Ru  | Tj
Рӯзи ошиқон зери сояи туфанги Толибон. Дилбохтагони Афғонистон Рӯзи ошиқонро чӣ гуна ҷашн гирифтанд?
Рӯзи ошиқон зери сояи туфанги Толибон. Дилбохтагони Афғонистон Рӯзи ошиқонро чӣ гуна ҷашн гирифтанд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Рӯзи ошиқон зери сояи туфанги Толибон. Дилбохтагони Афғонистон Рӯзи ошиқонро чӣ гуна ҷашн гирифтанд?

Нашр шуд

Бо вуҷуди ҷомеаи суннатии Афғонистон равобити духтарону писарон дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар чандон ба урфу одатҳои қадимӣ ва суннатӣ тобеъ нест ва ин равобит зери пӯсти шаҳр дар шаклҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Писарону духтарони Афғонистон тамоми кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то ин муносибатҳо зеботар шаванд. Аз ҷумла таҷлил аз Рӯзи ошиқон, ки тайи 20 соли ахир дар Афғонистон маъмул буд.

“Валентина”, ки бо номи “Ошиқон” маъруф аст, дар солҳои ахир миёни духтарону писарони ҷавон дар шаҳрҳои Кобул, Ҳирот, Мазори Шариф ва то андозае дар дигар шаҳрҳои Афғонистон низ маъруфияти зиёд дорад. 


Солҳои пеш дар ғарби Кобул ин расм хеле бо шавқу ангеза ҷашн гирифта мешуд. Маъмулан аз субҳи 14-уми феврал дӯконҳои гулфурӯшӣ аз лавозимот ва тӯҳфаҳои гуногуни Рӯзи ошиқон пур шуда, барои ҷалби муштариён кӯчаро бо пуфакҳои сурх оро медоданд. Тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо низ барои ин рӯз барномаҳои махсус доштанд, мисли даъвати овозхонҳо ба консерти зинда ва тағйир додани меню ва нархи ғизо ва нӯшокиҳо. Ин рӯзро духтарону писарони номзадшуда ҷашн мегирифтанд ва мардони оиладор бошанд кӯшиш мекарданд, ки барои занҳои худ тӯҳфа гиранд.


Бо суқути ҳукумати Ҷумҳурӣ ва ҳукмронии Толибон* ба назар чунин менамуд, ки касе ҷуръати омодагии махсус ба ин рӯзро намебинад. Аммо аз шоми якшанбеи 13 -уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое пайдо шуданд, ки дӯконҳо ба 14 -уми феврал, яъне Рӯзи ошиқон омодагӣ мебинанд. Бархе аз писарону духтарони ҷавони кобулӣ гуфтанд, ки ба ҳар ҳол барои харидани тӯҳфаҳо ба мағозаҳо мераванд. Тибқи хабарҳо мувофиқи як фармон ҷашн гирифтани ин рӯз аз ҷониби Толибон манъ карда шуд. Аммо ин фармони Толибон тавассути ҷавонон дар расонаҳои иҷтимоӣ дар фурсати кӯтоҳ мояи танз қарор гириф.

Шукрия ном сокини шаҳри Кобул чунин мегӯяд: “Тахминан соати 11-и рӯз бо тарсу изтироб ба тарафи минтақаи Пули сурх рафтам. Бар хилофи интизориҳо, дар атрофи дӯконҳои тӯҳфаҳои Рӯзи ошиқон чунон издиҳом ҷамъ омада буд, ки фикр кардам дар Кобул умуман Толибон ва ҳукумати онон вуҷуд надорад. Писарону духтарон барои харид ҷамъ омаданд". 

Ба назари Шукрия ин иқдом як навъ мубориза алайҳи Толибон ва сарпечӣ аз амри онҳоро нишон дод. Ҳамчунин Шукрия изҳор дошт, ки қаҳвахонаҳо ҳоло ҳам фаъоланд ва атрофро бо пуфакҳо оро додаанд ва ошиқон барои таҷлили ин рӯз ба кӯчаҳо баромадаанд.


Аммо ин фазо дер давом накард ва тақрибан соати 12:30-и вақти маҳаллӣ сарбозони Толибон ба Пули сурх ҳамла карда ва тамоми ороишоти валентиниро вайрон карданд. Расул Аҳмадӣ, як сокини Кобул, ки шоҳиди ҳамлаи Толибон ба дӯконҳои тӯҳфаҳо буд, чунин гуфт:
“Ман барои аксбардории фазои рӯҳи ошиқон дар ғарби Кобул ба Пули сурх рафтам. Ман мехостам бубинам, ки имсол дар Кобул Рӯзи ошиқон чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад. Ногаҳон афроди мусаллаҳи Толибон ба ҷои ҳодиса ҳамла карданд ва ба вайрон кардани дӯконҳо, пуфакҳо ва ҳама чизҳои рамзи Рӯзи ошиқон шурӯъ намуданд."
Вай ҳамчунин гуфт, ки афроди мусаллаҳи Толибон барои аксбардорӣ аз маҳалли ҳодиса ба ӯ низ ҳамла кардаанд.
“Толибон ба ман ҳамла карданд ва маро ба назди фармондеҳони худ бурданд. Ӯ аз ман хоҳиш кард, ки аксҳоро нест кунам, аммо ман чанд аксро нигоҳ доштам.” – гуфт ӯ.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, низ дида мешавад, ки дӯкондорон молҳоро зуд ба дӯконҳо медароранд ва рамзҳои Рӯзи ошиқонро пок мекунанд. 

Дар заминаи фарҳангии Афғонистон Рӯзи ошиқон як падидаи нав аст. Бо вуҷуди ин, он духтарон ва писарони ҷавонро бармеангезад, ки ба муносибатҳои эҳсосии худ рӯҳияи беҳтар диҳанд.

Бархеҳо муътақиданд, ки Рӯзи ошиқон дар масеҳият заминаи мазҳабӣ дорад ва бархеи дигар онро мисли бисёре аз мавридҳои дигари масеҳӣ, аз оинҳои қадимии Митрой меноманд.

Аммо дар байни баъзеҳо овозае вуҷуд дорад, ки гӯё “Валентин” ном шахсе аст, ки аввалин бор "номаи ошиқона" навишта ва ҳангоми дар маҳбас буданаш ба духтари зиндонбонаш ошиқ шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ ба ишқаш нарасидааст ва билохира ӯро бо баҳонаҳои зиёд рӯзи 14 -уми феврал ба дор овехтаанд.

Новобаста аз сарчашмаи ин ҷашн, дар аксари кишварҳои ҷаҳон кайҳо боз ин рӯз ба таври густурда таҷлил карда мешавад ва солҳои ахир ҷавонони Афғонистон низ бо он ошноӣ пайдо карда, саъй мекунанд, ки онро бо тӯҳфа ба дӯстдоштаи худ таҷлил кунанд.

Толибон бо судури як фармон таҷлили ин рӯзро ҳаром донистанд ва онро фарҳанги ғарбӣ номиданд. Аммо ҷавонон бо шавқу рағбати бештар зери сояи туфанги Толибон боз ҳам ин рӯзро таҷлил карданд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


«Шефтаи фарҳанги куҳан». Тоҷикистон аз нигоҳи рассомони рус



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед