Ru  | Tj
Оё медонед, ки аз шир ҳам нӯшокии спиртӣ истеҳсол мекунанд?
Оё медонед, ки аз шир ҳам нӯшокии спиртӣ истеҳсол мекунанд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Оё медонед, ки аз шир ҳам нӯшокии спиртӣ истеҳсол мекунанд?

Нашр шуд

Аз шири асп нӯшокие омода месозанд, ки дар таркиби худ спирт дорад. Ин нӯшокӣ дар баъзе ҷойҳо “қимиз” ном бурда мешавад. (қимиз - калимаи туркӣ)                  

Дар Тоҷикистон на ҳама дар бораи қимиз маълумот доранд, чун ин маҳсулоти ширӣ танҳо дар деҳаҳои дурдаст ба тарзи хонагӣ истеҳсол карда мешавад.

Ин нӯшокӣ бори аввал дар Юнон асри V омода карда шудааст. Вале он замон тарзи омадашавиашро махфӣ нигоҳ медоштанд ва шахсеро, ки ин сирро ошкор мекард, чашмонашро кӯр менамуданд.

Қимиз айни замон яке аз нӯшокиҳои миллии Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Ҳоло ин кишвар ҷашне бо номи “Қимизмурундуқ” дорад, ки ҳар сол онро ҷашн мегирад. Ин ҷашн дар миёнаҳои фасли тобистон ҳамчун ҷашни миллӣ аз дӯшидан то омодашавии қимиз давра ба давра ба таври намоиш ҷашн гирифта мешавад.

Дар расонаҳои Ӯзбекистон омадааст, ки қимизро на танҳо аз шири асп, балки аз шири гов низ омода кардан мумкин аст. Оиди нахустин маротиба омода шудани қимиз аз шири гов маълумотҳо гуногунанд. Дар яке фарқ накардани таркиби шири гов аз шири асп навишта шуда бошад, дар дигаре ин маълумот рад карда шуда, баръакс таркиби шири асп ба шири инсон монандӣ доштанаш, таъкид мегардад.

“Қимиз дарди чилсоларо бедор мекунад”

Гуфта мешавад, дар таркиби қимиз моддаҳое мавҷуданд, ки барои мағлуб кардани тағоякчаҳои сил кӯмак мерасонанд. Дар мамлакатҳои Осиёи Миёна беморхонаву осоишгоҳҳое мавҷуданд, ки бемории силро танҳо бо қимиз табобат мекунанд. Дар Тоҷикистон дар беморхонаҳои №1 ва №3-и ҷумҳуриявии бемориҳои сил, шифохонаи бачагонаи Тангаӣ фаъолият дорад.

Дар минтақаҳое, ки қимиз истеҳсол карда мешавад, фарзияе ҳаст гӯё “қимиз дарди чилсоларо бедор мекунад”. Бактерияҳоеро, ки дар организми инсон чандсолаҳо зиндагӣ дораду аммо пинҳонанд, фаъол мегардонад..

Усулҳои омодакунии қимиз

Қимиз нӯшокии газнокест, ки хоҳ дар хона, хоҳ дар шароити кӯҳӣ тарзу усулҳои махсуси омодкуниро дорад. Аҷибии ин дар он аст, ки барои омодакунӣ ва нигоҳдории ин нӯшокӣ ҳатто зарфҳои махсус мавҷуданд. Ин зарфҳо танҳо барои ин нӯшокӣ истифода бурда мешаванд. Зарфҳо аз чӯби арча омода карда мешаванд ва ҳатто пеш аз ба зарф рехтани қимиз онро бо барги арча дуд мекунанд. Дар ҳолати ин амалҳоро иҷро накардан, қимиз бӯй карда, турш мешавад. Омодашавии ин нӯшокӣ ҳафтаҳоро талаб мекунад. Қимизи тайёр нӯшокии кафкдорест, ки таъм ва бӯйи спирт дорад.

Тарзҳои истифодабарии қимиз:

1.         Қимизи тайёрро дар ҳарорати 8-9 дараҷа гармӣ дар ҷойи торик то 2-3 рӯз нигоҳ доштан мумкин аст;

2.         Қимизи хубтуршонидашуда ҳамчун нӯшокии қувватдиҳанда истеъмол карда мешавад;

3.         Дар ҳолатҳои беқувватӣ, камхунӣ, хастагиҳои ақлӣ ва ҷисмонӣ кам-кам дар вақтҳои муайян нӯшидани қимиз тавсия дода мешавад;

4.         Дар ҳолатҳои гирифтор шудан ба сактаи дил, гипертония, табъи баланд, зиёд шудани шираи меъда ва монанди ин бемориҳо нӯшидани қимиз зараровар аст;

5.         Дар бемориҳои марбут ба илтиҳоби гурда, ҷигар, фарбеҳӣ, диабет ва ғайра қимизро бояд бо тавсияи табиб истеъмол кард;.

6.         Ба меъёри кам нӯшонидани қимиз ба кӯдакон ҳар рӯз пеш аз истеъмоли таом фоидаовар буда, ба кушода шудани иштиҳои онҳо кӯмак мерасонад ва ба онҳо нерӯи тоза мебахшад;

7.         Пас аз хӯроки шом истеъмоли қимиз тавсия дода намешавад.





Рушди сайёҳӣ дар Бадахшон: аз ёдгориҳои қалъа то чашмаҳои шифобахш


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед