
Паёми филми "Зафар". Оё метавон аз мазҳака ҳам дарс гирифт?
Нашр шуд
Филми коргардони фаронсавӣ Эммануэл Куркол бо номи "Зафар" (Un triomphe) аз рӯи хулосаи Академияи синамои Аврупо беҳтарин мазҳака дар соли 2021 эътироф шудааст.
Нақшҳои асосиро дар он Кад Мерад, Дэвид Айала, Ламин Чиссоко, Софиан Каммес, Пйер Лоттен, Вабинле Набйе, Александр Медведев, Саид Беншнафа, Марина Хэндс ва Лоран Стокер иҷро кардаанд. Жанри филм драма ва мазҳака буда, давомнокии филм 105-дақиқаро ташкил медиҳад.
Филм тарғибгари муборизаю талош, ноумед нашудан, орзу кардан ва ба амалӣ гаштани орзуҳои худ бовар доштан мебошад. Ҳамчунин филм ба бинанда таъкид мекунад, ки ягон коре нест, ки ғайриимкон бошад.
Филм дар бораи ҳунарманд Этен Карбонӣ (Кад Мерад) нақл мекунад. Карбонӣ аз ҷихати касбу ҳунар чизе барои фахр кардан надорад. Ӯ на дар зиндагӣ ва на дар кори худ муваффақ аст. Фақат чанд акси қадима аз намоишномаҳое дорад, ки дар онҳо нақши асосиро иҷро кардааст.
Этен ба наврасони душвортарбия дарсҳои маҳорати актёрӣ медиҳад. Зани собиқи ӯ ҳунарпеша аст, вале Карбонӣ ба тамошои намоишҳои ӯ рафтан намехоҳад. Он чизе, ки байни онҳо рух додааст, дар филм намоиш дода намешавад, аммо ҳасад дар ин ҷо вуҷуд дорад. Чунки Карбонӣ се сол боз ба саҳна набаромадааст.
Карбонӣ бисёр серталош буда, барои ҳеч чиз вақт надорад. Вай хатто мошин надорад ва бо автобус мегардад. Аммо маҳрумият Карбониро намешиканад. Ӯ ба ҳайси мудири студияи театрӣ дар зиндон ба кор шурӯъ мекунад ва қарор медиҳад, ки бисёр сахтгир ва ҷиддӣ муносибат кунад. Сарфи назар аз он ки раиси зиндон Ариана (Марина Андес) ба ӯ ҳушдор медиҳад, ки палатаҳои ҳозираи ӯ аз наврасони душвортарбия фарқ мекунанд, вале Карбонӣ ба ин бовар намекунад ва мегӯяд, ки инҳо ҳамон кӯдакон ҳастанд, фақат дар синну соли калонтар.
Карбонӣ барои тими худ нафаронеро интихоб мекунад, ки ҷинояти вазнин содир кардаанд ва иҷозати вохӯрӣ кардан бо наздикони худро надоранд. Этен баъд аз андешаи зиёд ба хулосае меояд, ки аъзои даста пйесаи Самюэля Беккета «Дар интизори Годо»-ро бояд иҷро кунанд. Ҳайати даста аз фаронсавӣ, араб, сиёҳпӯст (Дэвид Айала, Ламин Чиссоко, Вабинле Набиер, Пйер Лотен) ва ҳатто як рус (Александр Медведев) иборат аст.
Дар аввал маҳбусон Этенро масхара карда механданд ва нақшаҳои ӯро дар мавриди омода кардани намоишнома ғайриимкон медонанд. Вале Этен онҳоро бовар мекунонад, ки ҳама кор шуданӣ аст, агар инсон худаш хоҳиш дошта бошад.
Ҳамин тавр, Этен ҳар рӯз бо ҳунармандони зиндонии худ кор мекунад. Боре аз он ки маҳбусон матни намоишномаро аз худ накардаанд, ранҷида меравад. Вале Ариана ӯро бо занги меҳрубонона бармегардонад.
Пеш аз нахустнамоиш, ки дар театри калон бо ҷамъомади зиёди мардум сурат мегирад, яке аз ҳунармандон Камел (Софиан Каммес), ҳамсафари муаллифи пйеса нопадид мешавад. Этен аз ин ҳол ғамгин мешавад, чунки вай матни худро хуб медонист. Ариана фикр мекунад, ки Камел гурехтааст. Ҳама хавотир мешаванд ва ҳатто бинандагони филм. Вале ин ҳолат дер давом намекунад ва маълум мешавад, ки Камел худро дар хонаи либоспӯшӣ маҳкам карда, аз он сабаб хашмгин шудааст, ки писарашро собиқ занаш ба нахустнамоиш наовардааст.
Намоиш хуб мегузарад ва баъди баргаштани маҳбусон ба зиндон Карбонӣ аз театри Одеон даъватнома мегирад. Барои иҷозат гирифтан Этен на танҳо Ариана, балки як судяи сахтгирро низ розӣ мекунад. Судя дар аввал аз вайрон кардани конун даст мекашад, вале баъд диски сабти намоишномаро гирифта, бо завқ тамошо мекунад.
Ин навбат ҳамаи хешовандони ҳунармандон (бародарон, занҳо ва фарзандон) ба театри Одеон меоянд. Ҳамчунин Ариана бо довар ва хатто вазири адлия ба намоиш ташриф меоранд.
Маҳз дар ҳамин қисмати филм бинанда метавонад дар бораи чӣ будани ғалаба фикр кунад. Этен Карбонӣ як хунарманди бадбахт, ки дар Лион зиндагӣ мекард, ҳеч вақт фикр намекард, ки рӯзе дар сахнаи Одеон бошад ва кафкӯбиҳои мухлисонро шунавад, вале такдир ба ӯ ин имкониятро дод.
Дар як саҳнаи филм посбони амниятӣ, ки гурӯҳро дар сафар ҳамроҳӣ мекард, кӯшиш мекунад ба Карбонӣ бигӯяд, ки ҳунармандонаш чӣ гуна ҷиноят содир кардаанд, аммо Этен гӯш карданро рад мекунад. Ӯ мехоҳад, ки бачаҳои худро хуб бубинад ва бидуни ягон нафрату кина бо онҳо суҳбат кунад. Худи Куркол ҳам ба ҷиноятҳо таваҷҷуҳ намекунад, чунки дар ин сурат ҳамдардӣ кардан бо маҳбусоне, ки ба зиндон баргашта истодаанд, душвор мешавад.
Филмномаи "Зафар" дар пояи достони воқеии шветсиягӣ навишта шудааст, ки дар он ҳунарманд Ян Ҷонсон як гурӯҳи маҳбусонро аз зиндони низомаш сахт ҷамъ овардааст. Ҳамчунин он ба филми мустанади Кирилл Серебренников, ки «Театр дар зиндон» ном дорад ва дар бораи коргардони англис бо махбусони колонияи Перм нақл мекунад, монанд аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед