Ru  | Tj
Рӯзи Президент. 10 лаҳзаи ҷолиб аз рӯзгори Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи Президент. 10 лаҳзаи ҷолиб аз рӯзгори Эмомалӣ Раҳмон
Аксҳо: Аз Интернет

Рӯзи Президент. 10 лаҳзаи ҷолиб аз рӯзгори Эмомалӣ Раҳмон

Нашр шуд

Мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», аз соли 2016 инҷониб дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат мо аз рӯзгору фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон 10 лаҳзаи аҷибро ҷамъоварӣ кардем. 

1. Як инсони оддӣ

Президенти мо дар Данғара таваллуд шудааст. Дар оилаи оддӣ. Дар мактабе таҳсил кардааст, ки аз дигар мактабҳо умуман фарқе надошт. Дар синфхона дар қатори сеюм менишаст.  Ӯ дар синни 40-солагӣ сарвари давлат шуд. 


2. Ҳамрозу ҳамнавои мардум

Эмомалӣ Раҳмон шояд аз ҷумлаи камтарин президентҳои дунё бошад, ки дар мулоқоташ бо оддитарин сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дидору сӯҳбатҳои хотирмон анҷом медиҳад.


3. Хизмат ба ҳайси баҳрнавард

Баҳрнавард ва Эмомалӣ Раҳмон, шояд аксарият ин дуро надонанд, ки онҳо бо ҳам чӣ наздикӣ доранд, вале бояд гуфт, ки Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1971-1974 дар Флоти Уқёнуси Ором ба ҳайси баҳрнавард хидмат кардааст. 

Ҳамчунин, ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар 60-солагии Эмомалӣ Раҳмон президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба соҳибҷашн аз бойгонии Вазорати мудофиаи Русия китоби ҷангии Флоти Шӯравии Уқёнуси Оромро ҳадя кард.


4. Пулемётчӣ

Мо-насли замони истиқлол Президентамонро танҳо бо ханда, чеҳраи кушод, кастюму шими зебову ороста дидаем, вале таърих ёд дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон шояд ягона раҳбари кишварҳои пасошӯравӣ бошад, ки пас аз фурӯпошии ИҶШС дар даргириҳои низомӣ ширкат кардааст. Ӯ тавонистааст, ки дар гармтарин лаҳзаҳо дар яке аз отрядҳо ҷанг кунад.

5. Ҷароҳати сахт

Тавре таърих огаҳ аст ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон суйиқасд зиёд шудааст, вале аз ҳама маъмулаш ин суиқасди Хуҷанд аст, ки таърихи 30.04.1997 ба амал омадаву ҷароҳати сахт бардошта буд. 

6. Дӯстдори варзиш

Президенти мо дӯстдори варзиш буда, пайваста ба варзиш машғул мешаванд ва ҳатто мухлиси бисёр сахти варзиш мебошанд. Масалан, чанд сол пеш Баҳруло Раҷабалиев, собиқ раиси Кумитаи миллии олимпӣ дар бобати варзишдӯстиву варзишгарии Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: 
“Дар ҳамоиш дар Қазоқистон президенти мо дар теннис бар президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов пирӯз шуд. Зиёда аз он, Каримов кайҳо боз ба теннис машғул аст. Эмомалӣ Раҳмон инчунин волейболу футболро хуб бозӣ мекунад”.

7. Зиёрати  Каъба

Эмомалӣ Раҳмон тӯли ин солҳо дар вақти зиёрати хонаи Худо бо иҷозаи подшоҳи Арабистони Саудӣ  ду маротиба вориди Каъба шудааст. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 2005 ва бори дуюм соли 2016 вориди қаъба шуда буд. 

8. Дастфишорӣ 

24-уми майи соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп дар ҳошияи нахустин Нишасти сарони кишварҳои мусулмоннишин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Арабистони Саудӣ вохӯрӣ кард ва он то дер дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳо боқӣ монд.

Трамп дар ҳар вохӯрияш маъмулан шахси саломкунандаро ба тарафи худ кашида ӯро дар ҳолати ногувор мегузорад. Вале Президенти мо баръакс вақти савол кардан дасти ӯро тарафи худ кашид. Ва ҳамон замон расонаҳои амрикоӣ ва Бритониё дар бораи шикасти Трамп дар дастфишӯрӣ аз Эмомалӣ Раҳмон навиштанд.

9. Серфарзанд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз минбари бузург дар бораи арзишҳои хонаводагӣ ва эҳтироми бузургсолон бисёр ҳарф мезанад. Ин мавзӯъ шахсан ба ӯ наздик аст, зеро падари серфарзанд маҳсуб меёбад. Президенти мо ҳафт духтару ду писар дорад, ки серфарзандтарин президент дар миёни сарварони ИДМ мебошад. 


10. Содиқ ба ваъда 

Эмомалӣ Раҳмон зери шиори «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд!» 5 маротиба ҷон дар кафи даст сафари Афғонистонро ихтиёр ва бо сарварони мухолифин, руъасои Афғонистон, намояндагони кишварҳои миёнарав ва созмонҳои байналхалқӣ мулоқот намуд. Ӯ ба сухани худ содиқ монд ва охирин тоҷикро ба Ватан баргардонд. 

Аз шавқ то шӯҳрат: Нодир чӣ гуна муваффақ гардид?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед