Ru  | Tj
Оё медонед, тасвиргари шер дар харитаи Тоҷикистон кист? Ӯ аслан рӯзноманигор аст. Ҳарфҳои ҷолиби Неъматулло Акбар
Оё медонед, тасвиргари шер дар харитаи Тоҷикистон кист? Ӯ аслан рӯзноманигор аст. Ҳарфҳои ҷолиби Неъматулло Акбар
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Оё медонед, тасвиргари шер дар харитаи Тоҷикистон кист? Ӯ аслан рӯзноманигор аст. Ҳарфҳои ҷолиби Неъматулло Акбар

Нашр шуд

Ҳодисаву воқеаҳои рӯзҳои охир, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯй дода буд, ҳеҷ яке аз шаҳрвандони ҷумҳуриро бетараф нагузошт. Махсусан, қишри эҷодкору зиёии кишвар дар қатори муҳофизони шуҷои Ватан намунаи хуби шеъру сурудҳои ватандӯстона, тасвиру шиорҳои гуногуни рӯҳбаландкунанда ва мақолаҳои зиёди илмию таърихӣ бар асоси факту далелҳои раднавшанда офариданд. Ин худ як навъи муборизае буд бар зидди ғосибону таҷовузкорон. Дар ин миён мусавварае, ки дар он шери хашмгин дар шакли харитаи Тоҷикистон тасвир ёфта буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳбубияти бештаре пайдо кард ва ҳатто ба як шиоре табдил ёфт, ки мардумро ба сарҷамъию муттаҳидӣ даъват мекард. Вале аз рӯи мушоҳидаҳо аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кӣ будани муаллифи ин мусаввара огоҳ нестанд. Мо барои бо ин нафар шиносоӣ пайдо кардан рӯ овардем ба сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик.

Бале, ин нафар муовини сармуҳаррири сарредаксия – Неъматулло Акбар аст. Ӯ дар ин даргоҳ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дорад. Неъматулло хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ӯ нахуст дар бораи мазмуну муҳтавои мусаввара ва чӣ тавр офарида шудани он сӯҳбат кардем. Неъматулло дар ин хусус хоксорона вале, бо эҳсосот ҳарф мезад.


Шер – рамзи қудрат

Ба гуфтаи ӯ шер ҳамчун рамзи давлатдорӣ таърихи қадима дорад. 

“Инро мо дар даврони гуногуни таърихи Эрони қадим ҳам диданамон мумкин аст: шери болдор, шере, ки дар дасташ шамшер дорад ва шери тоҷдор. Ин гуна тасвирҳоро ҳатто дар муҳрҳо ва сиккаҳои давлатҳои қадими тоҷикон метавон дид. Яъне шер ҳамчун як рамз ё намоди давлатдорӣ чизи нав нест. Ҳатто ибтидои солҳои 90 – ум ҳам дар нишони давлатии Тоҷикистон шери болдоре, ки ба қафо менигарист, тасвир ёфта буд”, мегӯяд Неъматулло Акбар.

Тасвир чун як сухани мусаввар аст ва шеър тасвирест, ки калом дорад. Шеър мусаввараест бо ҳарф ва тасвир ҳарфест ба шакли мусаввара. Вале Неъматулло Акбар мусаввараи худро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр маъруфият пайдо кард, танҳо шабеҳи харитаи Тоҷикистон медонад. Яъне агар дар дигар давраҳо, дар дигар давлатҳо шер ҳамчун рамзи қудрат ё давлатдорӣ тасвир шуда бошад, дар ин расми охир шер фақат барои монанд будан ба харитаи Тоҷикистон наққошӣ шудааст. Барои ҳамин ҳам ин шер тоҷ надорад, бол надорад, дар дасташ шамшер ҳам надорад. Танҳо дар як ҳолате истодааст, ки бисёр монанд ба харитаи Тоҷикистон аст. Тахайюлоти инсон тавре офарида шудааст, ки дар ҳар чиз нақшеро меҷӯяд. Ба фикри ӯ “Ин қобилият дар ҳама ҳаст. Масалан, мо дар хурдсолӣ рӯи қолин, девор, парда, дарахтон ё абрҳо нақшҳоро мекофтем ва онҳоро ба чизе монанд мекардем. Дар масъалаи тасвири харита ҳам шояд чунин бошад. Чун Аврупоро ба як гурбаи бо тӯб бозӣ кардаистода, Италияро ба мӯза, Британияро ба як духтарак монанд мекунанд”.


Ҳамеша харитаи Тоҷикистонро ба шери хашмгин монанд мекардам...

Тавре Неъматулло мегӯяд, харитаи Тоҷикистонро ба шери хашмгине, ки ба пас менигарад, хеле солҳо инҷониб хаёлан монанд мекард. Аммо воқеаҳои охир ин тасаввуроти ӯро аз нав зинда кард ва ӯ дар он шабу рӯз бо як эҳсосоти баланд тасвири дар зеҳнаш чархзанандаро рӯйи қоғаз овард. 

“Харитаи Тоҷикистонро дар шакли шер тасвир кардам ё баръакс гӯем, шерро дар сояи харитаи Тоҷикистон. Даҳону дандони шер ба таври автоматӣ дар рости минтақаи Ворух тасвир шуд. Ин расм паёме дошт, бо ин ки ҳеҷ матне надошт. Бидуни шарҳу тасвир тавонист як нишоне бошад ва инро дӯстони ман зуд дарк карда, бо баробари дар саҳифаи худ гузоштанам, ба тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд”.

Чизи ҷолиб ин аст, ки харитаи Тоҷикистонро на танҳо ӯ, балки бисёре аз дӯстону корбарони шабакаҳо ҳам ба ин шакл тасаввур мекардаанд. Баъди расонаӣ шудани мусаввара ба Неъматулло менавиштаанд, ки ҳар вақте ки ба харитаи Тоҷикистон нигарем, як шери шарзае, ки ба қафо нигоҳ дорад, дар хаёлотамон тасвир мешавад.

“Фикр мекунам фақат ман дар тасвири он каме пешдастӣ кардам, чун бисёриҳо чунин андешаро доштаанд. Шояд маҳбубияти расм дар он буд, ки на супоришӣ буд, на касе маро муваззаф карда буд. Дар он шабу рӯзҳо, ки таҳти эҳсосоти қавие қарор доштам, онро тасвир кардам” – ӯ ғарқи хаёлот нақлашро идома дод.


Мусаввара бе ҳақи муаллифӣ

Мусаввараи Неъматулло Акбар дар чор вариант дар интернет паҳн шуд. Намунаи аввалаш мисли як пешнигора ё пешнавис буд, ки ӯ дар саҳифааш гузошта буд. Дар он шере акс ёфта буд, ки дар даҳонаш лошахӯреро медошт. Баъди дар шабакаҳо паҳн шудани он Неъматулло аз сари нав ба тарзи дигар ин расмро кашид ва рӯзи дигар онро нашр кард. Ин тасвир бештар нашру бознашр шуд. Вале аҷиб ин ки ӯ аз ҳуқуқи муаллифии ин мусаввараҳо даст кашид.

“Дар шарҳи мусаввара навиштам, ки ман ҳатто дар он имзои худро намегузорам, яъне аз ҳаққи муаллифӣ даст кашидам. Ин ба маънои ягон маблағ ё ҷоиза ба даст овардан не. Маъмулан рассомон зери асари худ имзои мустаор ё номи хонаводагии худро мегузоранд, то маҳсули дасташон агар дар ҷое нашр шавад, ишора шавад, ки муаллифаш кист. Ман гуфтам, ки ин расм ба тамоми миллат тааллуқ дорад ва агар шумо аз он паёме дарёфтед, ҳамин ҷоизаи беҳтарин баҳри ман аст”.

Неъматулло чи тавр зуд паҳн шудан, дархостҳои дӯстии нав ва паёму изҳороти некии ба саҳифааш воридшударо ёдовар шуда, аз нуктасанҷӣ ва муттаҳидии халқи тоҷик изҳори хурсандӣ кард. 

“Ман дар посту историяҳо ва аксу зераксҳои саҳифаҳои онҳо ин тасвирро медидам. Ин як рамз ё шиори муттаҳидӣ ва муқовимат буд. Бароям гуворо буд, зеро ҳама паёми тасвирамро дарёфтанд”.


Мусаввара таҳқир надошт, вале танҳо ғоратгарон аз он худро таҳқиршуда мепиндоранд...

Неъматулло Акбар чунин меҳисобад, ки дар мусаввара ҳеҷ давлате ё шахсияте таҳқир нашудааст. Номи ягон кишваре навишта нашудааст ва ёд ҳам намешавад. Ӯ мегӯяд, баръакси ин расми дуюм, ки дар он шер бо либоси низомӣ, дар дасташ кӯрмуш ё худ як ҳайвони хояндаро дошта истодааст, каме баҳсбарангез шуд. 

“Ман онро замоне тасвир карда будам, ки баҳсҳои марзӣ ба занозаниҳо табдил ёфта буданд. Як нафар дӯстам ба худам навишт, ки ин расм таҳқир аст. Ман гуфтам, дар куҷои ин таҳқирро дарёфтӣ. Ҳол он ки он ҷо номи ҳеҷ кишваре дарҷ нашудааст. Ҳар кишваре, ки худро кӯрмуши дасти он шер меҳисобад, бигзор онро ба худ ҳамчун таҳқир қабул кунад. Паёми ин расм рӯирост буд. Мо ҳеҷ кишвареро таҳқир намекунем, вале ҳар давлате агар ба марзу хоки Тоҷикистон ворид шуду таҷовузкорӣ кард, ҳамин гуна хоҳад буд. Ҳар касе худро бо дидани ин расм таҳқиршуда ҳисобад, худ иқрор мешавад, ки таҷовузкор аст”.

Неъматулло аз амали баъзе дӯстони хушзавқаш, ки он тасвирро гирифта вироиш кардаанд, бо хушнудӣ ёдоварӣ кард. 

“Ранга карданд, дар ҷойе зерманзар (фон) гузоштанд, харитаро бо се ранги парчам ороиш доданд. Ду – се варианти дасткоришудаи расмро ҳам дар интернет вохӯрдам, аммо ман аз касе барои ин заррае малул нестам”.


Рассоми бедиплом

Мо пас аз сӯҳбати ҷолиб дар атрофи офариниши мусаввараи овозадор хостем бо дигар намунаҳои эҷоди Неъматулло Акбар шиносоӣ пайдо кунем. Вале ӯ ғайричашмдошти мо худро рассоми ҳирфаӣ ҳисоб накард. Расмкаширо шуғли дӯстдоштааш номид ва гуфт, ки гоҳ – гоҳе вақти орӣ будан аз кор ғарқи андеша, нохудогоҳона рӯи қоғаз тасвире меофарад. Рассоми касбӣ набудани худро бо далели дар омӯзишгоҳ ё мактаби рассомӣ таҳсил накарданаш ва нозукиҳои ин касбро аз худ нанамуданаш асоснок кард.

“Ман ҳеҷ гоҳ дар фикри таҳсилоти олии рассомӣ гирифтан набудам. Расмкаширо ҳамеша чун як шуғл медонам. Ҳар гоҳ, ки илҳом пайдо шуд, қаламу қоғаз гирифта расм мекашам. Аксаран нохудогоҳона тасвир мекунам, яъне баъди ба анҷом расидани тасвир мебинам, ки расми чиро кашидам. Вале то имрӯз расмкашӣ мекунам”.

Агар мо гуфтаҳои ӯро бо амалаш муқоиса намоем, хоксор будани ин шахсро дарёфта метавонем. Зеро дастовардҳои ӯ дар ин ҷода ҳанӯз аз замони мактабхониаш хеле назаррас будаанд. Тавре худи ӯ нақл мекунад, “Соли 2001 ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна маро аз ҷониби муассиса ба фестивали байналмилалии “Ситораҳои Иссиқкӯл” пешниҳод намуданд. Баъди чанде ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафта, дар озмуни мазкур иштирок кардам. Пас аз ғолиб омадан дар ин озмун дар ҷамъбасти фестивал аз Марям Акаева, ҳамсари собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон китобе бо номи “Ситораҳои илм” – ро тӯҳфа гирифтам. Ин озмун бароям ҳавасмандӣ ва такони ҷиддие бахшид, ки рассомиро идома диҳам”.


Дар кӯдакӣ бо бӯру гил расм мекашидем, имрӯз “Гулистон” – и Саъдиро наққошӣ кардем...

Чун сӯҳбати мо хотираҳои кӯдакии Неъматуллоро варақгардон кард, ӯ баъзе лаҳзаҳоро бо ҳасрат ва баъзеи дигарро бо эҳсосу шавқ нақл мекард. “Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадам. Се бародар ва чор хоҳар дорам. Бародарон ҳама соҳиби маълумоти олӣ – ду нафар ҳуқуқшинос ва як нафар омӯзгори химия ва биология. Хоҳаронам бо сабаби замони нотинҷӣ натавонистанд таҳсилоти худро идома диҳанд”.

Ба гуфти ӯ рассомӣ дар вуҷуди ҳар яки аъзоёни ин оила буд, вале дар дили Неъматуллои хурдсол меҳри беандозае нисбати ин ҳунар шуъла дошт. “Расмкашӣ мисли як беморӣ ё одат аз хурдсолӣ дар ман пайдо шуда буд. Ҳар чизе, ки ба он хат кашида мешуд ва ҳар ҷойе, ки болои он хат кашида мешуд, ман аз он истифода мекардам. Махсусан, дар он солҳое, ки мо кӯдак будем, чун замони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он буд, қаламу қоғазу худкор (ручка) хеле камёфт буд. Чӣ расад ба гуашу акварел, ки пас аз донишҷӯ шуданам фаҳмидам, ки ҳамин хел чиз ҳаст”. Воқеан, замоне, ки мардум ба фикри нону намак буданд, ин чизҳо шояд сеюм – чорумдараҷа буданд. Неъматулло ғарқаи хаёлоти кӯдакӣ аз мушкилиҳои дар он давра доштаи кӯдакони он давра, ки ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост меомад, ёдовар шуд ва онро бо шароити замони имрӯза қиёснашаванда номид.

“Ман одат карда будам, ки бо буру гил ба дару девору дарахт расме кашам. Бештари вақт нохудогоҳ ин корро мекардам. Агар ручкаю қалам ёфтам, дар китобу дафтари бародару хоҳаронам ё газетаҳо тасвир мекашидам. Борҳо сарзаниш мешунидам, вале ҳар дафъа ин кор такрор меёфт. Рӯзе шуд, ки қаламе наёфтам ва моддаи нӯги гӯгирдчӯбро ба об тар карда рӯи газета расм кашидам. Модарам ин ҳолро дида гуфта буд: “Эй кош ҳамин ҷангҳо намешуданду бачаи ман қаламу қоғазе медошту рассом мешуд”. Ҳоло он рӯзҳо ба назар мисли афсона менамоянд. Дар мағозаҳо ҳазорон намуд қаламу қоғазу асбобҳои рассомӣ ҳастанд”.

Ӯ дар замони донишҷӯиаш низ бо ҳунари худододаш байни дигарон шӯҳрат доштааст, вале ҳоло ба мо дар бораи як кори кардааш нақл кард, ки худаш ҳам то андозае аз он хушҳол аст. “Баъди ба кор ба Энсиклопедияи миллӣ омаданам, китоби “Гулистон” – и Саъдӣ Шерозиро ману ҳамкорам, рассом Сайёра Имадинова бори аввал пурра мусавварасозӣ кардем, ба ҷузъ аз як бобаш, ки панду андарз буд ва сюжети хос надошт. Ин китоб дар Тоҷикистон бо ду хат – сириллик ва форсӣ чоп шуд ва аз ҷониби тамоми форсизабонони дунё хуш қабул гардид”. Неъматулло Акбар, инчунин аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, таҳти роҳбарии устод Нурмаҳмад Амиршоҳӣ кори илмиашро дар мавзӯи “Ҷангафзорҳо ва ороиши сипоҳи давраи Сомониён” ҳимоя карда истодааст. Ӯ дар асоси ин мавзӯъ чандин воқеаҳои таърихии асримиёнагиро бо такя ба артифактҳо, маводи осорхона, деворнигораҳо ва манобеи хаттии аввалия бознигорӣ кардааст. 

“Ҳоло бо тавсияи устод афзорҳои ҷангии тоҷиконаро бознигорӣ карда истодаам” – гуфт ӯ.

Дорандаи ду дипломи журналистӣ

Тавре дар аввал ёдовар шудем, Неъматулло Акбар хатмкардаи факултети журналистика ҳаст. Ин маълумот барои мо ҳам ногаҳонӣ буд ва ҳайрати моро пай бурда, Неъматулло аз солҳои тиллоии ҳаёташ қисса кард. Ба гуфти худаш дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил карданро ҳам ҳеҷ гоҳ фикр накардааст. “Чун дар мактаб аъло мехондам, муаллими фанни ҳуқуқ мегуфт, ки бояд ҳуқуқшинос шавам, муаллими фанни химия мегуфт, ки бояд духтур шавам. Дар хона ҳам ташвиқ мекарданд, ки ё духтур ё ҳуқуқшинос ва ё рассом мешавӣ. Вале ман ҳеҷ дар симои худ намояндаи ин касбҳоро тасаввур карда натавонистам. Ба фанҳои риёзӣ бошад, он қадар майл надоштам”. Ҳамин тавр, замони ҳуҷҷатсупорӣ ба мактаби олӣ ду бародараш, ки дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил карда будаанд, мегӯянд, ки ҳар касберо, ки завқ дошта бошӣ, интихоб кун. Бо мусоидати онҳо Неъматулло ба факултети журналистика ва тарҷумонӣ (ҳоло факултети журналистика) ҳуҷҷат месупорад.

“Баъди дохил шудан хурсанд ҳам шудам, ки ин касбро интихоб кардам. Ман ин касбро дӯст доштам. Хотираи фаромӯшношудание дорам аз рӯзи ҳимояи кори курсӣ, ки он ҷо профессор Иброҳим Усмонов кори маро таъриф карда, гуфта буданд: “Тӯли чанд соли охир ин гуна ҳимояро надида будам”. Ман ин даргоҳро бо баҳои аъло хатм кардам”.

Соли 2020 Неъматулло дар асоси барномаи Ҳамкории фаннӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC Programme) дар бахши рӯзноманигори пешрафтаи Донишкадаи иртиботи оммавии Ҳиндустон (Diploma Course in Development Journalist at Indian Institut Of Mass Communicftion, IIMC) ба муддати 4 моҳ миёни донишҷӯёни 20 кишвари дунё таҳсил карда, соҳиби дипломи ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар рафти таҳсил дар маҷаллаи машҳури “Эко”-и ин донишкада расмҳои тасвирнамудаи Неъматулло дар шакли карикатура чоп мешудаанд.

Рӯзноманигор ҳамеша рӯзноманигор мемонад...

Сӯҳбати мо дар доираи фаъолияти рӯзноманигории Неъматулло печид. Ӯ аз ҳамкорӣ бо нашрияҳо дар замони донишҷӯӣ ва имрӯза корҳояш ҳарф зад. Тавре худи ӯ ёдовар шуд, замони донишҷӯӣ ва пас аз он бо “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Илм ва ҳаёт” ва баъзеи дигар нашрияҳои хусусӣ ҳамкорӣ доштааст. Вале ҳоло танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависад. “Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо ҷойи ҳама чизро гирифтаанд. Агар ягон назаре дошта бошем, он ҷо менависем. Баъзеи онҳоро гирифта, дар сомонаҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо чоп ҳам мекунанд”. Сабаби дигари бо нашрияҳо ҳамкорӣ накарданашро ӯ ба маводи илмию таърихӣ таваҷҷӯҳ кардан ва асосан ба донишноманигорӣ машғул буданаш медонад. 

Вале Неъматулло мегӯяд: “Рӯзноманигор новобаста ба он, ки дар куҷое фаъолият набарад, ҳамеша рӯзноманигор мемонад ва ба ҳар шакле метавонад мавқеи худро нишон диҳад. Ман ҳам аксаран рӯйдодҳо ва воқеаҳоро ба тарзи карикатура, шарж ё танз тасвир карда, дар саҳифаи худ мегузорам. Масалан, чанд вақт пеш дар кадом ноҳия дарахтонро атласпӯшу чаканпӯш карданд ва ман вобаста ба ин ду дарахте тасвир кардам, ки яке “либос” дораду дигаре бо шохаҳояш худро панаҳ карда истодааст”.


Мехоҳам рассоми замонавӣ бошам...

Сӯҳбати мо дар айни авҷи худ боз ба сари мавзӯи ҳунари рассомии Неъматуло омад. Ӯ нақшаву нияти худро дар хусуси такмили шуғли писандидааш ба мо ошкор кард: 

“Ҳоло агар фурсат даст диҳад, ба хотири эҳё кардани афзорҳои таърихӣ бисёр мехоҳам ҳунари рассомиамро такмил диҳам. Мехоҳам онҳоро на танҳо бо қаламу қоғаз, балки дар шакли муосир – бо компютер барқарор созам. Имрӯз дар бисёр давлатҳо ҷиҳозҳои таърихиро дар асоси деворнигораву артифактҳо ва дигар манбаъҳои таърихӣ бо компютер бознигорӣ карда, бо принтер шакли 3D – и онро месозанд. Ман ҳам чандин мусаввараҳоро бо гилу пластилин ба шакли барҷаста сохтам, вале фикр мекунам бо замона ҳамқадам шуданамон лозим аст”.

Қиссае аз Ҳиндустон...

Дар поёни сӯҳбат Неъматулло Акбар иқрор шуд, ки архиви махсуси тасвирҳояшро надорад ва аксари онҳоро ба дӯстонаш ҳадя мекунад. Он тасвирҳое бо ӯ мемонанд, ки хотирае бо худ доранд ё барояш бисёр мақбуланд. Неъматулло расмеро аз маҷалла ба мо нишон дода, аз таърихчаи тасвири он қисса кард: 

“Вақте дар Ҳиндустон 23 донишҷӯ аз 20 кишвари дунё таҳсил мекардем, гурӯҳи мо як маҷалла таҳия кард. Одатан дар саҳифаи мобайни ин маҷалла донишҷӯён ягон акси дилхоҳи худро мемонанд ва ин саҳифа ҷудо аз маҷалла меистад. Дар як тарафи ин варақ акси гурӯҳиро гузоштем ва бо хоҳиши шарикдарсон дар тарафи дигараш сурати ҳамаи ҳамкурсонро ба таври карикатурӣ тасвир кардам. Ин расм ба ҳамсабақон мақбултар афтид аз аксе, ки бо дастгоҳи суратгирӣ гирифта будем”.

Ин буд қиссае аз рӯзгори муаллифи мусаввараи шере дар харитаи Тоҷикистон, ки дар воқеоти охири марзӣ ҳамчун як идеяи миллӣ дониста шуд.



Дар Душанбе ба рӯзноманигорони навкор дар бораи анатомияи фейкҳо гуфта шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед