Ru  | Tj
Расо 50 сол пеш аввалин бор аз телефони мобилӣ занг заданд
Расо 50 сол пеш аввалин бор аз телефони мобилӣ занг заданд
Акс: Интернет

Расо 50 сол пеш аввалин бор аз телефони мобилӣ занг заданд

Нашр шуд

Панҷоҳ сол пеш дар ҳамин рӯз (3 апрели соли 1973) муҳандиси ширкати «Motorola» Мартин Купер ба рақиби худ Ҷоэл Энгел аз ширкати «AT&T Bell Labs», ки ба ихтирои телефон сарукор дошт, занг зада гуфт, ки аз телефони мобилии воқеӣ занг мезанад.

Маҳз ширкати «AT&T Bell Labs» буд, ки идеяи истифодаи алоқаи мобилиро ҳанӯз дар соли 1946 пеш гузошт. Ширкати мазкур аввалин радиотелефонҳои автомобилиро барои васл кардан ба мошинхо сохта ба роҳ монд. Аммо ширкати «Motorola» тавонист аввалин дастгоҳи алоқаи мобилиро ихтироъ кунад.

Аввалин телефони мобилии Motorola DynaTAC вазнаш беш аз 1 кило ва дарозияш тақрибан 22 сантиметр буд ва назар ба телефони мобилии муосир бештар ба хишт шабоҳат дошт.

Дар ҳолати интизорӣ Motorola DynaTAC метавонад то 8 соат кор кунад, дар ҳолати гуфтугӯ тақрибан 1 соат кор мекард. Аммо барои нерӯ гирифтани дастгоҳи мазкур бештар аз 10 соат вақт лозим буд. Ин телефон дисплей ва дигар хусусиятҳои иловагӣ надошт.

Дар панели пеши он 12 тугма мавҷуд буд: 10 рақам ва 2 тугмаи махсус барои оғоз ва қатъ кардани занг. Агар муошират бо ҳамсуҳбат қатъ мешуд, зангзананда бояд рақами телефонашро дубора мегирифт.

Илова ба андозаҳои бузург ва вазни сангини худ телефони мобилии Motorola як нархи ҳангуфт дошт. Арзиши он тақрибан 3500 доллар буд, ки имрӯз ин нарх ҳатто нисбат ба муосиртарин телефонҳои ҳушманд гаронтар аст.

Аз аввалин занги телефони мобилӣ тақрибан 10 сол гузашт, то фанновариҳои телефони мобилӣ оммавӣ шавад.

Маҳз ҳамин қадар вақт ба Motorola барои ҳалли тамоми мушкилоти идорӣ ва фанноварии марбут ба роҳандозии хадамоти мобилӣ лозим шуд.

Танҳо дар соли 1984 ҳамагӣ як сол пас аз ба кор андохтани Ameritech Mobile, аввалин шабакаи мобилии ИМА, пойгоҳи муштариёни ин ширкат беш аз 12 000 нафар муштарирро ташкил дод.

Бояд гуфт, ки дар айни замон бар асоси омори расмӣ шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 8,3 миллион нафар аст, ки аз ин шумора 6,4 миллион нафар корбари фаъоли алоқаи мобилӣ ҳастанд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед