар соҳили баҳр ва оббозӣ ба осоишгоҳҳо ба хориҷа мераванд, дар ҳоле ки дигарон саргармии мушобеҳро дар худи кишвар пайдо мекунанд.

Муаллифи Halva.tj дар мавриди маконҳое, ки метавон дар рӯзҳои гарми тобистон истироҳат кард, нақл намуд.

«КӮЛИ ҶАВОНОН» 


Яке аз маконҳои дилписанд барои оббозӣ миёни сокинони Душанбешаҳр «Кӯли ҷавонон» аст, ки он бештар бо номи «Кӯли комсомол» маъруф аст. Кӯли мазкур дар дохили шаҳр, рӯбарӯи Боғи ҳайвонот ҷойгир буда, масоҳати умумии он бо қитъаҳои муҷаҳҳази соҳилӣ 21 гектарро ташкил медиҳад, ки метавонед заврақро иҷора гиред. Барои таъмини бехатарии истироҳаткунандагон наҷотдиҳандагон навбатдорӣ мекунанд, ки ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати изтирорӣ метавонанд ба ниёзмандон кумаки фаврӣ расонанд. Кӯл аз дарёи Варзоб пур мешавад. Дастрасӣ ба кӯл барои истироҳаткунандагон ройгон аст. Бояд гуфт, ки “Кӯли ҷавонон” соли 1939 сохта шуда, дар даврони шӯравӣ ҳамчун як бунгоҳи муҳими варзишӣ хизмат мекард, ки дар ҳудуди он якчанд мактаби варзишӣ фаъолият дошт.

АКВАПАРКИ «КӮЛИ ДУШАНБЕ»


Барои дарёфти адреналин ва лаззати шиноварӣ метавонед ба аквапарки «Кӯли Душанбе», ки дар соҳили кӯли Варзоб ҷойгир аст, биравед. Ин калонтарин маҷмааи обӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ки майдони умумии он 15 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди «Кӯли Душанбе» якчанд ҳавз барои кӯдакон ва калонсолон, инчунин аттраксионҳо, тарабхонаҳо, барҳо, майдончаҳои бозӣ барои волейбол ва теннис мавҷуд аст. Аквапарк дорои як минтақаи оилавӣ ва боғи ҳайвоноти худӣ аст. Нархи истироҳат дар рӯзҳои корӣ барои калонсолон 120 сомонӣ ва барои кӯдакони қадашон то 140 сантиметр 60 сомонӣ мебошад. Дар рӯзҳои истироҳат нарх андак гаронтар аст: барои калонсолон 170 ва барои кӯдакон 80 сомонӣ.

ИСТИРОҲАТ ДАР БӮСТОНСАРО


Шояд ба шахсе истироҳати пурсарусадоро бо дӯстон ва хешовандон писанд бошад, барои каси дигар истироҳати оилавӣ дар фазои ором хуш аст. Агар гузинаи дуюм ба шумо маъқул бошад, метавонед аз минтақаҳои тафреҳӣ бӯстонсаро иҷора бигиред, ки маъруфтарини онҳо дар ноҳияҳои Варзоб, Норак, Ромит ва дараи Алмосӣ ҷойгир аст. Ҳамаи ин маконҳо бо қуллаҳои зебои кӯҳӣ иҳота шудаанд ва ба пойтахт наздиканд, ки барои расидан ба онҳо бо мошин наздики як соат вақт лозим аст. Хонаҳо аз ин маконро метавонед барои як рӯз ва зиёда аз он иҷора гиред. Нархҳо ба сатҳи роҳат бастагӣ доранд. Масалан, як шаб дар кулбаи хурди дорои ҳавз ва барои 8 нафар 800 сомонӣ ҳазина хоҳад дошт, ки ба он нархи иҷораи манзил, истифодаи ҳавз ва асбобу анҷоми ошхона дохил мешавад. Маводи хӯроквориро бояд бо худ бибаред. Ин як гузинаи олӣ барои касоне ҳаст, ки мехоҳанд истироҳати худро дар ҳалқаи оила гузаронанд.

ОБАНБОРИ ҚАЙРОҚҚУМ


Афроде низ ҳастанд, ки орзуи боздид аз баҳр, офтоб гирифтан рӯйи реги тиллоӣ ва бардоштани аксҳои зебо барои шабакаҳои иҷтимоии худро доранд. Барои бархе аз афрод кор монеа мешавад, дар ҳоле, ки бархеи дигар аз ҷиҳати молӣ танқисӣ мекашанд, зеро гузаронидани як ҳафта дар истироҳатгоҳҳои хориҷӣ аз 700-800 доллар барои як нафар хароҷот талаб мекунад. Агар оила аз 4 нафар иборат бошад, пас дастикам 2 ҳазор доллар зарур мешавад. Орзуи деринаи худро метавонед дар пойтахти шимолии кишвар – Хуҷандшаҳр бароварда карда, маблағи муайянро низ сарфа кунед. Дар дурии 20 километр аз шаҳри Хуҷанд обанбори Қайроққум ва ё ба истилоҳ "Баҳри тоҷик" ҷойгир аст, ки солҳои 50-уми асри ХХ барои насби нерӯгоҳи барқи обӣ эҷод карда шудааст. Масоҳати “Баҳри тоҷик” бисёр чашмгир аст: дарозияш 50 километр, паҳнояш беш аз 20 километр ва умқи он беш аз 25 метр аст. Дар ҳудуди обанбор соҳил, тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо мавҷуд аст. Аммо барои оила ба иҷора гирифтани манзили истиқоматӣ бароҳаттар ва сарфакоронатар аст. Нархи онҳо аз 150 сомонӣ дар як рӯз аст. Агар хӯроки нисфирӯзӣ ва шоми оилавиро дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо истеъмол намоед, дар як рӯз 500 сомонии дигар лозим мешавад. Ҳамин тариқ, истироҳат дар баҳри тоҷик барои як оилаи чаҳорнафара на 2000 доллар, балки ҳудуди 4000 сомониро бо назардошти роҳ ташкил хоҳад кард. Сарфакорӣ назаррас аст!

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед