Ru  | Tj
Наврӯз дар Тоҷикистон. Мардуми Суғду Хатлон ва Бадахшон онро чӣ гуна ҷашн мегиранд
Наврӯз дар Тоҷикистон. Мардуми Суғду Хатлон ва Бадахшон онро чӣ гуна ҷашн мегиранд
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Наврӯз дар Тоҷикистон. Мардуми Суғду Хатлон ва Бадахшон онро чӣ гуна ҷашн мегиранд

Нашр шуд

Наврӯз куҳантарин иди мардуми ориёист. Ҳамасола дар Тоҷикистон ин ҷашн тибқи таомули таърихӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо тарзу усули ба худ хос ҷашн гирифта мешавад. Муаллифони Halva.tj Оламбегими Некқадам ва Бибиноз Муродалиева дар мавриди расму анъанаҳои наврӯзии матониқи гуногуни кишвар нақл намуданд.

«НАВРӮЗ» ВА «ШОГУНИ БАҲОР»

Дар Бадахшон Наврӯз бо номи Шогуни баҳор маъмул буда, дар қатори дигар мардуми Машриқзамин бо риояи расми гузаштагон дар рӯзи даромадани моҳи Ҳамал ҷашн гирифта мешавад. Дар гузашта нишонаҳои фарорасии моҳи Ҳамал аз мушоҳидаи ҳаракати офтоб дақиқ мешуд. Дар теғаи кӯҳҳои ҷанубу ғарб ҷое, ки офтоб паси кӯҳ менишинад, нишонаеро интихоб мекарданд. Нишона пастӣ ва ё баландии теға буда, ҳангоми ба он расидани офтоб фарорасии моҳи ҳамал ҳисоб мешуд.


Мардони деҳа чанд рӯз пайи ҳам дар яке аз баландиҳое, ки аз он нишасти офтоб хуб намудор мешавад, ҷамъ меоянд. Ҳангоми ба нишон рост омадани офтоб дасти якдигарро бӯсида, муборакбод мекунанд ва рӯзи дигар иди Наврӯзро ҷашн мегиранд. Дар баъзе деҳаҳои ин минтақа ба ҷойи нишони кӯҳӣ аз санг тақвими офтобӣ сохтаанд, ки аз рӯйи он фарорасии моҳи Ҳамалро муайян мекунанд.

Дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим «Санги офтоббин» мавҷуд аст, ки дар асри XIX аз сӯйи донишманд ва файласуфи тоҷик Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ бунёд шудааст. Вай тавассути ин санг ба бурҷи Ҳамал расидани офтобро мушоҳида менамуд ва рӯзи Наврӯзро муайян мекард. Ҷашн гирифтани Наврӯз аз рӯйи ин мушоҳидаҳо ба рӯзҳои 16-18 март рост меомад.

Анҷом додани расму ойинҳои наврӯзиро дар ин минтақа танҳо соатбин, яъне нафари калонсолу бофаҳм ва огоҳ аз ҳама кор маълум менамояд. Расму ойини ин ҷашн гуногун буда, риояи ҳатмиро талаб мекунад. Дар миёни халқ ақидае ҳаст, ки агар бе соат расму ойини Наврӯзро анҷом диҳӣ, дар хонаводаат бебаракатӣ ва корҳо бебарор мешаванд.


Ба қатори cуннатҳои наврӯзии ин минтақа «ходабурӣ» ё «шогунбанд», берун баровардани соатгир, «дудазанӣ», хонагаштак, баровардани ҷуфти барзагов дар замин ва дигар анъанаҳо шомиланд.
«Ходабурӣ» ё «шогунбанд» аз навдаи дарахти бед тайёр карда мешавад ва сардор ё марди хона онро сари ҳар аъзои оила тайёр карда, вориди хона мекунад. Соҳибхоназан болои шогунбанд орд мепошад, ки рамзи покӣ ва кушоиши кор аст. Ҳамчунин чандто шогунбандро барои меҳмононе, ки вақти хонагаштак вориди хона мешаванд, мегузоранд ва онҳо аз пеши дари даромад як донаи онро гирифта, «Лос-лос Шогуни баҳор» муборак гуфта, дохили хона мешавад.

«Дудазанӣ» ҳамон рӯбучин, тозаву озода намудани хона ва гурду атрофи он аст. Дар рӯзи Наврӯз деҳқон барои оғози соли нав аввалин донаи гандумро ба замин пошида, ҷуфтбаророн менамояд. Дар замонҳои пеш баъди «дудазанӣ» харро орди сафед пошида, то даромадгоҳи хона меоварданд, ки маънояш давлатдорӣ ва рамзи ин ҳайвон, яъне давлату фархундагист.

СУМАНАК – РАМЗИ НАВРӮЗ

Суманак рамзи асосии иди Наврӯз ба ҳисоб меравад, аммо тарзи омода намудани он дар минтақаҳои кишварамон гуногун аст.

Дар Бадахшон дар аввалҳои моҳи феврал дар табақҳо донаи гандумро мемонанд ва ҳар саҳар ба он об мепошанд. Ин амал то сабзидани гандум идома меёбад. Баъдан сабзаро гирифта, бо даст аз ҳам ҷудо ва дар дегдон ё дар офтоб хушк мекунанд. Баъди хушкшавӣ онро дар дег бирён мекунанд, то ки таъмаш ширин шавад. Марди оила суманаки бирёншударо ба осиёб бурда орд мекунад. Ранги орди суманак сурхчатоб мешавад ва дар рӯзи иди Наврӯз онро хамир намуда, нони суманакӣ мепазанд.

Ҳамзамон дар Бадахшон се қмоч (нони махсус омодашуда) омода мекунанд, ки ҳар як рамзи хос дошта бо номи деҳқон, чӯпон ва об маъруфанд. Дар рӯзи ид аз он ба меҳмонону ҳамсояҳои азиз ва ақрабои роҳи дурашон ҳамроҳ бо кулча ҳамчун армуғон мебаранд.

Дар минтақаи Суғду Хатлон гандумро се рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар мекунанд. Баъди неш задани гандум онро гирифта, дар ягон табақи ҳамвор мемонанд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонанд. Чунин ақида миёни мардум аст, ки вақте гандум сабзид, бояд касе онро набинад, зеро «пай» ё чашм меафтад. Рӯзе, ки барои пухтани суманак муайян мешавад, 3-4 зани ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ мешаванд. Одатан, онҳо бегоҳиҳо ҷамъ гашта, суфраеро боз мекунанд ва сабзаҳоро мегузоранд. Сипас, дуо хонда, сабзаҳоро мебуранд.

«ДУДАЗАНӢ» ВА «ХОНАБАРОРОН»

Пок намудани хонаҳо дар Бадахшон муҳимтарин унсури наврӯзист ва риоя намудани вақти муайян ҳатмист. Саҳари рӯзи Наврӯз ҳар як хонавода барвақт аз хоб хеста, баъди наҳорӣ ҳамаи либосҳои хонаро рӯйи ҳавлӣ мебароранд.

Баъдан ба нӯги чӯби дарозе ҷорӯби саҳроӣ мебанданд ва равзанаву деворҳои хонаро руфта покиза мекунанд. Ин амалро «дудазанӣ» мегӯянд. Вақти «дудазанӣ» набояд каси бегона вориди хона гардад ва баъдан бо ҷорӯбе, ки хонаро дуда мезананд, баъди анҷоми кор онро бояд аз тариқи равзана берун бароранд, на аз дар.
Дар вилояти Суғду Хатлон ва водии Ҳисору Рашт мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз кӯрпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаҳоро поку озода мекунанд. Либосу курпаҳоро шуста, хушбӯ менамоянд ва ин амалро «хонабаророн» мегӯянд.

«ГУЛГАРДОНӢ» ВА «ХОНАГАШТАК»

Гулгардонӣ низ хоси мардуми ин манотиқ аст ва азбаски иқлими ин минтақаҳо аз Бадашон гармтар аст, то иди Наврӯз дар дашту саҳро гулҳои лола мерӯянд. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо анҷом додани анъанаи гулгардонӣ ба аҳли деҳ ва ё маҳаллашон хабар медиҳанд.


Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ-гурӯҳ ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои баҳорӣ: бойчечак, сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро шамида ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе минтақаҳо гандуму нахуд ҳадия медиҳанд.

Дар Бадахшон баъди хонагаштак, ки аслан ин расм ба мардуми Ишкошиму Мурғоб хос аст, гӯрӯҳ-гӯрӯҳ аҳли русто бо ҳам ҷамъ гашта, ба бозиҳои гуногуни шогунӣ чун лашбозӣ, мелак, тухмҷанг ва духтарон ба арғунчакбозӣ, қолбозӣ ва сангчабозӣ машғул мешаванд. Дар наврӯзгоҳ базми зебое меороянду рақсу бозӣ мекунанд. Дар ноҳияҳои Рушону Шуғнон ва Роштқалъа ба ҷойи хонагаштак бозии «Килоғуз-ғуз» мегузаронанд.

Мардуми Суғду Хатлон ҷашни Наврӯзро дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рӯдхонаҳо, ки бо номи идгоҳ ва ё сайргоҳ маъруф аст, таҷлил менамоянд. Дар ноҳияи Ашт ҷамъи занон дар боғу идгоҳ суманак ва дигар хӯрокҳои милливу наврӯзиро омода мекунанд. Дар ноҳияи Айнӣ арӯсонро бо кулчаву ширинӣ ба сайргоҳ мебаранд, инчунин миёни ҳар гузар мусобиқаҳо ва бозиҳои гуногун барпо мешаванд. Дар Суғду Хатлон ва водии Ҳисору Рашт бозиҳои наврӯзии хурӯсҷанг, аспдавонӣ, бандкашӣ ва бузкашӣ миёни мардон суръат мегирад. 

«ҶУФТБАРОРОН»

Ҷуфтбаророн анъанаи бостонии наврӯзӣ буда, дар тамоми минтақаҳо маъмул аст. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, оши палав пухта мехӯранд ва ба ҳаққи арвоҳи гузаштагон дуою фотиҳа мехонанд. Сипас ба сари замин рафта, ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемоланд ва ба сари онҳо орд мепошанд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии ҳосилро ифода мекунанд.


Пеш аз пошидани донаи гандум ба замин деҳқон дуои «Фатҳи кор, фатои рӯзгор, муборакатии Шогуни баҳор, як донаи шумо сад, сад донаи шумо ҳазор ва ҳазор донаи шумо бешумор»-ро мехонаду корро шурӯъ мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед