Ru  | Tj
"Пойафзордӯзӣ рӯзгорамро рангин кард". Қиссаи зане, ки бо дирафшу ресмон ризқ меёбад
"Пойафзордӯзӣ рӯзгорамро рангин кард". Қиссаи зане, ки бо дирафшу ресмон ризқ меёбад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

"Пойафзордӯзӣ рӯзгорамро рангин кард". Қиссаи зане, ки бо дирафшу ресмон ризқ меёбад

Нашр шуд

Миёни аҳолӣ фаъолияти корӣ ва касбу ҳунар ба ду гурӯҳ тақсим шуда, чанде аз фаъолияту ҳунарҳоро ба мардон ва қисме аз касбҳоро ба занон вобаста медонанд. Аз рӯйи ин гурӯҳбандӣ пойфзордӯзӣ ҳамчун касби мардона дониста шудааст, зеро ба ин касб бештар мардон машғул мешаванд.

Шаъмигул Амруллозода, сокини 32-солаи шаҳри Бохтар бар хилофи ин гурӯҳбандиву тақсимоти касбу ҳунар амал карда, кафшдӯзиро интихоб кардааст. Ӯ дар шаҳри Бохтар ягона занест, ки бо дирафшу ресмон кор карда, аз ин ҳисоб рӯзгорашро пеш мебарад.

"КАСБУ ҲУНАР НАБОЯД ЗАНОНАВУ МАРДОНА БОШАД"

Шаъмигул ин ҳунарро ҳанӯз дар синни 10-солагӣ аз ҳамсояашон омӯхта, мехост ба кафшдузӣ машғул шавад. Аммо волидону наздиконаш ба хоҳиши ӯ розӣ нашуданд. Дар баробари ин ҳамсинфон ба интихобаш бо тамасхур бархурд мекарданд.

"Ҳангоми наврасӣ ба пойафзордӯзии ҳамсоя диққат дода, суолҳои зиёд медодам. Рӯз аз рӯз ин ҳунар таваҷҷуҳамро бештар ҷалб мекард. Боре яке аз кафшҳои худро бо риштаву сӯзани одӣ дӯхтаму ба ҳамсояамон нишон додам. Ӯ аввал заҳматамро таъриф карду баъдан камбудҳоямро гуфт. Ба ман дирафшу ресмон дода, барои дуруст  омӯхтани ин касб кумак кард. Дар хона пойафзорҳои худу наздиконамро медӯхтам. Хостам дӯкони пойафзордӯзӣ кушода, ҳунарамро идома диҳам. Аммо волидонам иҷозат надоданд ва гуфтанд, ки ин ин ҳунари мардона асту барои ман мувофиқ нест. Дигар наздикон ва ҳамсояву ҳамсинфонам низ барои ин ҳунарам тамасхуру шухиҳои беҷо мекарданд, аммо ба анешаи ман дар фаъолияти касбӣ ва омӯзиши ҳунар набояд маҳдудияте бошад, аз рӯйи ҷинсият тақсимбандии касбу ҳунар дуруст нест, зеро ҳар нафар интихоб ва шавқу рағабати худро дорад", - гуфт ӯ.

Баъд аз ин Шаъмигул танҳо дар муҳити хона ва барои хонавода кафшдӯзӣ мекард. Волидон ӯро баъди хатми синфи нуҳум ба шавҳар доданд. Ба қавли худи ӯ, ҳамсараш майнӯшӣ карда, пайваста ӯро латукӯб мекард. Баъд аз таваллуди фарзанди севум Шаъмигул аз азияти шавҳар хаставу бемор гашта, ба хонаи волидон бармегардад.

"Мехостам таҳсилро идома дода, соҳибкасб шавам, аммо бо хоҳиши падару модарам оиладор шудам. Носозгориҳои зиндагии хонаводагӣ қариб аз ҳаёт маҳрумам кард. Ба хотири солимии худу ояндаи неки фарзандон аз ҳамсар ҷудо шуда, ба хонаи волидонам баргаштам" - қисса кард Шаъмигул.

"ПОЙАФЗОРДӮЗӢ РӮЗГОРАМРО РАНГИН КАРД"

Баъд аз баргашт ба хонаи волидон Шаъмигул рӯзҳои сахтеро пушти сар кард. Мегӯяд, то ҳадде рӯҳафтодаву хаста будам, ки рӯзам ба гиря мегузашту аз ҳама чизу ҳама кас худамро канор мегирифтам. Модараш ҳоли Шаъмигулро дида, барои ба зиндагӣ дилгарм сохтани ӯ асбоби кафшдӯзӣ ва ресмону дирафш мехарад. Баъд аз муддате Шаъмигул танҳоиву ғамро раҳо карда, ба даст асбоби пойафзордӯзӣ мегирад.

"Рӯз то бегоҳ вақтамро ба кафшдӯзи мегузаронидам. Нозукиҳои фаромӯшгаштаро дубора омӯхтам ва хоҳиши чун кафшдӯз фаъолият кардан дар ман бедор шуд. Дигар гапи мардум ва тамасхури онҳо бароям аҳамияте надошт. Чун медонистам, ки ҳунари ман меҳнати ҳалол асту ҷойи шармидан надорад.  Волидонам низ ба хоҳишам эҳтиром гузошта, розигӣ ва дуои хайр доданд. Соле пеш ба фаъолияти худ шуруъ кардам", - нақл кард ин ҳунарманд.

Қаҳрамони мо дар назди бозори марказии шаҳри Бохтар фаъолият карда, миёни 15 марди кафшдӯз ягона зан аст. Ҳамкорон ба ӯ эҳтиром дошта, дар интихоби ҷой ва мушкилиҳои пешомада барояш кумак мекунанд.

Муштариёни Шаъмигул  бештар занону духтаронанд. Ӯ дар як рӯз агар кораш хуб пеш равад, то 50-80 сомонӣ кор мекунад ва гоҳе низ муштариён кам омада, дар як рӯз то 20-30 сомонӣ даромад ба даст меорад.

КАФШДӮЗИ БОИСИ ОМӮЗИШИ ҲУНАРИ ДИГАР ГАШТ

Барои таъмини фарзандон даромад аз ҳисоби кафшдӯзӣ камӣ мекард. Бештар волидон барои рафъи мушкилиҳои иқтисодӣ ба Шаъмигул кумак мекарданд. Вале ӯ мехост мушкилиҳояшро худ ҳал карда, волидонро нороҳат насозад.  Зимни суҳбат бо яке аз муштариён ӯ дар хусуси рафидадӯзӣ маълумот гирифта, бо кумаки модар ва ин муштарияш ҳунари рафидадӯзиро низ азхуд мекунад. Ҳоло дар баробари кафшдӯзӣ рафидаҳои хурду бузург омода карда, қисмеро назди дукони худ ба фурӯш гузошта, бархеро ба фурӯшандаҳои бозор дода, баъди фурӯш дастмуздашро аз онҳо мегирад.


"Ҳарчанд даромад аз ҳисоби кафшдӯзӣ кам аст, аммо шавқам хеле зиёд аст. Аз ин хотир намехоҳам фаъолиятаиро дигар кунам. Бо кумаки волидон худу фарзандонам мушкилиҳои пешомадаро бартараф мекунем, вале мехоҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ низ қавӣ гашта, рӯзгорамро худ пеш барам. Аз ин хотир рафидадӯзиро низ омӯхтам. Харидор зиёд аст ва шукр, ки даромад аз ин ҳисоб хеле хуб аст", - гуфт Шаъмигул.

Қаҳрамони мо рӯзона ба кафшдӯзӣ машғул шуда, шомгоҳон дар хона ба дӯхтани рафида машғул мешавад. Ният дорад дукони худро таъсис дода, ба хоҳишмандон ҳунари кафшдӯзиро омӯзад. Ӯ мегӯяд, ҷавондухтарон дар ҳама самт бояд интихоб дошта бошанд. Агар дарк кунанд, ки ба ҳунаре ё илме рағбат доранд, ба он бештар машғул шуда, ба гуфтаи касе аҳамият надиҳанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед