Ru  | Tj
Ривояти фирори Ғанӣ пас аз моҳҳо. Наздикони Ашраф Ғанӣ сирри фирорро фош мекунанд!
Ривояти фирори Ғанӣ пас аз моҳҳо. Наздикони Ашраф Ғанӣ сирри фирорро фош мекунанд!
Аксҳо: Аз Интернет

Ривояти фирори Ғанӣ пас аз моҳҳо. Наздикони Ашраф Ғанӣ сирри фирорро фош мекунанд!

Нашр шуд

Раиси Шӯрои амнияти Афғонистон Ҳамдуллоҳ Муҳиб дар суҳбат бо “Садои Амрико” гуфта, тасмими ниҳоӣ барои хориҷ шудан аз Афғонистонро замоне гирифтанд, ки Толибон* ба дарвозаҳои Арг наздик шуда буданд ва дигар имкони ҷангидан дар муқобили онҳоро надоштанд.

Ин изҳороти Ҳамдуллоҳ Муҳиб, яке аз наздиктарин афроди Ашраф Ғанӣ баъди чанд моҳи фирори ӯ матраҳ мешавад. То ин замон ҳеҷ яке аз наздикони ӯ ба таври мустанад аз шеваи фирори ӯ қисса накарда буданд. Раиси Шӯрои амнияти ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар ин гуфтумони ба зоҳир бепарда ҷузъиёти фирори Ашраф Ғанӣ аз Арги президентро нақл мекунад.

Вай дар ин мусоҳиба намояндаи вижаи раисиҷумҳури Амрико оид ба Афғонистон Зулмай Халилзодро омили аслии пирӯзии Толибон ва шикасти артиши омӯзишдидаи Афғонистон дониста, мегӯяд “Халилзод дасти Толибонро гирифта, ба Кобул овард”.


Халилзод тарроҳи суқути Кобул буд?

Бархе коршиносони масоили Афғонистон бар ин боваранд, ки намояндаи вижаи Амрико Зулмай Халилзод бо тарҳи созишномаи сулҳ ва имзо бо ин гурӯҳ ба онҳо мавқеият дод, то ғурури козиби пирӯзиро дар худ эҳсос кунанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳошия қарор додани ҳукумати марказии Афғонистон боис шуд, ки Толибон дар хостаҳои худ зиёдаравӣ кунанд ва гуфтушунид бо ҳукуматро ба таври ҷиддӣ дунбол накунанд. Мушовири Шӯрои амнияти ҳукумати Ашраф Ғанӣ Ҳамдуллоҳ Муҳиб гуфт, раванди музокирот нишон медод, ки Толибон боварманд ба сулҳ нестанд ва аз ҷониби дигар таблиғоти расонаҳо ва дӯстони хориҷии ҳукумати Афғонистон рӯҳияи секторҳои амниятии Афғонистонро дарҳам шикаста буд.

Ӯ бо ишора ба стратегияи Зулмай Халилзод барои сулҳ мегӯяд, аз ибтидо Амрико бо нодида гирифтани ҳукумати Ашраф Ғанӣ рӯҳияи артиш ва кормандони ниҳодҳои асосии ҳукуматро шикаст. Ба бовари ӯ, таблиғоти манфии ниҳодҳои дипломатияи ғарбӣ, ки ба шикасти нерӯҳои артиши Афғонистон таъкид мекарданд, бар зарари рӯҳияи артиши Афғонистон будааст. “Шикояти мо аз дӯстони байналмилалиямон ин буд, ки онҳо рӯҳияи аскарони моро заиф месохтанд”. Вай дар идомаи ин суҳбат мегӯяд, ки нашри ахбори рӯҳияшикан дар расонаҳо, махсусан ин хабар, ки низоми Афғонистон дар шаш моҳи баъд суқут мекунад, рӯйи рӯҳияи аскарони Афғонистон таъсири манфӣ мегузошт.

Ин иддаои Ҳамдуллоҳ Муҳиб дар ҳолест, ки чанде қабл Халилзод дар гуфтугӯе бо шабакаи “Тулуъ” ҳукумати Ашраф Ғаниро гунаҳкори асосӣ дар шикасти сулҳ донист ва ишора дошт, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ монеи аслии сулҳ буд. Ин иддао на фақат аз сӯйи Зулмай Халилзод, балки аз ҷониби бархе раҳбарони сиёсии дигар низ садо дода буд. Наздиктарин фарди Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мегӯяд, ки аз раванди баррасии авзоъ маълум буд, ки Толибон ба сулҳ боварманд нестанд ва аз ҷониби дигар, нерӯҳои амниятӣ низ ангезае барои муқовимат бо Толибонро надоштанд. Ин ҳама, ба гуфтаи ӯ, натиҷаи музокироти сесолаи Зулмай Халилзод будааст. Вай иттиҳоми Халилзод дар мавриди нодида гирифтани сулҳ аз ҷониби ҳукумати Ғаниро рад карда, мегӯяд: 

“Бисёр мушкил аст, ки ҷаноби Халилзод биёяд ва як каси дигарро маломат кунад. Дар ҳамин се соле, ки ӯ музокиротро пеш мебурд, чандин ваъда ба мардуми Афғонистон дода шуд. Ҳар рӯз мегуфт, ин музокироте, ки мо анҷом медиҳем, чор асл дорад ё куллашон мешавад ё ҳеҷ кадомашон намешавад. Ин се сол Халилзод, мутаассифона Толибро аз даст гирифта ба Кобул овард. Чун моро мегуфт, ки Шумо ҳатто дифоъ накунед. Ҳар сол нерӯҳои дифоиву амниятии мо амалиёти тасфиявӣ анҷом медоданд. Се сол мо ин корро анҷом дода натавонистем. Вақте Халилзод мегӯяд, каси дигар маломат аст ва ҳанӯз ҳам ба гапаш касе бовар мекунанд, ин барои ман бисёр ҷойи таассуф аст.”


Бо вуҷуде, ки раиси Шӯрои амнияти ҳукумати Ғанӣ дар ин суҳбат аз муттаҳамкуниҳо шона холӣ мекунад, вале мурури кӯтоҳ ба руйдодҳои як соли ахир нишон медиҳад, ки ҳукумати марказии Афғонистон дар гирифтани тасмими ҷиддӣ барои сулҳ аҷалае надоштааст. Навиштаҳо ва суҳбатҳои Ашраф Ғанӣ собит месозад, ки ӯ монеи таслимдиҳии ҳукумат ба ҳукумати муваққат шуда ва ҳатто боре гуфта будааст, ки ҳукумати муваққат ҳеҷ вақт ташкил намешавад.

Бархе коршиносон ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро Толибон ба ваъдаи охирини худ пойбанд намонданд? Толибон баъди суқути шаҳрҳои Ҳирот ва Балх гуфта буданд, ки то ташкили ҳукумат ба шаҳри Кобул ворид намешаванд. Аммо рӯзи 12-уми август пас аз он ки хабари фирори Ашраф Ғанӣ дар расонаҳо паҳн шуд, ба шаҳри Кобул ворид шуданд ва ниҳоят Арги президентро зери тасарруфи худ дароварданд. Пойгоҳи хабарии “New Yorker” аз қавли манобеаш навишт: “Халилзод ба ёд меоварад, ки субҳи он рӯз дар Давҳа бо Бародар мулоқот кард. Бародар дар ҷараёни гуфтугӯяшон “мувофиқат кард, ки вориди Кобул нахоҳад шуд” ва ба афроде, ки ба гуфтаи Бародар шомили “садҳо” толибоне буд, ки қаблан вориди пойтахт шуда буданд, фармони ақибнишинӣ хоҳад дод. Бар асоси имтиёзоти Ғанӣ дар рӯзи қабл Халилзод умедвор буд, ки битавонад оташбаси дуҳафтаӣ барқарор карда ва интиқоли низомманди қудрат дар Кобулро тартиб диҳад, то ба таъйиди як “Луи ҷиргаи кӯчак” бирасад”.

Толибон бар хилофи тааҳҳуди худ вориди Кобул шуданд ва артишу ҳукумати Афғонистон рӯзи 16-уми август фурӯ пошид. Ҷаҳон ангушти ҳайрат мегазид. Толибон бо амомаҳои сиёҳ ва қамчин вориди Кобул шуданд. Писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд бо як чархбол аз Кобул ба Панҷшер рафт. Ҳеҷ садое аз муовини аввал Амруллоҳ Солеҳ набуд. Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ ба сукути мутлақ рафта буданд. Аз вазирони амнияту дифоъ ва полис ҳеҷ нишоне набуд. Рӯзномаҳо аз марши пирӯзии Толибону ваҳшати мардуми овораи Кобул сухан мегуфтанд. Ашраф Ғанӣ ва ҳалқаи кӯчаки атрофаш фирор карданд. Ашраф Ғанӣ чӣ гуна тавонист фирор кунад? Ин суол ҳанӯз аз сӯйи бархе расонаҳо матраҳ мешавад ва мехоҳанд ҳақиқати он бармало шавад.


Ғанӣ чӣ гуна фирор кард ва араби ношиносе пеш аз фирор ба ӯ чӣ гуфт?

Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон тадқиқоти тозае бо номи “Фирор аз майдончаи Арг” нашр кард, ки манбааш дастаи муҳофизони Ашраф Ғанӣ аст. Дар ин тадқиқот лаҳза ба лаҳзаи як рӯзи президентии Ашраф Ғанӣ ва шеваи фирори ӯ нақл шудааст. Ин рӯзнома менависад: “Соати 10 то 11-и субҳ ҷенерол (генерал) Коҳири Кучӣ, раиси Пӣ-пӣ-эс, (ниҳоди муҳофизати президент) ба танҳоӣ як араби дуруштандомро ба сӯйи сохтмони ҳарамсаро раҳнамоӣ мекунад. Сарбозон бо тааҷҷуб ба ҳамдигар нигоҳ мекунанд, зеро роҳнамоии меҳмонон кори фармондеҳи нерӯҳои вижа нест. Ҳеҷ касе аз омадани ин меҳмон иттилоъ надорад, кистии ҳувияти ин меҳмонро ҳам касе намедонад. Хилофи усули қоидаҳои Пӣ-пӣ-эс Кучӣ марди арабро, ки либоси сафеди баланд бар тан дорад, ба ҳарамсаро назди расиҷумҳур мерасонад.

Лаҳзае баъд Ваҳид Умар бо саросемагии бисёр, дар ҳоле ки як букс (сумка) зери бағал дорад, аз қасри Гулхона берун мешавад. Рангаш сурх шуда ва бисёр вархато аст. Аз Умар мепурсад: “Умар соҳиб кадом гапе ҳаст?” Ваҳид Умар посух медиҳад: “Фикр кунам масъалаи Афғонистон халос аст”. Дубора мепурсад: “Ҳоло куҷо меравед: “Ҳар касе як тараф меравад, гап халос аст”.

Дар идома муаллифи ин тадқиқот менависад, ки баъди вуруди араби ношинос ба Арг кормандони Арги раёсати ҷумҳурӣ ба такопӯ меафтанд ва саросемагӣ фазои кулли Аргро мегирад. Дар майдончаи Арг чанд чархбол дар ҳоли омодабош қарор доранд. Мошинҳои сиёҳшиша ба сӯйи чархболҳо мераванд: “Чархболҳо рӯшан мешаванд, аммо Раҳматуллоҳ Усулӣ, фармондеҳи кандаки ҳавоии Арг, ки пилоти чархболи раисиҷумҳур низ буд, чархболҳоро хомӯш мекунад ва ба раисиҷумҳур мегӯяд: 

“Бори чархболҳо зиёд аст ва парвозро хатарнок сохтаааст, бо ин вазн парвоз кардан ғайриимкон аст”.


Касе, ки ба эҳтимоли зиёд генерал Кучӣ, фармондеҳи Пӣ-пӣ-эс аст, садо мекунад “то майдон фосила кам аст, парвоз кунед”. Усулӣ бо исрор таъкид мекунад: “Парвоз бо ин бор мумкин нест, ман ин хатарро қабул намекунам”.

Ин ҷо маҷбур мешаванд, ки миқдоре аз пулҳоро бо 8 тан аз сарбозон аз чархболҳо берун кунанд. Чархболҳо дубора рӯшан мешаванд”.

Рӯзнома ба нақл аз манбаъи худ менависад, ки нафаре аз гурӯҳи муҳофизати Ғанӣ ба Карзай мегӯяд, ки Ашраф Ғанӣ фирор кард ва Афғонистон бе роҳбар мондааст.

Чанд лаҳза баъд Толибон вориди Арг мешаванд ва ин хабар дар кулли расонаҳои ҷаҳон пахш мешавад.

Ашраф Ғанӣ ва чанд тан аз дӯстони наздикаш ба Ӯзбакистон мераванд ва аз он ҷо ба Имороти Муттаҳидаи Араб.

Пойгоҳи иттилоотии “New Yorker” лаҳзаи фирори Ғанӣ ва Руло Ғанӣ, ҳамсарашро ин гуна тасвир мекунад: “Муҳиб ҳудуди соати 2 ба иқоматгоҳи Ғанӣ бозгашт. Ӯ Рулоро бо як мототскл то назди чархболи пушти Кохи Дилкушо ҳамроҳӣ кард. Қарор буд, ки онҳо ба майдони ҳавоии байналмилалии Ҳомид Карзай рафта ва аз он ҷо бо ҳавопаймои Иморот парвоз кунанд. Се фарванд аз чархболҳои Mi-17-и раиси ҷумҳур акнун дар Арг буданд. Чаҳорумӣ дар майдони ҳавоӣ буд. Ӯ мутаваҷҷеҳ шуд, ки пилотҳо чархболҳоро пур аз сӯзишворӣ кардаанд. Зеро мехостанд ҳар чӣ сареътар мустақиман ба Тоҷикистон ё Ӯзбекистон парвоз кунанд. Пилотҳо намехостанд бо Руло ба майдони ҳавоӣ бираванд, зеро гузоришҳое дарёфт карда буданд, ки сарбозони шӯришии афғон чархболҳоеро дар он ҷо тавқиф ё замингир кардаанд. Кӯчӣ, раиси горди президент ба Муҳиб наздик шуд. Ӯ гуфт: “Агар Шумо кишварро тарк кунед, ҷони президентро ба хатар хоҳед андохт”. Муҳиб пурсид: “Мехоҳед бимонам?”. “На, ман аз Шумо мехоҳам, ки президентро бо худ бубаред”. Муҳиб мутмаин набуд, ки дар сурати вуруди Толибон ба дохили қаср муҳофизони Ғанӣ вафодор бимонанд ва Кучӣ барояш возеҳ кард. Муҳиб ба Руло кӯмак кард, то савори чархболи президент шавад ва аз ӯ хост сабр кунад. Ӯ бо Кучӣ ба маҳалли иқомат баргашт. Ғаниро дид, ки дохил истода буд ва дасташро гирифт: 

“Ҷаноби президент замони рафтан фаро расида, бояд биравем”. Ғанӣ мехост барои ҷамъоварии васоил ба табақаи боло биравад, аммо Муҳиб нигарон буд, ки ҳар дақиқаи таъхир онҳоро бо таҳдиди шӯриши ношӣ аз ваҳшати муҳофизони мусаллаҳ мувоҷеҳ кунад. Ғанӣ бидуни шиносномааш савори мошин шуд”.

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури фирории Афғонистон чанд рӯз баъд аз фирор бо пахши баёнияи масхараомезе гуфта, маҷбур шудааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ Кобулро тарк кунад.

Ин ҳарфҳо аз забони наздикони Ғанӣ ва тими муҳофизонаш ба расонаҳо паҳн шудааст. Аммо ҳама мегӯянд, ки Ашраф Ғанӣ ҳукуматро хоста ба Толибон таслим кардааст ва нагузоштааст, ки як ҳукумати фарогир бо ҳифзи ниҳодҳои давлатие, ки барои сохтанаш миллиардҳо доллар масраф шуда, ташкил шавад.


Мувоқимат вуҷуд дошт ё на?

Бисёре аз коршиносони низомӣ муқовимат дар баробари Толибонро ба сифр баробар медонистанд ва мегуфтанд, ки артиши Афғонистон тавоноии ҷангиданро надорад. Ҳатто низомиҳои амрикоӣ низ қабл аз суқути ҳукумати Кобул чанд бор ин нуктаро баён карда буданд.

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки пас аз суқути Кобул Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд шакл гирифт ва ҷанги онҳо бо Толибон чанд рӯз идома пайдо кард. Ҳоло тибқи ахбори расонаҳо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ доманаи амалиётҳои худро густариш додааст. Дар як ҳафтаи ахир 61 Толиб дар ҷанг бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кушта шудааст.


Ба назар мерасад бо фирори Ашраф Ғанӣ ва суқути низоми қонунии Афғонистон парвандаи ҷанг дар ин кишвар баста нашудааст. Давлатҳо ҳукумати Толибонро расман эътироф намекунанд ва Толибон дар моварои бесарнавиштӣ ва инзивоъи байналмилалӣ қарор гирифтанд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Вазири собиқ ва хатмкардаи Оксфорд, ки дар кӯчаҳои Олмон питсарасонӣ мекунад. Содот чӣ гуна аз вазорат ба ғизорасонӣ омад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед