Ru  | Tj
Майдони “Истиқлол”. Муъҷизаи нотакрори меъморӣ ва қалби пойтахт
Майдони “Истиқлол”. Муъҷизаи нотакрори меъморӣ ва қалби пойтахт
Аксҳо: Prezident.tj

Майдони “Истиқлол”. Муъҷизаи нотакрори меъморӣ ва қалби пойтахт

Нашр шуд

Дар пойтахти кишвар ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол" ба баҳрабардорӣ расид.

Майдони "Истиқлол"-ро Хадамоти матбуоти Президент  "муъҷизаи нотакрори меъморӣ" унвон карда, афзудааст, ки баъди ба истифода додан ин мавзеъ майдони асосию марказӣ, қалби пойтахт ва Каъбаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, минбаъд дар ин майдон чорабиниҳои сатҳи олии ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор мегарданд.

Рӯзи 8-уми сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар “Майдони Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол"- ро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои бошукуҳи ҷашни Истиқлол ширкат ва суханронӣ намуданд. Баъди ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол” Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии идона суханронӣ кард.

Ҳадафи бунёди Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол"- ро Президенти мамлакат чунин гуфт: “Ҳадаф аз бунёди муҷассамаи «Истиқлол» дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан, наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад”.

Баъди суханронӣ барномаи пуршукуҳи идона ба муносибати солгарди истиқлоли давлатӣ бо иштироки ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик, аҳли ҳунари Тоҷикистон ва ҳамоиши хонандагону донишҷуёни коллеҷу мактабҳои олии пойтахт баргузор гардид, ки дар он беш аз 30 000 нафар иштирок доштанд. Тибқи гуфта хонандагону донишҷӯён ба таҷлили ин рӯз ва ифтитоҳи “Майдони Истиқлол” зиёда аз  20 рӯз тайёрӣ дидаанд. 

Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, дар давоми ду сол дар ин майдон зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонида шудааст, ки тибқи навиштаи Хадамоти матбуоти Президент аксари онҳоро 20 сол қабл худи Президент аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш кардааст.

Ин майдон аз Маҷмааи рамзи “Истиқлол”, минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, деворнигораҳо, майдони баргузории роҳпаймоӣ, гулгашт, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат аст.

Маҷмааи “Истиқлол”, ки дар маркази  майдон бунëд гардидааст, 121 метр баландӣ дорад ва рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Масоҳати умумии Маҷмааи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.

Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи “Истиқлол” тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

Тибқи навиштаи Хадамоти матбуоти Сарвари давлат лоиҳаи ин маҷмаа аз ҷониби гуруҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардидааст, ки рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷикро ифода мекардааст.

Аз ҷумла, “дарахти ҳаёт” бо реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории ҳаёт, тоҷпоя — рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, ҳафт гунбази гирдогирди муҷассама рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро ифода менамоянд.

Яке аз меъмориҳои диққатҷалбкунандаи ин меъморӣ  аз берун 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳотанамуда мебошад, ки ин чаҳордаҳ деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст. Дар ин чаҳордаҳ деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст. 

Деворнигораҳо бо унвонҳои мухталиф аз қабили “Каюмарс ва Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ, шиносоӣ бо китоби Авесто”, “Ба сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ”, “Муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ” бо номи муҳорибаи “Санги суғдӣ”, доир ба се давлати абарқудрати аҷдодӣ - Ашкониён, Кушониён, Сосониён, “Деваштич. Давлатдории Тоҳириён ва Саффориён”, “Сомониён. Исмоили Сомонӣ. Вазирон, аҳли илму адаб”,  “Тоҷикон дар асрҳои XI - XVI”, “Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик”, дастовардҳои фарҳангии як марҳалаи тӯлонии таърихи ниёкон бо нишон додани акси китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, доир ба шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот, Ғазна, “Таърихи нав. Сохтмонҳои бузург”, “Давраи истиқлолият. Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони Дӯстӣ, сохтмони аср – НБО-и “Роғун” ва дастовардҳои замони истиқлолият барои бинанда маълумот медиҳад.

Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи “Истиқлол” Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, инчунин ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад. Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. 

Яке аз дигар ҷозибаҳои Маҷмааи “Истиқлол” майдони тамошои он мебошад, ки дар ошёнаи 14 дар баландии 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад, ки тавассути он намои пойтахти кишвар ва зебоиҳои онро метавон мушоҳида намуд.

Дар осорхонаи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол" тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомониро, ки бо назардошти арзишҳои таърихӣ сохта шудааст, шинос шудан мумкин аст.

Ин тахт пурра бо усули миллӣ ороиш ва кандакорӣ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки тоҷи дар болои тахт ҷойдодашуда аз тиллои тозаи истеҳсоли Тоҷикистон сохта шудааст. Тоҷро  сангҳои қиматбаҳо, аз қабили алмосҳои диаметрашон 3 ва 2 миллиметра,  ёқути кабуди диаметраш 15 миллиметр, тилло ва тиллои сафед ва лаъли Бадахшон бо андозаи 22 ба 15 миллиметра зинат медиҳанд. Дар рӯйи тахт фарри шоҳии тиллоӣ гузошта шудааст. Фарр, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ аст, бо 68 шуои зардӯзӣ оро ёфта, бо тоҷи заррин пайваст шудааст ва ин ишора ба эҳёи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳар як риштаи зардӯзишуда бо риштаи филизии тиллоӣ кашида шудааст.

Аз ду тарафи тахт грифҳо ё худ шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгир аст, ки бо шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё ёфт шудааст. Тахт дар байни чортоқ ҷойгир буда, атрофи онро сутунҳои чӯбини бо сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ ороёфта иҳота кардаанд. Паси тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, Варахша, Афросиёб ва Бунҷикат бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо сохта шудааст.

Атрофи онро ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри  қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Хулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё -  бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудааст.

Акнун ин меъморӣ тибқи дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ошно намудани шаҳрвандони кишвар, насли наврасу ҷавон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо таъриху тамаддуни бой ба як майдони муҳимми сайёҳӣ ва таблиғотӣ табдил дода мешавад.

“Дониш - чароғи маърифат”. Намоишгоҳ аз осори ҳунармандони машҳур дар Осорхонаи миллӣ




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед