Ru  | Tj
Осиёи Миёна аз нигоҳи рассомони рус
Осиёи Миёна аз нигоҳи рассомони рус

Осиёи Миёна аз нигоҳи рассомони рус

Нашр шуд

Осиёи Марказӣ минтақаест, ки аз манзараҳои зебо бой аст. Водиҳои гул-гул шукуфта, биёбонҳои хушк, меъмории боҳашамати Темуриён, инчунин рангҳои аслии ҳаёти сокинони Осиёи Марказӣ кайҳост, ки диққати рассомони русро ба худ мекашанд.

Дар ин маҷалла мо тасмим гирифтем дар бораи чанд рассоме сӯҳбат кунем, ки онҳо дар наққошиҳои худ ҳаёт, зиндагӣ ва зебоии Осиёи Марказиро бо тарз ва услуби аҷиби худ тасвир кардаанд.

Василий Верешагин (1842 - 1904)

Вақте дар бораи рассомони Осиёи Миёнаро тасвир карда нақл мекунанд, Василий Верешагин ба назар мерасад. 

Ин рассоми машҳури рус дар асри 19 ва аввали асри 20 фаъолият намудааст ва  асарҳояш дар Галереяи Третяков нигоҳ дошта мешаванд.
AjbJbYwTFaE-min.jpg
mTEbtKxEN_Y-min.jpg

Александр Волков (1886 - 1957)

Боз як рассоми маъруф, ки зебоиҳои Осиёи Миёнаро таҷассум намудааст, маҳз дар давраи фаъолонаи Верешагин таваллуд шудааст. Александр Волков (1886 - 1957), ки асосгузори мактаби авангарди наққошии шӯравӣ дар Осиёи Миёна буд, тақрибан тамоми умри худро дар Тошканд гузаронд.
h2nUUNTUZzQ-min (1).jpg
VsE2SyleOmg-min.jpg

Алексей Бесперстов (1923 - 2001)

Дар кӯдакӣ, рассоми рус Алексей Бесперстов ҳамроҳи оилааш аз Русия ба Тоҷикистон рафт. Вай дар асарҳои худ муҳаббати худро ба ин кишвар, ба мисли хонаи худ инъикос кардааст. Манзараҳо ва портретҳои Бесперстов ҳам лирикӣ ва ҳам драмавӣ мебошанд, онҳо дорои пластикаи пуриқтидор ва хуссусияти мураккаб мебошанд. Услуби наққошии рассом бо интиқоли нозуки муҳити ҳаво хос аст.
TVDDOynkKv8-min.jpg
Qs0BwAnGifQ-min.jpg

Владимир Глухов (тав. 1961)

Барои шогирди Алексей Бесперстов Владимир Глухов мавзӯи Осиёи Марказӣ дар кори ӯ мавзӯи асосӣ шудааст. Дар хотираи рассом, Тоҷикистон сарзамини гарму офтобии меваҳо ва рангҳои хира боқӣ мемонад. Дар тасвирҳои ӯ афсонаи дуре зинда мешавад, ки персонажҳо хусусиятҳои гротеск доранд ва тарзи тасвир ба миниатураҳои шарқӣ ишора мекунад.
aOFBhr0NmhE-min.jpg
c6e07a0c0fce4c4629622296addb9518-min.jpg
Инчунин бояд гуфт, ки худи Осиёи Миёна ҳамеша аз истеъдодҳои ҳунарӣ бой буд. Замоне офарандагони бузург шоҳкориҳои майдони Регистони Бухороро зеб медоданд. Бешубҳа, хусусияти кори рассомони маҳаллӣ дар асарҳои рассомони рус низ инъикос ёфтааст. Ҳоло, шояд, тақрибан ҳар як кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ олами эҷодкорони миллии худро дорад.

"Кишвари манзараҳои зебо ва натюрмортҳои лазиз" - хусусиятҳои санъати муосири Тоҷикистон


Илья Гужев

Муаллиф

Илья Гужев

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед