Ru  | Tj
Муҳаммад аввалин Шоҳҷоизаи худро ба ятимон тӯҳфа кард
Муҳаммад аввалин Шоҳҷоизаи худро ба ятимон тӯҳфа кард
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Муҳаммад аввалин Шоҳҷоизаи худро ба ятимон тӯҳфа кард

Нашр шуд

26-уми феврали соли равон дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи ноҳияи Темурмалик гуштини миллӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сарпарастии соҳибкорони ноҳия ташкил карда шуд, ки дар он варзишгарони номдори кишвар ва ҳамчунин Ӯзбекистон иштирок доштанд. Паҳлавонони майдонро дар фарҷоми гӯштин ду Шоҳҷоиза (автомобил) интизор буд. Сипас бо талабу дархости мухлисон Саидшоҳ (паҳлавон аз ноҳияи Восеъ) ва Муҳаммад (паҳлавон аз ноҳияи Темурмалик), ки дар майдони мазкур ҳарду ҳам 4 нафариро мағлуб намуда буданд, як шоҳҷоизае ба номашон гузошта шуд. Натиҷаи мусобиқаи ин ду варзишгар бо ғолибияти Муҳаммад ҷамъбаст гардид. Сипас Муҳаммад бо садои баланд аз кулли мухлисон барои дастгириҳояшон изҳори миннатдорӣ намуд:

“Мухлисони азиз, ҳар сухани шумо ба рӯҳияи ман таъсиргузор буд ва маҳз бо дастгириҳои шумо ман соҳиби ин Шоҳҷоиза гардидам ва ҳоло бошад, ин автомобилро ба ятимхонаи деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик тӯҳфа мекунам.”




Муҳаммад 19 сол дошта, ин ғолибияташро ғолибияти муҳимми худ медонад.




Инчунин шоҳҷоизаи дуюмро миёни Шариф Назрӣ ва Абубакр гузоштанд. Мутаассифона, дар рафти гуштингирӣ миёни ин ду варзишгар нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки натиҷаи ин мусобиқаро довар мусовӣ эълон кард. Яъне шоҳҷоизаи дуюм насиби ягон варзишгар нашуд.





Қиссаҳои ҷолиб ва ногуфта аз рӯзгори Аҳмад Бобоқулов аз нақли духтараш - Нигина Бобоқулова




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед