Ru  | Tj
Надим Амирӣ: Дар футбол ранги пӯст ва дин муҳим нест
Надим Амирӣ: Дар футбол ранги пӯст ва дин муҳим нест
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Надим Амирӣ: Дар футбол ранги пӯст ва дин муҳим нест

Нашр шуд

Надим Амирӣ футболбози афғонитабори олмоние мебошад, ки новобаста ба синни ҷавонӣ аз маҳорати баланди футболбозияш дар Олмон дарак дод. Ӯ 27-уми октябри соли 1996 дар шаҳри Людвигшафени Олмон ба дунё омадааст. Дар футбол таҳти рақами 11 ҳунарнамоӣ мекунад. Волидайни ӯ Наҷла ва Назир Амирӣ мебошанд.

Бобати ҳаёт ва фаъолияти касбии футболбоз маълумотҳои ҷолибро манзуратон мегардонем.

Соли 1980 дар Афғонистон ҷанги беохир идома дошт, шаҳри Кобул солҳои тӯлонӣ зери оташ қарор гирифта буд. Назир ва Наҷла аз нооромӣ ва ноумедӣ дар ватанашон хаста шуда, мисли аксари мардум он замон ба Олмон фирор мекунанд ва пас аз ин дигар ба ватан барнамегарданд. Надим Амирӣ дар Олмон ба дунё омада, ба воя расидааст ва дар он ҷо ба шарофати меҳнат ва фидокории волидонаш ӯ тавонист орзуи футболбоз шудани худро амалӣ кунад. Дар ин муддат падараш ба савдои мошини боркаш машғул буд ва модараш давоми 20 сол дар хонаи пиронсолон кор мекард. Ӯ роҷеъ ба сарнавишти волидонаш бо андӯҳ қисса мекунад:

"Дар синни ҷавонӣ ҷудо шудан аз оилаи худ ва рафтан ба кишвари хориҷие, ки забони онро намедонед, хеле душвор аст. Аммо волидони ман тасмим гирифтанд, ки дар ҳаёти худ чизеро созанд. Барои ин ба шумо ирода ва қалби бузург лозим аст, то ба ин сахтиҳо омода бошед”.


Волидайни Амирӣ дар вазифаҳои гуногун кор мекарданд, то писаронашон Навуд ва Надим тавонанд маҳорати худро сайқал диҳанд ва дар ниҳоят ба касби футбол шурӯъ кунанд. Аз замони кӯдакӣ меҳри футбол дар дили ӯ ҷой мегирад. Қадамҳои нахустинашро ба футбол дар дастаҳои кӯдаконаи "Людвигшафен", "Кайзерслаутерн" ва "Валдхоф" шурӯъ кардааст. Пас аз ин ӯ соли 2011 ба академияи футболи бошгоҳи «Хоффенхайм» мегузарад ва дар онҷо маҳорати футболбозияшро беҳтар мекунад.

 

АВВАЛИН БОЗӢ ДАР БУНДЕСЛИГА

Рӯзи 7 феврали соли 2015 барои Надим Амирӣ санаи хос аст. Зеро дар ин рӯз ӯ аввалин бозии хешро ба сифати футболбоз дар Бундеслига муқобили дастаи Волсбург анҷом дод. Пас аз ин роҳи ӯ ба дунёи футбол кушода гардид ва дар бозии нахустинаш бар зидди «Боруссия Мёнхенгладбах» ӯ аввалин голи худро ба самар расонид. Бо маҳорату қобилияти футболбозияш Амирӣ тавонист роҳбарияти дастаи Хоффенхаймро водор созад, то бо ӯ тамдиди шартнома кунанд. Ҳамин буд, ки соли 2017 Амирӣ шартномаашро бо Хоффенхайм то соли 2020 дароз кард. Баъд аз ин мавсими 2019-20 Амирӣ бо клуби “Байер 04” аз Ливеркузен қарордоди панҷсола ба имзо расонид ва аз ин баъд Надим шарафи дастаи Байерри Ливеркузенро ҳимоят мекард.

Бозии Надим Амирӣ дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Олмон аз соли 2015 шурӯъ гардида буд. Баъд аз ин Амирӣ тобистони соли 2019 ба тими миллӣ барои ширкат дар чемпионати Аврупо байни дастаҳои ҷавонон, ки дар Италия баргузор шуд, даъват гардид. Дар даври ниманиҳоӣ ба дарвозаи Руминия ду гол зад ва дастааш бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ баромад. Дар бозии ҳалкунанда дар дақиқаи 88-ум як гол зад, аммо ин барои мағлуб кардани Испания ва ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мусоидат накард.


Пас аз пайвастани Надим ба дастаи Ливеркузен ва имкони бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва он ҳам дар бозии муҳим муқобили Ювентус иттифоқе афтод, ки шояд афғонҳо мунтазираш набуданд. Аммо ин ҳодисаро Надим ва оилааш солҳо боз интизор буданд. Ин ҳам Юахим Лоф, сармураббии мунтахаби Олмон номи Амириро дар рӯйхати 23-нафараи мунтахаби Олмон муқобили Аргентина ҷой дод. Тибқи қарори ФИФА то замоне, ки як футболбоз то ҳол дар ягон мутахаб бозӣ накардааст, ҳаққи интихоби тими миллии кишвари дигарро дорад. Аз инҷо, ки Амирӣ асолатан афғон аст, мухлисон умедвор буданд, ки монанди писари тағояш ба мунтахаби Афғонистон меояд, аммо ӯ барои беҳтар сохтани корномаи худ Олмонро интихоб кард. Надим, ки шаҳрвандии Олмон ва Афғонистонро дорад, забони форсиро хуб медонад.

 

ЯК РОҲИ ХАЛОСӢ АЗ НАЖОДПАРАСТӢ

Ҳангоми бозӣ миёни дастаҳои “Юнион” ва “Байёр” байни Амирӣ ва футболбози рақиб Флориан Ҳубнер нофаҳмӣ сар мезанад, ки он ба таҳқири нажодпарастонаи Амирӣ оварда мерасад. Футболбози “Юнион” Амириро «афғонҳои зишт» меномад. Ин суханҳо ба равони Надим Амирӣ зарбаи сахт мерасонад. Ҳатто дар ҳуҷраи либосивазкунӣ аз чашмонаш ашк мерезад. Аммо ӯ ин рафтори рақибашро мебахшад:

«Дар эҳсоси баланд ин суханони даҳшатнокро ба забон овард. Вай гуфт, ки хеле пушаймон аст. Пас аз бозӣ ӯ ​​барои таҳқираш бахшиш пурсид. Ман узрхоҳии ӯро қабул кардам. Бо ҳамин роҳ метавон пеши роҳи нажодпарастиро гирифт. Барои ман ин эпизод дар гузашта монд”, - мегӯяд Амирӣ.


 

КӮМАК БА ОИЛАҲОИ АФҒОН

Сарфи назар аз дурахшонтарин ситораи ҷавони футболи Олмон будан ин бозигари 22-сола ҳеч гоҳ решаҳои қавмии худро фаромӯш намекунад. Ӯ дар лоиҳаҳои гуногуни гурезаҳо дар Ҳоффенхайм иштирок карда, бо Салиби Сурх ҳамкорӣ кардааст, то ба одамоне, ки мисли волидонаш сарнавишт доранд, дастгирӣ кунад. Ӯ борҳо бо кӯдакони гурезаҳо хӯроки нисфирӯзии муштарак ва муҳокимаҳои амиқ, барномаи дастгирии варзишӣ ташкил кардааст. Ҳатто кӯдакон бо Амирӣ дар задани зарбаҳои ҷаримавӣ рақобат мекарданд. Мавсуф бо як иқдоми наҷибе 170 нафар паноҳандаи афғонро ба бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол байни Олмон ва Арманистон даъват намуда, хотири онҳоро шод намуд.

"Ман кӯшиш мекунам, ки гурезаҳои афғони дар Олмон бударо рӯҳбаланд кунам, ба онҳо ҷасорат ва шодӣ диҳам. Лаҳзаҳои аҷибе ҳастанд, хусусан вақте ки шумо кӯдаконеро мебинед, ки дар ниҳоят дубора ором хобида метавонанд, танҳо аз сабаби он ки онҳо дар ин ҷо бехатаранд. Ман бо баъзеи онҳо дар бораи фирорашон сӯҳбат кардам ва гуфтаҳои онҳо дардовар аст. Ин одамон аз ҳама зиёд ба ман эҳтиром доранд. Аҷиб ин аст, ки чӣ қадар чизҳои хурд онҳоро хушбахт карда метавонад. Онҳо танҳо аз тақдими либоси дастаи Ҳоффенхайм хеле шод буданд. Вақте ки сухан дар бораи футбол меравад, ранги пӯст ва дин муҳим нест. Футбол қудрати беназире дорад, ки мардумро ба ҳам меорад", - зикр медорад қаҳрамони матлаб.


 

САФАР БА АФҒОНИСТОН

Надим Амирӣ замони 14-сола буданаш бо як сафари оилавӣ бо падару модараш ба Афғонистон меоянд. Волидайни ӯ ба Кобуле омадаанд, ки дар солҳои 1980 пас аз ҳамлаи Шӯравӣ онро тарк карда буданд. Онҳо ба писарашон шаҳри кӯдакиву ҷавонии худро нишон доданд. Надим Амирӣ аз он рӯзҳо ёд оварда, мегӯяд:

“Ман дидам, ки чӣ хел тонкҳо аз кӯчаҳо мегузаранд. Албатта ин аз як тараф афсурда ва даҳшатовар буд, мо бояд эҳтиёт бошем. Бо вуҷуди ин, дар онҷо ман худро дар хона ҳис мекардам. Волидонам маро ба шаҳри худ бурданд, ки дар онҷо кӯдакии аҷоиб гузаронидаанд. Мо ба кӯҳҳо баромадем ва табиати зеборо дидем».

Нимҳимоятгари «Байер» Надим Амирӣ нисбати ватани таърихии худ, ки ҳодисаҳои нохуберо аз сар гузаронид, бетараф набуда, дар як мусоҳибааш бо Skysport.de иброз медорад:

“Ман ҳамчун як олмоние, ки решаҳои афғон дорад, таҳаввулоти ахири Афғонистонро бодиққат пайгирӣ мекунам. Дар Афғонистон вазъияти душвор вуҷуд дорад, ки ман ва аҳли хонаводаамро бисёр нигарон кардааст. Шумо аниқ намедонед, ки дар он ҷо чӣ рӯй дода истодааст. Воқеан умедворам, ки вазъ боз ба навъе ором мешавад ва мардум оромона зиндагӣ мекунанд”.


Имрӯз дар Кобул аз авлоди Надим Амирӣ танҳо як тағояш зиндагӣ мекунад. Ҳама аъзои дигари оилаи ӯ ба Олмон ва Канада муҳоҷират кардаанд. Хонаводаи модараш ва чанде аз хешовандони падараш дар Торонто зиндагӣ мекунанд.

Имрӯз Надим Амирӣ шарафи дастаи “Ҷеноа”-и Италияро ҳимоят мекунад ва дар формаи хуби варзишӣ қарор дорад. Мухлисони футбол аз ин ситораи навтулӯъи футболи Олмону Афғонистон умедҳои зиёд доранд. Зеро ӯ ҳоло дар саргаҳи ин роҳи мушкилгузар вале ифтихорофар қарор дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед