Ru  | Tj
Пётри Кабир меъмори Русияи подшоҳӣ. Ӯ дар орзуи қудратманд шудани кишвараш буд
Пётри Кабир меъмори Русияи подшоҳӣ. Ӯ дар орзуи қудратманд шудани кишвараш буд
Аксҳо: Аз Интернет

Пётри Кабир меъмори Русияи подшоҳӣ. Ӯ дар орзуи қудратманд шудани кишвараш буд

Нашр шуд

Пётри Кабир яке аз подшоҳони хонадони “Романовҳо”, ки аз синни даҳсолагӣ бар салтанати подшоҳӣ расид, яке аз чеҳраҳои таърихии Русия мебошад ва ба навиштаи таърихнигорони рус ӯ дар замони салтанати худ  чун меъмори ислоҳотхоҳи ҳукумати Русия нақши худро дар таърих гузошт. Замони салтанати ӯ Русия аз кишвари ақибмонда ба кишваре дар сатҳи кишварҳои ғарбии он замон расид ва ҳатто аз онҳо пеш гузашт. Ба эътирофи таърихнигорон Пётри Кабир Русияи он замонаро ба як абарқудрати аврупоӣ табдил кард.

Дар замони ҳукумати ӯ артиши Русияи подшоҳӣ навсозӣ шуд ва шаҳрҳои бузурге бунёд гардид. Пойтахти Русияи подшоҳӣ - шаҳри Санкт-Петербург дар он замон бунёд шуд, ки биноҳои таърихии меросмонда аз он даврон, яке аз бузургтарин ёдгориҳои ҳайтаровари имрӯз ба шумор меравад. Ӯ қаламрави императории Русияро густариш дод ва дар орзуи он буд, ки домани императории Русияи подшоҳиро то ба наздикиҳои Халиҷи Форс ва Ҳиндистон густариш бидиҳад. Яке аз бузургтарин корҳои ӯ ташкили нерӯҳои қавии дарёӣ буд, ки ин нерӯҳо заминаҳои пирӯзиҳои бузургро барои ҳукумати ӯ фароҳам карданд. Дар замони ҳукумати Пётри Кабир нерӯҳои дарёии Русияи подшоҳӣ яке аз қавитарин нерӯҳои дарёӣ дар кулли Аврупо ба шумор мерафт.

Пётри Кабир андешаи маърифатпарварӣ ва навхоҳӣ дошт. Ба далели ин, мутахассисон, махсусан санъаткорон ва ҳунармандони ғарбиро ба Русия фаро хонд ва заминаи рушди ҳунар ва санъат дар Русияи подшоҳиро ба вуҷуд овард. Вай ба рушди илм аҳаммияти вижа медод. Ӯ махсус маркази Фарҳангистони улуми Русияро дар он замон таъсис кард, ки маркази гирди ҳам омадани донишмандони Русия гашта буд. 

Бисёре аз таърихнигорон Пётри Кабирро яке аз асосгузорони рушду тараққиёт дар Русияи подшоҳӣ ҳисобида, таъкид мекунанд, ки ӯ бо барномаҳои густурдаи худ мехост империяи Русияи подшоҳиро қавӣ кунад, то ҳеҷ рақибе дар баробари ин империя тавони рақобатро надошта бошад. Дар замони ҳукумати ӯ Русияи подшоҳӣ ҷангҳои хунинеро бо бархе аз ҳамсояҳо ва кишварҳои дуру наздики Русия паси сар кард ва натиҷаи ин кишваркушоиҳо густариши империяи Русияи подшоҳӣ гардид. Вай дар он замон қисматҳое аз Осиёи Марказиро низ ба хоки императории худ замима кард.

Пётри Кабир яке аз чеҳраҳои таърихии Русия аст, ки баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҳукуматдорони феълии Русия қарор гирифт. Чун дар замони Шӯравӣ омӯзиш ва таҳқиқи зиндагиномаи ин чеҳраи таърихии Русия мумкин набуд. Баъд аз ин ки идеологияи коммунистӣ аз қудрат канор зада шуд, таърихнигорони Русия ба таҳқиқи зиндагинома ва замони ҳукуматдории ин чеҳраи маъруфи таърихӣ оғоз намуданд. Ин  нукта қобили зикр аст, хонаводаи подшоҳии Русия, ки ба исми романовҳо машҳур аст, дар замони ҳукуматдории Борис Елтсин сафед шуд ва мавриди таваҷҷуҳи махсуси мақомоти ҳукумати Русия қарор гирифт. Ӯ барои бисёре аз ҳукуматдорони имрӯзи Русия намунаи ибрат аст. Владимир Путин яке аз шефтагони Пётри Кабир аст ва гоҳу ногоҳе аз коркардҳои ӯ барои бозсозӣ ва равнақи Русия ёд намуда, аз суханон ва васиятҳои ӯ иқтибос меоварад. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, Путин ба дунболи орзуҳои амалинашудаи Пётри Кабир аст ва мехоҳад бо амалӣ намудани он Русияро ба як кишвари боиқтидори ҷаҳон табдил кунад.

Пётри Кабир аз миёни подшоҳони хонаводаи “Романовҳо” ягона чеҳраест, ки таърихнигорон замони ҳукуматдории ӯро авҷи тараққиёт ва модернизатсияи Русияи подшоҳӣ медонанд. Ӯро ба шарофати ислоҳот ва корҳои анҷомдодааш Пётри Кабир, яъне бузург лақаб додаанд.

Пётри Кабир  9-уми июни соли 1672 дар шаҳри Маскав дар хонаводаи подшоҳии Русия - романовҳо ба дунё омад. Дар синни даҳсолагӣ масъулияти подшоҳии Русияро ба дӯш гирифт ва то замони маргаш барои Русияи подшоҳӣ хидмат кард. Пас аз марги падари Пётри Кабир шӯришҳое дар Русияи подшоҳӣ ба вуҷуд омад, ки хоҳараш – Софи,  ҳукумати подшоҳиро ба даст гирифт. Дар ин ҳангом Пётри хурдсол ба яке аз манотиқи атрофи Маскав фиристода шуд. Пётр, ки дар синни даҳсолагӣ ба салнат расида буд, бо вуҷуди будани хоҳараш – Софӣ  наметавонист ҳукумат кунад ва то синни 17- солагӣ зери фишор ва нуфузи хоҳараш қарор дошт. Пётр дар таърихи 29-уми сентябри соли 1689 бо ҷамъе аз тарафдорони худ ба Маскав ҳамла намуда, Софиро зиндонӣ кард ва ба ҷойи ӯ ба тахт нишаст. Дар аввалин рӯзҳои салтанати худ Пётри Кабир дар фикри васеъ кардани иператории Русия афтода, бо Туркияи Усмонӣ ҷангҳои хунинеро оғоз намуд ва қисматҳое аз сарзамини Империяи Усмониро ба тасарруфӣ худ даровард. Вай пас аз қувват гирифтани ҳукуматаш сафарҳое ба Аврупо анҷом дода, баъди бозгашт ислоҳоти васеъеро дар Русияи подшоҳӣ пиёда кард. Ӯ бо амалӣ намудани барномаи модернисатзияи Русия ин кишварро ба дараҷаи рушд ва тараққиёт расонд. Баъди муваффақиятҳои зиёд дар соли 1721 ӯ худро аввалин императори кулли Русия эълон намуд. Вай дар синни 52 солагӣ 8-уми феврали соли 1725 аз олам даргузашт. Ӯро барои хидматҳояш подшоҳи ислоҳотгар, Пётри Кабир, аввалин императори кулли Русия хитоб мекунанд.

Таърихнигорон панҷ ислоҳоти Пётри Кабирро мегӯянд, ки Русияи подшоҳиро дигаргун кардааст. Ин ислоҳотҳо иборат аст аз:

1. Аврупоисозии Русия тавассути Пётри Кабир

Вақте ӯ ба салтанат расид, кишвараш дар муқоиса бо кишварҳои аврупоӣ рушднакарда ва ақибмонда буд. Барои он ки Русияи онвақта модернизатсияшавиро напазируфт ва ба амалҳои асримиёнагӣ ҳукумат мекарданд. Ӯ дар замони салтанати худ бо пиёда намудани ислоҳоти фарогир дар бахши фарҳанг, иқтисод ва мудирият кишварашро ба сӯйи рушд ва тараққиёт ҳидоят намуд.

2. Рушди Русия бо роҳи саноатӣ

Пётри Кабир ба рушди саноат аҳамияти зиёд медод ва ӯ саноати истеҳсолиро дар миқёси бузург эҷод намуд. Ба саноатчиён имтиёзҳои хос дод. Таҷрибаҳои кишварҳои дигар дар бахши саноатро дар назар гирифт. Ӯ коршиносони хориҷиро барои амалӣ намудани барномаҳои саноатикунонӣ ба кор ҷалб кард. Дар замони ҳукумати ӯ тиҷорати хориҷии Русия 7 баробар шуд ва дар бахши саноат аз кишварҳои аврупоӣ пеш гузашт.

3. Ислоҳот дар бахши маориф

Пётри Кабир аввалин подшоҳ аз хонаводаи “Романовҳо”-и Русия буд, ки системаи таълими ғайридиниро дар Русия амалӣ кард. Мактабҳои бисёре сохт, ки дар он фарзандони сарбозон, мақомот ва кашишҳо таълим мегирифтанд. Дар он ҳангом китобҳои аврупоӣ тарҷума мешуданд ва ба русҳо иҷоза дода шуд, ки барои таҳсил ба кишварҳои хориҷ сафар кунанд. Алифбои Русия асос гузошта шуд, тақвими русӣ дигар шуд ва аввалин рӯзнома нашр гардид. Академияи илмҳои Русия дар соли 1725 таъсис шуд.

4. Ба вуҷуд овардани системаи мақомдорӣ бар асоси лаёқат

Муҳимтарин кори Пётри Кабир дар заминаи давлатдорӣ ба вуҷуд овардани системае буд, ки бар асоси он мақомҳои давлатдорӣ на бар асоси мерос, балки бар асоси лаёқат ва шоистагӣ тақсим мешуд. То ин замон касоне ба мақом даст меёфтанд, ки бояд ашрофзода мебуданд. Бо эҷоди ин система ҳар кас метавонист бо талош ва кӯшиши худ ба мақом даст ёбад.

5. Таъсиси аввалин сенати Русия дар соли 1711

Соли 1711 Пётр Шӯрои ашрофиро барҳам дод ва ба ҷойи он сенати ҳукуматӣ эҷод кард. Сенат дар аввал аз 9 сенатор ва сипас аз даҳ сенатор ташкил мешуд. Ин сенати корҳои органҳои дохилӣ ва марказии мухталифро ҳамоҳанг намуда, даромад ва харҷи будҷаро назорад мекард ва қонунҳоро қабул менамуд. Сенати онвақтаи подшоҳии Русия ба яке аз ниҳодҳои муҳимтарин дар заминаи мудрият ва қонунгузорӣ табдил ёфт.

Дар заминаи сиёсати хориҷӣ Пётри Кабир ба дастовардҳои зиёде ноил шуд ва марзҳои Империяи Русияи подшоҳиро густариш дод. Ӯ дар орзуи густариши марзҳои Империяи Русия буд ва мехост нуфузи салтанати худро то обҳои Ҳиндустон густариш диҳад. Дар расонаҳо аз ӯ васиятномае нашр мешавад, ки бархе таърихнигорон онро ҷаълӣ медонанд ва гурӯҳи дигар онро орзуҳои амалинашудаи Пётри Кабир маънидод мекунанд. 


Таътилро бояд чӣ гуна гузаронид?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед