Ru  | Tj
Муди вижа аз “GoolyNoor”. Чӣ гуна намономи ватанӣ либоси миллии муосир меофарад?
Муди вижа аз “GoolyNoor”. Чӣ гуна намономи ватанӣ либоси миллии муосир меофарад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Муди вижа аз “GoolyNoor”. Чӣ гуна намономи ватанӣ либоси миллии муосир меофарад?

Нашр шуд

Ситора Солиҳова тарроҳ ва соҳибкори муваффақи тоҷик аст. Ӯ бо намоном (бренд)-и “GoolyNoor” либосворӣ, ороишот ва дигар лавозимро ба таври вижа истеҳсол мекунад. Маҳсулоти намономи мазкур аз дигар ширкатҳо бо тарроҳии муосир, афзалият додан ба тарҳҳои миллӣ, урфу одат ва фарҳанги либоспӯшии суннатӣ тафовутпазир аст.

Решаи калимаи “GoolyNoor” аз куҷост? Бону Ситора ин вожаро ҳамчу исми намоном интихоб кардааст. Он баргирифта аз нақшу нигори як сӯзании қадима аст. Ӯ зимни омӯзиши нақшунигор пай бурд, ки ниёгони ҳунарманди мо дар аксари сӯзаниҳо офтобро ҳамчун гули зебои доирашакл ва пурнур тасвир кардаанд, яъне маҳз офтоб унсури асосӣ дар гулдӯзиҳо маҳсуб мешуд.

Муаллифи Halva.tj бо Ситора Солиҳова дар хусуси таъсиси намоном, ҷорӣ кардани вижагиҳои миллӣ дар истеҳсоли либосворию ороишот ва чӣ гуна ба роҳ мондани раванди истеҳсолот бидуни партов суҳбат орост.

ЧӢ ГУНА ШАВҚ ДАНДОНПИЗИШКРО ЛИБОСОФАРИН КАРД?   

Ситора Солиҳова аз рӯйи ихтисос дандонпизишк аст. Ҳамзамон шуғли дӯстдоштааш  кашидадӯзию гулдӯзӣ буд. Тасаввур намекард, ки дар асоси машғулияти  дӯстдоштаи худ рӯзе соҳиби тиҷорати зебои занона шуда, бунёдгузори намономи миллӣ мешавад. Инак 6 сол мешавад, ки ҳамчун соҳибкор фаъолият дорад. 

 

 “Хушбахтона, хеле зуд дарк кардам, ки кашидадӯзӣ ва гулдӯзӣ бароям бештар аз як саргармӣ аст. Аз вақту имконот истифода карда, ба давраҳои гуногуни омӯзишии марбут ба тарроҳӣ иштирок кардам. Бахусус ба  тарзи офаридани ороишот ва маҳсули ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳ кардам. Ҳамин тавр  маҳсулоти нахустини эҷодкардаамро дар намоишҳои гуногун муаррифӣ кардам. Ҳамчунин фазои фарохи шабакаҳои иҷтимоъӣ, бавижа Instagram боис шуд, то офаридаҳоям шинохта шавад. Бо ҳунармандони манотиқи гунгогуни ҷумҳурӣ шиносоӣ пайдо кардам. Дар заминаи ҳамкорӣ бо онҳо маҳсулот офарида, таҷрибаи зиёд андӯхтам. Хушбахтам, ки толор (шоурум)-и либосу ороишоти намономи худро соли 2020 дар маркази шаҳри Душанбе фаъол кардам”, - қисса кард Ситора. 
ВИЖАГИИ “GOOLYNOOR” ДАР ЧИСТ? 

Қаҳрамони мо аз тамошои осорхонаҳои мардумшиносиву миллӣ ва  мутолиаи китобҳои марбут ба фарҳангу эҷодиёти халқ неруву илҳоми тоза мегирад. Ӯ  бар ин назар аст, ки дар ҳар маҳсулот на фақат зебоӣ муҳим аст, балки дар он ҳис шудани рӯҳу ҷон хеле аҳамият дорад. Барои намономи “GoolyNoor” муҳим  аст, ки дар ҳар маҳсулот ягон рамзу аломат ё мафҳуме, ки Тоҷикистонро таҷассум мекунад, бозтоб ёбад.


- Тибқи диди муосири либософаринӣ, ҷорӣ кардани фарҳангу таърихи ғании худ хеле муҳим ва муд аст. Аз ин рӯ дар истеҳсоли маҳсулот ба урфу одат ва анъанаҳои либоспӯшии мардуми тоҷик диққати зиёд медиҳем.  Феълан дар номгӯйи маҳсулоти мо инҳо мавҷуданд: ҷома, курта, анбону ҳамён, ҷавоҳирот аз рӯйи ҳар завқ, футболкаву ҷемпир (худӣ). Муштариёни мо бештар ҷома ва ҷавоҳирот харид мекунанд. Дар онҳо бештар нақшунигори зебои офтоб, пиёла, чойник, анор ва лӯхтакро метавон дид. Имсол дар маҷмуаи либосҳои нав нақши парастуро низ ҷо кардем. Бояд гуфт, ки ҷавоҳироти мо бештар аз нуқра сохта мешавад. Тарҳи онҳо ба урфу одатҳои анъанаӣ қаробат дорад. Аз сангҳои табиъии бумӣ ва ё хориҷӣ ҷавоҳироте месозем, ки мувофиқ ба равишҳои муосири муди ҷаҳонӣ аст, - иброз дошт тарроҳ.


ОЁ ҲУШИ МАСНУЪӢ АРЗИШИ КОРИ ДАСТИРО КОҲИШ МЕДИҲАД?

Ситора Солиҳова мегӯяд, ки то имрӯз чанд насли мошинаҳои гулдӯзӣ ихтироъ шуда, дар истеҳсолот ба таври васеъ ҷорӣ шудааст. Феълан кори дастӣ кам шуда истодааст, чунки бо баҳрагирӣ аз  фанновариҳои навин иҷрои ҳар кори дастӣ то ҳадде осон шудааст. Сарфи назар аз ин бештарини намономҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба заҳмати инсон, яъне маҳсули кори дастӣ авлавият дода, маҳсулоти хушсифат, ки бо арзиши гарон омода мешавад, истеҳсол мекунанд.


“Аз ин рӯ фикр мекунам, кори дастӣ ва эҷодӣ ҳеч вақт аз муд намеравад, баръакс ба таври васеъ истифода мешавад. Имрӯз барои пешбурди намономи “GoolyNoor” бонувони кашидадӯз, рассом, заргар, кулолгар ва  бурандаву дӯзанда заҳмат мекашанд. Ҳангоми омода кардани маҷмуаи нави либосҳо идеяҳои зиёд пайдо мешавад. Дар ин вақт зарур аст, ки як идеяро тарроҳ, буранда ва дӯзанда ба таври пурра дарк кунанд. Дар акси ҳол вақти зиёд барабас рафта, ҳар намуна бо сифати номукаммал тайёр мешавад. Дар айни ҳол мо бо либосдӯзоне ҳамкорӣ дорем, ки маҳсулотро дар вақти кӯтоҳ бо натиҷаи дилхоҳ тайёр мекунанд”, - шарҳ дод бунёдгузори намономи “GoolyNoor”.  

ДАР ИСТЕҲСОЛОТ ЧӢ МУШКИЛ ПАЙДО МЕШАВАД?

Ситора Солихова дар як вақт тарроҳии ҳамаи маҳсулоти “GoolyNoor”, интихоб ва хариди матоъҳо, назорати воридоти маҳсулот ба толори фурӯш ва раванди савдо, омӯзонидани кормандон, фаъол кардани саҳифаҳои намоном дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва дигар корҳои мудириятро бар дӯш дорад. Боз вақт ёфта, вебнависони соҳаи мудро пайгирӣ мекунад ва дар омӯзишҳои бархат (онлайнӣ)-и марбут ба тарроҳӣ ширкат меварзад. Ӯ  барои иҷро кардани кори дастӣ вақти холӣ намеёбад, лекин бисёр мехоҳад, ки бо ин кор машғул шавад.   

“Албатта ҳангоми кор мушкилӣ пайдо мешавад. Баъзан вақт матоъи хушсифат намеёбем. Гоҳе ширкатҳои дӯзандагие, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорем, кашолкорӣ мекунанд, ё маҳсулоти бесифат тайёр менамоянд. Ҳамзамон дар супориши бастабандии вижа (брендированная упаковка)  танқисӣ мекашем. Аксари чунин ширкатҳо барои тайёр кардани на кам аз 30 ҳазор нусха розӣ мешаванд, ки ин барои соҳибкории хурд фоидаовар нест”, - баён дошт бонуи соҳибкор.


Зимнан намоном талош дорад, ки сиёсати истеҳсолоти бепартовро амалӣ кунад. Онҳо аз пораҳои матоъе, ки боқӣ мемонад, бастаҳои хушрангу зебое омода мекунанд.  Воқеъан дар ҷараёни истеҳсолот аз ҳар матоъ пораҳои гуногун боқӣ мемонад, ки бо тарроҳии нотакрор бастаҳои хуберо метавон эҷод кард. Бовар доранд, ки ин иқдом боис мешавад, то истеҳсолот бидуни партов сурат бигирад. 

  

Ин рӯзҳо ҳунармандони намономи “GoolyNoor” маҷмуаи нави либосу ҷавоҳирот ва дигар ороишотро ба муносибати фаро расидани ҷашни Наврӯз омода карда истоаанд. Онҳо ният доранд, ки боз чанд толори намоишӣ (шоурум)-и муосирро ифтитоҳ кунанд. Мехоҳанд, ки номи “GoolyNoor” ва  ибораи “from Tajikistan” дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ хонда шавад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед