Ru  | Tj
Рӯзноманигор, адиб, омӯзгор ва шерозадӯз. Садбарге бо сад ҳунари созанда
Рӯзноманигор, адиб, омӯзгор ва шерозадӯз. Садбарге бо сад ҳунари созанда
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Рӯзноманигор, адиб, омӯзгор ва шерозадӯз. Садбарге бо сад ҳунари созанда

Нашр шуд

Аз оғози фасли гулхези баҳори соли 1968 ҳамагӣ 25 рӯз бигзашта буд, ки дар як кунҷи диёри Ёвонзамин овои як духтараки ояндааш рӯшан ба сартосари русто танинандоз гардид. Ӯро Садбарг ном ниҳода падар, ки фардои рӯзгораш чун гули садбарг муаттар гардад.

Аслан ӯ парвардаи қиссаҳои ширини бибияш мебошад, ки ангезаи онҳо имрӯз Садбаргро адиб сохтааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби рақами 1-и зодгоҳ гирифта, баъд бо дилбастагии бузург ба олами шеъру адабиёт роҳ ба сӯйи донишкадаи суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пеш гирифтааст. Пас аз чандин соли пуршӯру пурталотум дар айёми ҷанги хонумонсӯзи солҳои 90-уми садаи гузашта ӯ донишгоҳро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик бо сарбаландӣ хатм намудааст.


Баъди хатми донишгоҳ дар зодгоҳи худ, аниқтараш дар муассисае, ки онро худ хатм кардааст, ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст. Баъдан дар вазифаҳои зиёде чун котиби кумитаи иттиҳодияи касабаи комплекси агросаноатии ноҳияи Ёвон, муҳаррири идораи иқтисоди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, муовини мудири дабиристони рақами 1-и ноҳияи Ёвон дар умури тарбия ва омӯзгори фанни забон ва адабиёт фаъолият намудааст.  Ин бонуи зиндагисоз ҳоло модари ду фарзанди дорои тахассуси олӣ маҳсуб мешавад.

Садбарг дар ҳар ҷодае фаъолият намуда, ба комёбиҳои назарррасе ноил гардидааст. Омӯзгори масъулиятшинос буда, шогирдон варо сидқан дӯст медоранд.

СЕ КИТОБИ ЯК АДИБ

Эҷод барои Садбарг Салимова василаи зебои сипарӣ кардани вақт ва гузашти рӯзгор аст:

- Ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ қалам ба даст гирифта, ҳаргуна мақолаву ҳикоя ва афсонаҳо дар рӯзномаи "Коммунисти Тоҷикистон" ва маҷаллаи  "Машъал" чоп менамудам ва бо ин нашрияҳо робитаи зич доштам. Рӯзе дар дастам рӯзномаи “Комунисти Ёвон” афтод ва дидам ки як нигоштаи маро дар он чоп намуда, зери имзоям "Аз маҷаллаи "Машъал"» навишта шудааст. Чанд муддат гузашт ва дар мактаб рӯзе гуфтанд, ки туро ба идораи рӯзномаи "Комунисти Ёвон» даъват доранд. Вақте ба идораи рӯзнома рафтам, сармуҳаррирро наёфтам ва фардо боз рафтам, ки ин дафъа сарҳмуҳаррир киё Талбак (равонаш шод бод)-ро ёфтам. Чун ба утоқи эшон ворид гаштам ва гуфтам, ки ман Садбарг Салимова ҳастам, он кас ҳайрон шуданду аз чашм айнакашонро гирифтанд ва наздам омаданду "чӣ ту Садбарг Салимова?” ва ман бо аломати тасдиқ сар ҷунбондам. Сармуҳаррир гуфтанд, ки ту худат кӯчаку маводҳое ба нашр мерасонӣ, ки кас дар ҳайрат мемонад ва ба ман тавсия доданд ки ин пешаро шуғли асосии худ қарор диҳам ва бо розигии Худованд ва ҳидояти киё Талбак имрӯз то ба ҳадде дар ин касб мақоми худро пайдо намудаам, - боифтихор нақл кард қаҳрамони мо.


 Илҳоми адиб аз муъҷизаҳои нотакрори табиат сарчашма мегирад ва Садбарг муҳаббати бузурги падариро ҳаматарафа сарманшаъи эҷоди аслии хеш мешуморад. Зеро муҳити оилавӣ пеш аз ҳама рукни асосии шахсиятсозии инсон ба шумор меравад ва тавре худи қаҳрамони мо баён дошт:

"Ман шукргузорам, ки дар оилае ба воя расидаам, ки муҳити адабӣ вуҷуд дошт. Падарам Сулаймон Салимов худ омӯзгор буданд ва ба дониш омӯхтани мо фарзандон диққати ҷиддӣ медоданд. Модарам низ ҳарчанд то синфи 7 таҳсил намудаанд, аммо дониши хуб доштанд. Маҳз соҳибмаърифатии волидонамон буд, ки ҳамаи фарзандон ба касби илму дониш банд будем ва пайваста аз пайи мутолиа будем. Агар раваду ба хона падарам ягон китоби нав меоварданд, барои аввалин шуда хондани он ҷангу хархаша рух медод. Ё вақте ки дар сари дасторхон менишастем, дар даст китоб буд ва як луқма хӯроку як саҳифа китоб… Ва фарзандони падар медиданд, ки бо хондани китоб бандем, косаи хӯрок ё пиёлаи чойро аз наздамон пинҳонӣ мегирифтанд ва чун сар аз китоб мебардоштем, медидем, ки дар наздамон чизе нест. Чунин хотираҳои нек дорем, аз китобхонии хеш дар ҳалқаи аҳли оила", - ба ёд овард Салима.


"Китоб ишқи зистан аст” - чунин андеша дорад Садбарги рангинхаёл. Вақте аз китоби бузургон мехонию баҳрае мегирӣ, тамоман лаззате ба тану рӯҳи инсон шарифтар аз он дида воло нест. Агар мо китобҳои зиёде хонему донем ин хуб аст ва агар мо истеъдод дошта бошему худ дар ин замина китоб таълиф намоем, ман фикр мекунам аз ин амали хайру бузург дида кори шарифтаре нест".

Садбарг Салимӣ адиби хушкалом буда, то имрӯз се китоби ӯ бо номҳои “Ҳусни замин”, "Ганҷи ноёбам падар" ва  "Тавсани хаёл" ба зевари табъ ороста шудааст.

"Ҳусни замин" ҳовии 195 мақола буда, равзанаи ошноиҳоро ба ҳаёти пурфурӯғе боз месозад. Он аз рӯзгор ва фаъолияти занону бонувони пешгоми ноҳияи Ёвон нақл мекунад, ки қаҳрамонони он дар баробари тарбияи фарзандони солеҳ дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҷомеаи башарият саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Китоби "Ганҷи ноёбам падар" мақолаҳо, ёддоштҳо, мусоҳибаҳо ва лавҳаву ҳикояҳои дар давраҳои гуногун эҷодкардаи Садбарг Салимоваро дарбар гирифта, бахше аз он ба зиндагиномаи маърифатпарварон ва зиёиёну равшанфикрони зодгоҳи муаллиф бахшида шудааст.

Асари дигари Садбарг "Тавсани хаёл" мебошад, ки мақолаву қисса ва андешаҳои адибро фарогир аст.

ОМӮЗГОРИ СОЛ

Завқи шеъру сухан ягона воситаи зебоест, ки моро ба сӯйи мақсуду муваффақият бурда мерасонад. Ҳамин нуктаи созгор буд, ки аз айёми наврасӣ Садбарги равшанзамири матинирода ба олами нишоту пирӯзӣ роҳ ёфта буд. Аз ҷумла дар озмуни "Турсунзодахонӣ", ки дар солҳои 1984 доир гардида буд, дар даврҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, дастболо гардид.

Ҳамзамон дар донишозмоӣ (олимпиада) аз фанни забони русӣ ва касби мақоми дувум дар давраи ниҳоӣ, инчунин дар сабқати "Ғунчаҳои ҳунар", ки тамоми наврасони соҳибистеъдоди олами фарҳангро ба ҳам оварда буд, Садбарги бо завқи дилпазир бузургу аз синну сол кӯчак дар бахши "Мушоира" ширкат варзида, ба пирӯзӣ даст ёфта буд ва ин нусратмандиҳо Садбарги хурдсолро ба олами тахайюлию воқеии адабиёт раҳнамун сохтанд, ки имрӯз ҳамчун адиби рангинхаёле эшонро мешиносанду аз чакидаҳои қаламашон мехонанду баҳравар мегарданд.


Барандаи ҷоизаи "Омӯзгори сол – 2014" шудан дар сатҳи вилоят ба як бонуи омӯзгорпешаи Ёвондиёр чӣ қадр фараҳовару масъулиятбахше буд, зеро ба андешаи Садбарг Салимова:

- "Вақте инсон ба мақоми мубораке даст меёбад, он пеш аз ҳама мақоми эътироф, эътиқод ва эътибори ҷомеа нисбати ҳамон шахсият аст.
 Ӯ мегӯяд, ман ин ҷоизаро ҳамчун ҷоизаи умед бар ояндаи неки касбияти хеш дарёфтам. Чунки бароям ин навиди хуҷастапай як дунё масъулияти мураккабтареро вогузор мекард.


АСРОРИ ОИЛАИ ХУШБАХТ ВА ТАХАЛЛУС

Асоси устувории оила ин муҳаббати ҷонибҳо аст ва Садбаргбону ҳам имрӯз як оилаи намунавиеро дар диёраш сомон додааст, ки ҳам муҳити илму адабӣ аст ва ҳам муҳити ошноиву меҳнати пок. Ӯ назари рӯшан дорад ба оилаҳои ҷавони имрӯз ва мегӯяд:

- "Бовар, садоқат ва иззату ҳурмати якдигар миёни оилаҳои ҷавон низоми ягонаи рӯзгори босаодат барои имрӯзу ҳамеша маҳсуб мешавад. Зеро дар оила агар ҷонибҳо ба мувофиқа расида, пайи ягон омоли накӯе, ки пеш аз ҳама василаи пешбурду даромади рӯзгор бошад, дар ҳамдастӣ қарор гиранд, пас ояндаи он оила ибратпазири башарият хоҳад буд".

Аҷиб аст, вақте ки мо аз малоҳату назокату латофати исми хеш баръало истифода мекунем ва бо вижагиҳои номи худ ҳаммаром мегардем. Дар ин баробар Садбарг Салимова чаро тахаллусе ба худ нагирифтааст, зеро кам инсонҳое ҳастанд, ки рисолати исми хешро ба дурустӣ истифода мекунанд ва он сон ки қаҳрамони мо баён дошт:

- Номи зебо ними ҳусн гуфтаанд дар урфият. Хушбахтии ман дар он аст, ки волидонам ба ман номи зебо гузоштаанд. Садбарг шоҳи гулҳо буда, бӯйи муаттар дорад, аз ин рӯ гирифтани тахаллусро хуш надорам. Бандаро мардум бо ин ном пазируфтаанд ва тағйири ном кардан ҳоҷат надорад. Ва мақсади ман аз эҷод ному шуҳрат нест, балки ҳидоят намудани насли ҷавон дар роҳи андӯхтани илму дониш, маърифат ва одоби шарқиёна аст, - баён дошт Садбарг Салимова.

АЗ ОМӮЗГОРӢ ТО ФАЪОЛИЯТИ ПУБЛИТСИСТӢ

Садбарг дар эҷоди публисистика ҳам ҳунари воло дорад ва то имрӯз беш аз 300 мақолаи ӯ дар матбуотҳои даври рӯйи чоп омадааст ва ҳамзамон худаш ҳам соҳиби се китоб мебошанд. Маҳз талошҳои пайдарпай бонуи сухан Садбарг Салимоваро соли 2012 узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон гардонид.

Маводҳои методии Садбарг дар ҳафтаворҳои “Ҷумҳурият”, “Бонувови Тоҷикистон”, “Омӯзгор”, "Адабиёт ва санъат”, “Субҳи Ёвон”, “Оила” ва маҷаллаи “Мактаб” пайваста интишор мешуд.

Бар замми ин ҳама масъулият бонуи сухан Садбарг Салимова ба донишу омӯзиш камари ҳиммат баста, бо як бовари хос ба худ дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар бахши “Эҷоди наср” иштирок намуда истодаанд ва бояд зикр кард, ки дар даври ноҳиявии озмуни мазкур сазовори мақоми дувум гардид.


Дар баробари бар дӯш доштани бори вазнини қалам Садбарг Салимова омӯзгори пурталошу пуртаҷриба ва сахтгир низ ҳастанд ва таъсири фаъолияти омӯзгориашон дар эҷодиёти эшон бармало мушоҳида мешавад. Муаллима ҳангоми дарс додан аз усулҳои нави таълим истифода карда, ба шогирдон дарс мегӯянд. Дар тӯли солҳои зиёди фаъолияташон муаллима шогирдони зиёдро ба камол расонида, имрӯз дар бари ӯ истода фаъолият менамоянд. Бар ивази ин ҳама вазифаҳои бар дӯшдошта қаҳрамони мо модари ду нафар фарзанди солеҳ низ ҳастанд.

САДБАРГИ ГУЛИСТОНИ ҲУНАР

Ҳарчи қадр инсон касбу ҳунар зиёд дошта бошад дар зиндагӣ болонишин мегардад ва мавқеи худро меёбаду нони беминнат мехӯрад.

Садбарги пурталошу ботаҷриба ҳам ба ҳар ҳунаре, махсусан ба ҳунарҳои мондагори миллиямон бисёр диққати махсус равона мекунад. Ӯ ҳанӯз дар даврони ҷангҳои хонумонсӯз (солҳои 90-ум) донишҷӯ буд, ки бо ҳунарҳои аз бибияш омӯхтаи хеш ба монанди кашидадӯзию шерозадӯзӣ кор карда ба будҷаи оила саҳми худро мегузошт. Тавре номбурда баён дошт:

- Ман ба ин ҳунарҳо арҷ мегузорам, чунки мероси ниёгони мо аст, бисёр ҳам ҷолиби диққат аст, ки аз ин намуди ҳунар имрӯз гулдухтарон васеъ истифода мекунанд. Ман пештар мисоли ҳунарҳои ноби миллӣ машғулияти ҳаррӯза доштам, вале афсӯс, ки ҳоло бо мушкилоти чашм дар ин самт на он қадр шуғл меварзам".

“Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён”. Ин шиори зиндагии қаҳрамони матлаби мост, зеро ба қавли ӯ шахси ростгӯву ростқавл ҳамеша бар ҳама инқилобҳои буҳтониву ғаризаҳо ғолиб аст, ғолиби шикастанашаванда.

- Тавсияи ман ба модарони хонашин ин аст, ки дониши казоӣ биандӯзанд ва фарзандонро дуруст тарбия намоянд, зеро модари донишманд насли солиму хушахлоқ ва ботамизро пешкаши миллат карда метавонад. Дар хусуси насли ояндасози миллат, яъне ҷавонон гуфтаниям, ки дониш омӯзеду аз роҳи рост берун нашавед ва ҳар зарра хоки ватанро чун гавҳараки чашм азиз дореду ҳифз намоед, - хулоса намуд Садбарг Салимова.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед