Ru  | Tj
Мавзеи сайёҳӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ. Варзоб барои ҷаҳониён чӣ аҳамият дорад?
Мавзеи сайёҳӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ. Варзоб барои ҷаҳониён чӣ аҳамият дорад?
Аксҳо: аз Интернет

Мавзеи сайёҳӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ. Варзоб барои ҷаҳониён чӣ аҳамият дорад?

Нашр шуд

Дар 8-километрии Душанбе, дар водии Ҳисор дараи овозадори Варзоб ҷойгир аст, ки бо иқлиму табиати афсункораш дер боз диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудааст. Варзобдара ҳамчун минтақаи сайёҳиву истироҳатӣ ва табобатӣ маъруф аст. Дар фасли зимистон низ макони писандидаи гардишгарон аст, ки худро ба оғӯши кӯҳҳои барфпӯши он мебаранд.

Ҳоло аз боби чанд мавзеи дидании ноҳия ва тарзи зиндагии ҷолиби сокинони он ба хонандагони Halva.tj қисса менамоем.

 

«САФЕД-ДАРА» – БРЕНДИ САЙЁҲИИ ЗИМИСТОНА

Минтақаи истироҳатии Варзоб ҷойҳои дидании зиёд дорад, аммо аз миёни қариб 1000 объекти сайёҳии он «Кохи Малика», «Варзоб Палас», «Гулобод», осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм»-у «Сароб» ва Маҷмааи лижаронии «Сафед-Дара» аз маҳбубияти хос бархӯрдоранд ва ба бренди сайёҳии ноҳия табдил ёфтаанд. Махсусан, «Сафед-Дара» дар 70-километрии Душанбе доман паҳн намуда, бо кӯҳҳои азими нуқрафомаш қалби сайёҳонро тасхир кардааст ва яке аз объектҳои асосии сайёҳии зимистона дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Он ба ҷуз макони истироҳатӣ будан майдони машқу тамрини варзишгарон низ ҳаст ва мусобиқаҳои лижаронию конкитозӣ, мотосиклу квадрасиклронӣ баргузор мегарданд. Инфрасохтори маҷмаа сол то сол мукаммалтар гардида, дар фасли тобистон мавзеи дилкаш барои гузарондани истироҳати тобистонаи кӯдакон аст. Ҳамчунин, майдонҳои конкию хоккейбозӣ, аспсаворию парки арғамчинӣ, роҳи танобӣ ва меҳмонхонаву тарабхонаҳои муосир ин мавзеъро ҷолибу диданӣ кардаанд. Майдони бозиҳои рӯйи ях бошад, имкон медиҳад минбаъд ин намуди варзиш дар кишвар рушд ёбад.


Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки аз рӯйи баҳогузории пойгоҳи таҳлилии «ТурСтат»-и Русия, «Сафед-Дара» аз маъруфтарин маконҳои истироҳатӣ барои шаҳрвандони ин кишвар миёни кишварҳои хориҷи наздик ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дониста шудааст.


«ХОҶА ОБИ ГАРМ» – МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ

Ин осоишгоҳ, ки онро муъҷизаи ҳаштуми олам низ меноманд, аз замони шӯравӣ маъруф буд ва ҳоло низ макони истироҳату табобати сайёҳони минтақа аст. Гардишгарон ҳазорҳо километрро тай карда, худро ба муъҷизаи домони кӯҳ мерасонанд ва бештарашон шаҳрвандони Ӯзбекистону Русия мебошанд. Зеро буғу оби радонии осоишгоҳ марҳами ҷон асту дар таркибаш 27 элементи системаи даврии Менделеевро дорад. Ба гуфтаи духтур Миралӣ Рӯзиев, ҳарорати буғе, ки аз қаъри замон мебарояд, 97 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳангоми буғ тиллогӯгирд (олтингӯгирд) ба воситаи нафасу пӯст ба организм ворид мегардад, ки дармони бемории қанд аст. Ҳамчунин, фишорро паст карда, намаки баданро меронад. Умуман, дар осоишгоҳ муолиҷаи бемориҳои такягоҳу ҳаракат, роҳи нафас, системаи асаб, дилу рагҳо, пӯст, безуриётии занонаю мардона бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Табобат аслан бо буғ сурат гирад ҳам, физиотерапия, маҳси дастию барқӣ, сӯзандармонию гиёҳдармонӣ, парафин, инчуниин сандалии барқӣ низ, истифода мешавад.


 

ТАРЗИ ЗИСТУ ЗИНДАГИИ ВАРЗОБИЁН

Агар хоҳем, ки дар бораи ҷолибияти зиндагӣ дар Варзоб воқиф гардем, бояд ба дидани деҳоти он низ рафт. Зеро зиндагии мардум ин ҷо махсусиятҳои худро дорост ва аз либоспӯшӣ сар карда, то хӯрокпазии мардумонаш аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Масалан, таомҳое бо номи ҳадир, буламоқ ва далдаро бо тарзи хоси худ омода менамоянд ё оши буридаашон бо иловаи гиёҳҳои шифобахш лаззати дигар дорад. Бо назардошти он ки дар кӯҳсори дара қариб 100 намуд гиёҳи шифобахш мерӯяд, метавон дар ин ҷо гастротуризм, яъне ҷалби сайёҳон ба воситаи таомҳоро ба роҳ монд.

Умуман, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ то ҳанӯз дар рустои Варзоб ҳифз мешаванд, ки басо мароқоваранд. Масалан, деҳоти Зидеҳро метавон мисол овард, ки барои роҳандозии сайёҳии деҳот созгор аст. Сокинон низ дар хонаҳояшон барои меҳмонон шароит муҳайё сохтаанд, ки ин боз ҳам барои аз наздик шинос шудан бо зисту зиндагонии онҳо мусоидат менамояд.


 

ДАРЁИ ВАРЗОБ

Оҳанги хуши рӯди Варзоб ва қиссаю афсонаҳои кӯҳҳои он ба ҳама ошност. Наққоши табиат ин маконро бо беҳтарин рангҳо ороста, ки аз диданаш дил фараҳ ва рӯҳ таскин меёбад. Дар баробари ошноӣ бо урфу одат ва шароити зисту зиндагонии мардуми ноҳия, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро бештар кӯҳу дарёи Варзоб ба худ мекашад. Бо вуҷуди он ки дар кӯҳҳо сайёҳон пиёдагардӣ мекунанд, боз метавон хатсайрҳои навро ба роҳ монд.

Дигар муъҷизаи Варзоб, бешубҳа, дарёи шӯхоби он аст, ки як умр сарманшаи илҳоми шоирон буда, қалбҳоро ба таҳрик овардааст.

Алексей Михайлов аз Русия дар мисоли ин рӯди сармаст гуфта: «Дар Тоҷикистон маро рӯди Варзоб шефтаву шайдо кард. Агар Волгаи орому сокити мо пири хирадмандеро монад, ки таҳ ба таҳаш асрор аст, рӯди Варзоб ҷавони саркашу сармастест бо дили лабрез аз эҳсос. Мағрурона сар ба соҳил задану кафккунон ҳусн аз шир рабуданаш, рӯҳу ҷисмро ончунон ба ваҷд меорад, ки беихтиёр дар ҳавои ин наво хоҳиши рақсидан пайдо мешавад. Аз тамошои ҳамин як гӯшаи сеҳрангези диёратон бовар кардам, ки Тоҷикистонро беҳуда «Шветсарияи дуюм» намегуфтаанд. Аз ин рӯ, ҳар нафаре меояд, боз худро дар оғӯши ин биҳишт дидан мехоҳад».

Дар ҳақиқат, зебоиҳои Варзоб басо дилфиреб асту берун аз сухан. Онро бояд бо чашми сар дид.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед