Ru  | Tj
Расмкашӣ танҳо тасвири зоҳирӣ нест
Расмкашӣ танҳо тасвири зоҳирӣ нест
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Расмкашӣ танҳо тасвири зоҳирӣ нест

Нашр шуд

Гузаштагони мо ҳамеша ҳунаромӯзиро талқин карда ва шахси ҳунармандро ҳар куҷое набошад, ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоварданд ва имрӯз ҳам қадру қимати ҳунару соҳибҳунар дар ҷомеа баланд аст.  

“Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ...”

Борисро ҳоло аксарият ҳамчун шахси ҳунарманд (аз саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиаш) мешиносанд ва ба ҳунараш борҳо қоил шудаанд. Борис Мараматшоев зодаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ аст.  Ӯ якчанд ҳунар дорад: заргарӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, сартарошӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ ва аз ҳама асосӣ – рассомӣ. Бале, ӯ шахсест, ки ба гуфти гузаштагонамон “даҳ ангушташ ҳунар” аст ё мақоли “ба як мард чил ҳунар кам” – ро шиори худ кардааст. Вале Борис ҳанӯз аз ҳунаромӯзии худ қонеъ нест ва ҳатто худро ба  унвони ҳунарманд нолоиқ мешуморад.

 “Ман ҳоло худро ҳунарманд намешуморам. Ҳоло танҳо шавқи беандоза ба ҳунар дорам. То он замоне, ки маро ҳамчун рассом, заргар ё ҳайкалтарош ҷаҳон нашиносад, худро ҳунарманд намеҳисобам”.

Тасвири дастӣ ё кори техника?

Албатта, дар ин гуфтаҳо хоксории Борис эҳсос мешавад. Зеро расмҳои кашидаи ӯ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардиш доранд, диққати садҳо нафарро ба худ ҷалб кардааст ва баъзе аз корбарон ҳатто ба дастӣ кашида шудани ду расми охирон бо шубҳа менигаранд. Вақте ба Борис дар ин бора гуфтем, ӯ бо табассум ба мо гӯш дод ва ин суханҳоро тасдиқ кард. Ба гуфти ӯ дар ҳақиқат ҳам бисёр шахсон ба ҳунари дастӣ будани ин мусаввараҳо бовар накардаанд. Ҳатто баъзеҳо ба устохонаи Борис омада, расмҳоро аз наздик дидаанд. Бинобар ин, Борис дар саҳифаҳои “Facebook” – ва “Instagram” – аш раванди тасвири мусаввараҳояшро бо навор нашр кардааст, ки дар он аз оғоз то анҷоми кори рассом сабт шудааст. Борис мегӯяд, ҳамаи ин маҳсули шавқи беандоза аст.

“Ҳунар кай пайдо мешавад? Ҳамон вақте ки инсон шавқ дошта бошад. Агар шавқ набошад, ҳатто истеъдоди инсон мемирад, зеро ӯ меҳнат намекунад. Барои ҳамин ҳам шавқ аввалиндараҷа аст. Шавқ доштан, ин яъне аз таҳи дил кореро дӯст дошта иҷро кардан аст. Он гоҳ мо нозуктарин нуқтаҳои касби худро меомӯзем”.

Дар ҳақиқат ҳам, вақте ба расмҳои офаридаи рассом менигаред, ҷузъиётҳоеро мушоҳида карда метавонед, ки ба бо дасти инсон офарида шудани он бовар намекунед ва хаёл мекунед, ин кори техникаҳои муосир бошад. Ба гуфти рассом  ӯ бештар бо реализм сари кор дорад ва  дар кишвари мо ин гуна рассомон камёфтанд.

“Рассомони мо раванди кубизм, минимализм, миниатюризм ё дигарҳоро истифода мекунанд. Онҳо аз реализм камтар истифода мебаранд. Дар замони шӯравӣ реализм бисёр рушд карда буд. Мутаассифона, ҳоло таваҷҷӯҳи рассомони тоҷик ба он кам шудааст”.

Дар яке аз расмҳое, ки дар боло гуфтем мӯйсафеде тасвир ёфтааст, ки дар сар тоқии бадахшӣ дорад ва чеҳраашро нишонаҳои пирӣ фаро гирифтаву ришу мӯйи сараш сап – сафед гаштаанд. Борис тасвири ин расмро моҳи ноябри соли 2020 ба анҷом расонидаву 21 – уми июли соли 2021 дар саҳифаи фейсбукиаш нашр кардааст.

“Расми нав, аниқтараш ин портретро ноябри соли 2020 кашидам. Вале бо чанд сабаб онро натавонистам нашр кунам. Доим мехостам портрете дар услуби гиперреализм тасвир намоям, аммо аз сабаби серкорӣ дастам намерасид. Ва ин дафъа ҳама озодии худро дар дастонам ҷамъ намуда, қарор додам, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, расме дар услуби гиперреализм бикашам. Росташро гӯям, ман он қадар аз кори худ қаноатманд нестам. Фикр мекунам, танҳо 60 % - и он чизеро, ки мехостам, нишон дода тавонистаму халос...”

Ӯ дар шарҳи тасвираш навиштааст, ки он бо рангҳои равғанӣ кашида шудааст. Инчунин мазмуни ин офаридаашро чунин шарҳ додааст:

“Мутаассифона, зебогии зоҳирӣ абадӣ нест, ба оҳистагӣ ва ноаён қадру қимати худро гум мекунад. Ҳар як давраи синну сол ба худ зебогӣ дорад: аввал фарзанд, баъд падар пасон бобову бобокалон шудан. Дар бораи ин ҳиссиётҳои зебо ба одамон гуфтан (ба ҷавононе мисли ман) осон нест... Пирамардонро ниҳоят дӯст медорам. Бо онҳо дилгир намешавед, чун як баҳре ҳастанд пур аз таҷрибаҳои зиндагӣ, ки онҳоро бо хурсандӣ ба дигарон тақсим мекунанд. Дар ин лаҳзаҳо гӯш ба онҳо медиҳиву ҳар як ифода, ҳар як доғ ва ҳар як хати чеҳраашонро наззора мекунам. Шояд барои ман ҳамчун рассом аз сатҳи ҳамвори пӯсти рӯи ҷавонон дида, чеҳраи мӯйсафедон бештар писанд бошад”.

Борис мусаввараи дигарашро “Нури умед” ном гузоштааст. Ӯ онро 25 – уми октябри соли 2020 дар саҳифаи худ нашр карда, инчунин бо забони русӣ дар борааш шарҳ ҳам навиштааст. “Ман метавонистам ба ин мусаввара номҳои гуногуни бисёре фикр кунам, зеро дар умқи он покӣ, хубӣ, зебогӣ, ишқ, ҳаёт, вақт, имконият, бегуноҳӣ, ҷасурӣ, хоксорӣ, сабурӣ, оромӣ, наҷот, оянда ва ҳатто мерос ниҳон аст. Аммо аз нигоҳи ман “Нури умед” мувофиқтар аст. Зеро дар ин рӯзҳои вазнин мо танҳо бо умед ба оянда нигоҳ мекунем ва умед мебандем, ки “Нури умед” ботини моро аз торикӣ озод намояд...”

Дар ҳақиқат, мусаввараи духтараке, ки дар торикӣ қарор дорад ва бо табассуму нигоҳи пурумед дар  дасташ шуълаеро нигоҳ медорад, чунин маъноро ифода карда метавонад. Борис мегӯяд, ҳар як асаре, ки рассом меофарад, бояд маъно дошта бошад. Он танҳо як чеҳраи оддӣ, манзара ё ашёи оддӣ не, балки хислату характер, эҳсосот, вазъият ва ҳолатро ҳам бояд инъикос карда тавонад. 

“Агар тасвири портретӣ бошад, бояд ҳатто ҳарфи гуфтании он шахсро ҳам ифода карда тавонад. Ман аз кӯшишҳои худ қаноатманд нестам, гарчанде аксарият асарҳоямро таъриф мекунанд. Вале ҳама вақт дар ҷидду ҷаҳд ҳастам, ки ҳунарамро сайқал диҳам”, - илова кард ӯ.

Рассомиву заргарӣ

Инсонҳое, ки шефтаи санъат ҳастанд ё ҳавас доранд, ки деворҳои хонаи худро бо мусаввараҳо оро диҳанд, асарҳои рассомони бузургро бо қимати баланд мехаранд. Ба гуфти Борис асарҳои ӯ ҳам харидор пайдо кардаанд. 

“Вале онҳо он маблағеро надоранд, ки офаридаҳои маро муносиб баҳогузорӣ кунанд. Ба ҳар ҳол мувофиқи табъу завқашон ба фармоишгарон портрет мекашам. Ман ба асарҳоям танҳо аз рӯи чӣ миқдор сарф шудани рангу бор ва қоғаз не, балки аз рӯи сарфи вақт, маънии фалсафии асар ва ифодаи он низ баҳо мегузорам. Расмҳои фармоишӣ бошанд барои баланд кардани маҳоратам кӯмак мерасонанд”.

Барои Борис аз рӯи хоҳишу завқ офаридани асар кам даст медиҳад. Зеро, чӣ тавре дар боло зикр кардем, ӯ шуғлҳои дигаре ҳам дорад, ки барои пешбурди зиндагӣ ба онҳо бояд машғул шавад. 

“Ман аксаран бо фармоиш кор мекунам. Чун барои пеш бурдани зиндагӣ бо касбҳои дигар ҳам машғулам ва барои аз рӯи хоҳиши худ бо расмкашӣ машғул шудан, кам вақт меёбам. Аз дасти ман ҳунари  заргарӣ ҳам меояд”. 

Ӯ заргариро дар давоми се сол омӯхтааст. Ба гуфти Борис заргарии муосир хеле рушд кардааст ва он дастгоҳҳои ҳозиразамоне, ки дар давлатҳои хориҷа истифода мебаранд, ҳанӯз то кишвари мо омада нарасидааст. Вале қаҳрамони мо аз ӯҳдаи истифодаи ин гуна таҷҳизотҳо мебаромадааст ва баъзеи онҳоро дар устохонааш доштааст. Ӯ нақша дорад, ки дар оянда кор бо 3D – принтерҳои заргарӣ ва тарроҳии компютериро, ки худаш бо онҳо сари кор дорад, дар Тоҷикистон рушд диҳад.

“Камоли ҳамнишин бар ман  асар кард...”

Дар байни халқи тоҷик зарбулмасалу мақолҳое, ки бо ҳамнишинони нек рафтуомад карданро талқин мекунанд, хеле зиёданд. Машҳуртарини онҳо “Бо моҳ шинӣ – моҳ шавӣ, бо дег шинӣ – сиёҳ шавӣ” шояд ба ин қисмати қиссаи мо мувофиқ ояд. Зеро қаҳрамони пурҳунари мо дӯстону ҳамнишинони худро аз доираи ҳунармандон дарёфтааст ва аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтааст. 


“Доираи дӯстони ман ҳама ҳунарманданд ва ҳар яке ба ман ҳунареро омӯзонидаанд. Ҳар ҳунаре, ки писандам омад ва нисбаташ дар замирам шавқ бедор шуд, аз худ кардам ва ба ҳар яки он ҳар гоҳи муносиб аз таҳи дил машғул мешавам. Масалан, суруд хонда метавонам, якчанд асбобҳои мусиқӣ, аз қабили гитара, доира, пианинаро навохта метавонам, ҳайкалтарошиву сангтароширо бо шавқ иҷро мекунам. Ҳамчунин аз як дӯсти сартарошам ҳунари сартароширо ҳам омӯхтам”.


Аз орзуҳои кӯдакӣ то имтиҳони хатми коллеҷ ва намоишгоҳи Португалия

Вале Борис пеш аз ҳама мехоҳад як рассоми хуб шавад, зеро ин орзуи кӯдакии ӯ буд. Вақте сухан дар бораи кӯдакӣ рафт, Борис каме сукут кард. Табассуме, ки дар чеҳрааш ҳувайдо гардид, аз он дарак медод, ки ӯ хотираҳои ширини давраҳои беғамиро варақгардон карда истодааст. 

“Дар оилаи мо танҳо ман шавқу ҳаваси ин ҳунарро доштам. То он ҳадде, ки китобу дафтар ва дару девори хонаро бо расмҳои гуногун “оро” медодам ва ба ин корам ҷазо ҳам мегирифтам. Вале дар мактаб маро ҳамчун рассом шинохтанд. Дар байни хонандагони мактаб назди муаллимон обрӯи зиёдтаре доштам. Ҳатто директори мактаб нисбати ман таваҷҷӯҳи хосе дошт. Ӯ ба ман супоришҳои махсус медод ва ба озмунҳо маро равон мекард. Вале ман аз он озмунҳо дилмонда шудам ва ҳатто ҳоло наметавонам ба хотир орам, ки аз даврони мактабӣ дастоварде доштам ё не”.


Сабаби дилмондагии худро Борис дар он медонад, ки озмунҳо шаффоф набудаанд. Мақомҳои ифтихорӣ ва соҳибони тӯҳфаҳо пеш аз озмун муайян мешудаанд. 

“Медонед, вақте ҳунари шуморо қадр намекунанд, чаро вақтро сарф мекунед. Он озмунҳо ҳамин гуна буданд. Худро таъриф намекунам, вале расмҳои кашидаи иштирокчиёни озмун аз тасвирҳои ман беҳтар набуданд. Баъдтар фаҳмидем, ки ҷойҳо пешакӣ маълум шуда будаанд. Ман дигар ба шаффофияти озмунҳо боварӣ надорам. Дар баҳогузорӣ адолат вуҷуд надошт”, – бо таассуф гуфт Борис.


Пас аз хатми мактаб, соли 2011 тариқи имтиҳонҳо Борис ба Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов роҳ ёфта, онро соли 2015 бо дипломи сурх хатм кард. Ёдам ҳаст, ки он замон имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ набуд ва мо аз рӯи тасвирҳои худ балл мегирифтем. Балли баландтарин 25 буд ва ман онро соҳиб шуда будам”, – он лаҳзаҳои пурифтихорро ёдовар шуд Борис.

Давраи тиллоии инсон бо дарсҳои устодони нотакрор дар хотираҳо абадӣ нақш мебандад. Борис ҳам аз устодони пуртаҷрибае, ки дар ҳунаромӯзии ӯ нақше гузоштаанд, ба некӣ ёд кард: “Дар коллеҷ яке аз беҳтарин устодони санъати рассомии ҷумҳурӣ Ахмед Юсупов ба мо дарс доданд. Устоди сахтгиру серталаб буданд ва то дараҷаи лозима моро ҳунари рассомӣ омӯзониданд. Дар радифи ин устод, аз тамоми устодони дигари коллеҷ, ки дар сайқал ёфтани малакаву истеъдоди мо саҳм гузоштанд, то охири умр миннатдор ҳастам”. Қаҳрамони мо чӣ тавр ба имтиҳони хатм омода шуданашро ҳам ба мо нақл кард. Ӯ одатан барои кашидани як расм аз як – ду ҳафта то ду моҳ вақт сарф мекардааст. Вале барои ҳимояи кори хатмаш ӯ меҳнати зиёд кардааст. 

“Ман барои ҳимояи кори дипломиям дар коллеҷ расми 14 нафар устоди худро бо андозаи 3х1,5 м дар муддати 3 моҳ кашидам. Он рӯзҳо ҳатто дар коллеҷ шабро рӯз мекардам”.


Борис соли 2017 ба Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2021 хатм кардааст. Дар ин асно ӯ ба як намоишгоҳи сатҳи байналмиллалӣ, ки моҳи марти соли 2018 дар Португалия баргузор шудааст, роҳ ёфта, асари худро фиристодааст..

Реализм ва рассомони ҷаҳону тоҷик

Борис аз асарҳои рассомони ҷаҳонӣ ҳам огоҳ аст ва аз онҳо ба худ ҳар дафъа чизи наверо кашф мекунад. 


“Тақрибан ҳамаи асарҳои рассомони ҷаҳонӣ ба ман писанд аст, махсусан асарҳое, ки рассомони давраи Эҳё офаридаанд. Рассомони ин давра Леонардо да Винчи, Микеланҷело, Рафаэло ба реализм асос гузоштанд. Ҳар як асари офаридаи онҳо ҷаҳоне маънӣ дорад”.

 Аз устодони санъати рассомии тоҷик Борис рассомоне чун Сабзалӣ Шарипов, Ахмед Юсупов, Раҳим Сафаров, Анваршо Сайфиддинов, писари М. Миршакар  – Акмал Миршакаровро намунаи ибрати рассомони ҷавон медонад.


Технологияҳои муосир ва орзуи рассоми ҷавон

Борис истифодаи васеи навгониҳои технологиро барои рассомон бисёр муфид арзёбӣ кард: “Дар замони мо имкониятҳо хеле фароханд. Пештар интернет набуд, ин дастгоҳҳое, ки ҳозир дорем, набуданд. Ҳозир рассомон имкон доранд, асарҳои худро тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ройгон ба намоиш гузоранд”.


Ҳоло Борис дар бинои тарабхонаи “Шукрона” – и пойтахт устохонаи хурди рассомӣ дорад ва мегӯяд набудани як устохонаи фарохтар, ки он ҷо тавонад бо тамоми ҳунарҳои андӯхдааш машғул шавад, ба ӯ мушкилӣ эҷод мекунад.

Ҳар нафаси ҷавонӣ ғанимат аст ва он давраи омӯзиш аст. Дар ин миён онҳое бурд мекунанд, ки чун Борис ба худ таҳкурсии ҳунарҳои зеборо гузоштаанд. Зеро соҳибҳунарон хор нахоҳанд шуд.




“Пирожки”-и тақдирсоз. Хуршед чӣ гуна ошпаз шуд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед