Ru  | Tj
Омӯзиши дизайни графикӣ дар Душанбе ба донишҷӯён ва паноҳандагони афғон
Омӯзиши дизайни графикӣ дар Душанбе ба донишҷӯён ва паноҳандагони афғон
Аксҳо: Halva.tj

Омӯзиши дизайни графикӣ дар Душанбе ба донишҷӯён ва паноҳандагони афғон

Нашр шуд

Бо иқдоми Намояндагии СММ оид ба рушди саноат (ЮНИДО), Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд бо мақсади рушд додани дизайни графикии молу маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи муштарак ба чанд нафар донишҷӯёни риштаи тарроҳӣ ва баъзе паноҳандагони кишвари Афғонистон дар Тоҷикистон курси омӯзишӣ ташкил карда шуд. Дар курси мазкур ба донишҷӯён мутахассисони соҳа аз нозукиҳои дизайни рақамӣ тадрис намуда, дар баробари нозукиҳои техникӣ, инчунин махсусиятҳои миллӣ дар маҳсулоти нассоҷиро низ омӯзониданд.


Дар доираи он чанде пеш ба омӯзандагони курси мазкур, яъне курси дизайни рақамӣ дар маҳсулоти саноати сабук, аз қабили маҳсулоти хоҷагидорӣ, ки донишҷӯёни риштаи дизайни кишвар ва паноҳандагони афғон буданд, сертификат тақдим карда шуд. Дар маросими тақдими сертификат инчунин омӯзандагони курси мазкур маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби мутахассисон ва донандагони соҳаи дизайни рақамӣ дар саноати сабук баҳои баланд гирифтанд. Сертификатҳоро ба омӯзандагони курси тарроҳӣ ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон Сарвиноз Ҷунайдова ва намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Илишев тақдим намуданд.


Омӯзандагон аз иқдоми мазкур ҷонибдорӣ карда, ба ташкилкунандагони он изҳори сипосгузорӣ намуданд. Чӣ гунае, ки дар рафти намоиши эҷоди омӯзандагони курси мазкур бармало гардид, онҳо тавонистаанд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ аз нозукиҳои ин соҳа бархӯрдор гардида, дар кори худ аз навовариҳои соҳа истифода баранд.


Сарвиноз Ҷунайдова ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон аз кори донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ карда, ба кори онҳо баҳои баланд дод ва гуфт, ки чунин иқдомҳо минбаъд пайваста роҳандозӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки то ҳол ин гуна курсҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Исфара гузаронида шуда, иштирокдорони он асосан донишҷӯён будаанд, ки дар он асосан кор бо нармафзори “Inkscape”-ро омӯхтаанд.


Ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон Сарвиноз Ҷунайдова дар ин бора бо мо чунин гуфт: 

“Дар ибтидо аз ҳисоби ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолкунандагон 8 гурӯҳ интихоб шуда буданд. Дар натиҷа 4 гурӯҳ курси пурраи тахассусиро аз ибтидо то сатҳи олӣ бомуваффақият хатм карданд, ки имрӯз онҳо метавонанд бо истифода аз абзорҳои тарроҳии рақамӣ коллексияҳои нави эҷодӣ ва консептуалиро ба таври касбӣ таҳия кунанд, ки он ба шуғл ё оғози тиҷорати онҳо мусоидат мекунад”.


Назифа Ҷонбекова, омӯзгори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайи Тоҷикистон мегӯяд, омӯхтани нармафзори inkscape кори тарроҳони графикии маҳсулоти саноатиро сабуктар мекунад, зеро то ҳол аксар маҳсулоти нассоҷӣ, дастӣ тарроҳӣ мешуданд ва аз ҷониби дигар вақти тарроҳон низ сарфа мешавад.


Дар иқдоми неки мазкур ҷанбаи аз ҳама муҳим ва авлавияти он ин ҷалби гурезаҳо ва паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба шуғл ва бо ин роҳ таъмини маишати зиндагии онҳо аст. Яке аз паноҳандагоне, ки ба омӯзиши санъати дизайни графикии маҳсулоти саноатӣ фаро гирифта шудааст, мегӯяд: 

“Мо ҳоло метавонем дизайни қолину болишт ва дигар маҳсулоти нассоҷиро мустақилона анҷом диҳем. Ҳатто дар шароити фосилавӣ иҷрои ин кор барои мо ҳеҷ мушкил надорад. Умедворем пас аз ин ҷои кор пайдо мекунем, зеро ба ин гуна мутахассисон талабот дар бозори меҳнати Тоҷикистон ва ҷаҳон зиёд аст”.


«Inkscape» — ин барномаи графикиест, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонии тарроҳӣ эътироф гардидааст ва он имконият медиҳад, ки хурдтарин ҷузъҳои маҳсулот коркард карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба саноати сабук дар раванди саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хос дорад ва аз ин рӯ, қадам ба қадам ин соҳаро тақвият мебахшад.


«Соли нав омад». Арчаҳои солинавии кишварҳои Осиёи Марказӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед