Ru  | Tj
Сӯзанӣ. Эҳёи ҳунари бостонии гулдӯзӣ дар Тоҷикистон
Сӯзанӣ. Эҳёи ҳунари бостонии гулдӯзӣ дар Тоҷикистон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Сӯзанӣ. Эҳёи ҳунари бостонии гулдӯзӣ дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Шарқ бо чӣ алоқаманд аст? – Албатта, он чӣ дар навбати аввал ба зеҳн мерасад, гуногунрангии ғании матоъҳо ва гулдӯзиҳои рӯшан аст, ки дар ҳама ҷо мавҷуд аст. Гулдӯзии дастдӯз, аз қабили либосҳои ҷашниву рӯзмарра, ҷиҳози хона, ҷавоҳирот мардуми Осиёи Миёнаро дар тӯли зиндагияшон ҳамроҳӣ мекунад. Умуман муҳимтарин рухдодҳои ҳаёти инсон ҳамеша бо унсурҳои ороиши суннатӣ такмил шудааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти вижае дода мешавад. Тоҷикҳои муосир талош мекунанд, то ҷое, ки мумкин аст, ҳувияти миллиашонро бо илова кардани васоили суннатии дастдӯз ба гардероб ва ё ороишот ифода кунанд. Маҳбубтарин гулдӯзӣ – сӯзанӣ аст,  аммо теъдоди каме аз мардум дар мавриди маънои ин нақшҳои сода фикр мекунанд. Бинобар ин тарроҳ Мунира Оқилова, бунёдгузори намономи тоҷикии “Мунир” дар Тоҷикистон ба баргузории дарсҳои озод ва давраҳои омӯзишӣ оғоз кард, то мардум дар баробари арзёбии зебоии ороиши тоҷикӣ маънои хоси онро дуруст шарҳ диҳанд.

Яке аз чунин дарсҳои озод ба наздикӣ дар Душанбешаҳр баргузор гардид. Дар чаҳорчӯби ин маърака намоишгоҳи дурӯзаи маҳсулоти дастсоз, дарсҳои ҳунарии гулдӯзӣ ва баҳсҳои озод баргузор гардид.


Саргармии даврони кӯдакӣ, ки табдил ба пеша шуд

Дар Тоҷикистон, бавижа дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз даврони кӯдакӣ ба духтарон дӯзандагӣ ва гулдӯзӣ меомӯзанд. Аз қадимулайём чунин буд, аз ин рӯ дар ҳоли ҳозир тақрибан дар ҳар хонаводаи тоҷик фарде ҳаст, ки ба хубӣ дӯзандагӣ ва гулдӯзӣ мекунад. Мунира низ дар айёми кӯдакӣ нозукиҳои гулдӯзии миллиро аз худ кард.

«Беш аз 15 сол дар донишгоҳ аз фанни иқтисод дарс медодам ва фақат дар вақти фароғатиям даст ба гулдӯзӣ мезадам. Аз синни 10 мисле аксари духтарон рӯсарӣ медӯхтам ва танҳо дар солҳои 2000-ум ба гулдӯзии расмҳо оғоз кардам. Бо мурури замон мехостам, ки коркардҳоям қалбҳоро тасхир кунанд, аз ин рӯ расмҳои гулдӯзиямро дар қолабҳои зери шиша гузоштам, то онҳоро ба муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта тавонам. Ман аз кашидани нақҳшоямон бо нах хушҳол шудам”, - мегӯяд тарроҳ Мунира Оқилова.

"Ҳомили нур"

Бори нахуст Мунира дар соли 2006 пас аз сафар ба ИМА ва боздид аз иқоматгоҳи ҷамъу ҷури ҳиндуҳои Амрико, ки бо саноеъи дастӣ машғул буданд, дар мавриди тобишҳои маъноии нақшҳои тоҷикӣ андеша кард. Дар тӯли ин саёҳат ба ӯ дар мавриди аҳамияти ранг ва нақшу нигори матоъҳои ҳиндуҳо қисса карданд. Дар он лаҳза ӯ мутаваҷҷеҳ шуд, ки тақрибан дар тамоми зиндагии худ гулдӯзӣ кардааст, вале ҳаргиз ба маънои нақшу нигорҳои миллии писандидааш фикр накардааст.

Баъдан Мунираи иқтисоддон дар соли 2013 ба лоиҳаи тавсеъаи  ҳунарҳои мардумӣ дастрасӣ пайдо мекунад ва дар ҳамон сол тасмим мегирад, ки кори худро дор донишгоҳ тарк карда, дар синни 35 ба мактаби рассомии кӯдакона дохил шавад. Пас аз чанд сол ӯ зинаи бакалавриатро дар риштаи “тарроҳӣ ва ҳунарҳои графикӣ” ба поён расонид.

«Аз соли 2015 ба унвони мудири лоиҳа дар соҳаи саноеъи дастӣ дар Анҷумани тавсеъаи гардишгарии Зарафшон машғул ба кор ҳастам. Аз он замон тамоми тавоноиву ғайрати ман барои тавсеъаи лоиҳаи “Армуғон” равона шуда буд, ки маҳсулоти гулдӯзии дастиро истеҳсол мекардем. Соли 2021 тасмим гирифтем, ки номи лоиҳаи «Мунир»-ро, ки ба номи ман шабеҳ аст, тағйир диҳем. "Мунир" ба маънои "оварандаи нур" аст, ки фаъолияти маро дар чаҳорчӯби лоиҳаи мо дақиқтар бозтоб медиҳад. Мо ба манотиқи гуногун сафар мекунем, давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунем, ба занони русто тибқи талаботу стандартҳои муосир гулдӯзӣ меомӯзем. Мо дониш меоварем ва занони деҳотро омӯзиш медиҳем. Чашмони дурахшони онҳо атрофиёнро шод мегардонанд, бахусус замоне ки заҳмати онҳо натиҷаи назаррасро ба бор меорад”.

"СӮЗАНӢ" ЧИСТ?

«Сӯзанӣ» - матоъи ороиши дастӣ мебошад. Он дар Тоҷикистон ва Узбекистон қолини дастдӯзиест, ки бо риштаҳои абрешимӣ ё нахи дастӣ гулдӯзӣ мешавад: дӯхти сотин «босма» ё дӯхти занҷирӣ «юрма». Ин гулдӯзӣ бар рӯйи порчаи нахӣ, абрешимӣ ё махмалӣ, ки бо қайтон ё порчаи мушкии махсус дӯхта шудааст. Дар нақшҳо бештар гулҳо, меваҳои дарахтон, парандагон ва рамзҳои ҷодугарии бостонӣ бартарӣ доранд.

ҲАР ЯК МИНТАҚА ГУЛДӮЗИИ МАХСУСИ ХУДРО ДОРАД

Ҳар як минтақаи Тоҷикистон мактаби гулдӯзӣ ва вижагиҳои хоси худро дорад. Ба таври кулл сӯзаниро наметавон ба марзҳои сиёсӣ тақсим кард, зеро масалан ҳамон Зарафшон аз Тоҷикистон то Узбекистон тӯл мекашад, ё водии Фарғона ҳамзамон 3 ҷумҳуриро фаро мегирад. Ин пайванди фарҳангҳо ба таври қобили таваҷҷуҳ дар гулдӯзии суннатӣ бозтоб ёфтааст. Бинобар ин беҳтар аст, ки анвоъи гулдӯзиро бар асоси минтақа дастабандӣ кард.

Ҳар як минтақа вижагиҳои хоси худро дорад. Масалан, сӯзании Хуҷанд рӯйи пасманзари мушкӣ ва доираҳо бо рангҳои гулобӣ, сурх ва қирмизӣ гулдӯзӣ шудаанд. Мактаби Хуҷанд мутаалиқ ба водии Фарғона аст, аз ин рӯ дар нақшҳо нозукӣ ва лутфу марҳамат мушаххас мешавад. Рӯйи чунин сӯзаниҳо аксари вақтҳо дар маркази доира нақши «изи уштур» мавҷуд аст, ки ин ҳам яке аз вижагиҳои он аст.

Сӯзании Истаравшанӣ таъсири водиҳои Зарафшон ва Фарғонаро бо ҳам таркиб мекунад, зеро Истаравшан аз назари ҷуғрофӣ дар чорроҳаи онҳо қарор дорад. Рӯйи чунин газворӣ хатҳои нозуки билофосила қобили таваҷҷуҳ ба назар мерасанд, аммо доираҳо нисбати хуҷандӣ калонтар мебошанд. Имрӯз метавон ин навъи сӯзаниро бо нархи муносиб дар фурӯшгоҳ ва намоишгоҳҳо дастрас кард.

Мактаби гулдӯзии Зарафшон бо доираҳои азим ва бузург фарқ мекунад. Ғолибан мушаххасаи сӯзании зарафшонӣ нақшу нигори серанга аст. Дар пасманзари сафед доираҳо бо нахҳои мушкӣ ё омезиши риштаҳои қирмизию сурх гулдӯзӣ шудаанд. Заминаи сафед ба маънои шодӣ, осмони осоишта, сулҳу оромӣ ва покии ботинӣ ва берунӣ аст. Доира – мазҳари офтоб, намоди гармӣ ва ҳаёт аст. Сурх – ранги хун аст, нишонаи оғози зиндагӣ ва ишқ аст. Ранги сиёҳ аксари вақтҳо бо мушкилот ҳамроҳ ва ё намоди шаб аст.

Дар Хатлон сӯзанӣ рӯйи пасманзари сурх гулдӯзӣ мешавад, ки дар он доираҳои бузург ғолибан ба назар мерасанд. Маъмулан дар сӯзании Хатлон истифодаи ранги сиёҳ манъ аст ва он бо ранги бунафш ҷойгузин мешавад, махсусан агар сӯзаниро ба унвони маҳри арӯс гулдӯзӣ кунанд, зеро сиёҳ намоди мотам маҳсуб мешавад.

Гулдӯзии Ғарм ё Рашт бо назокат ва ҷузъиёти худ фарқ мекунад. Бо истифода аз намунаи либоси “чакан” метавон мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар интихоби рангҳо тақорун вуҷуд надорад – ҳар як унсур инфиродист, ки ин навъи гулдӯзиро низ беназир мегардонад.

Гулдӯзии Дарвоз яке аз печидатарин ба шумор меравад, зеро аз қисмати пушти маҳсул гулдӯзӣ мешавад. Имрӯз он ниҳоят беназир аст, бинобар ин бояд эҳё шавад.

Гулдӯзии Бадахшон бо нақшҳои ҳандасии худ барҷаста аст. Махсусан рӯйи тоқиҳо ин накшҳо хеле кӯчак ва боназокат ҷой дода мешаванд.

Дар гулдӯзии муосир косибон корбурди нақшҳои ҷадидро оғоз карданд. Ҳамакнун ҳар давраҳо аз таърихи кишвар таъсири хоси худро дорад. Барои мисол, ин рӯзҳо метавон тикаҳои “кандакорӣ»-ро дар гулдӯзӣ пайдо кард. Дарахти зиндагӣ низ аксаран дар ороиш тасвир шудааст, ки рамзи оила ва идомаи насл мебошад.


"ҲУНАРДАРМОНӢ"

Мунира Оқилова ба унвони мутахассиси гулдӯзӣ ба ин бовар аст, ки гулдӯзӣ на танҳо эҷоди ҳунарҳои зебо бо сабки миллӣ, балки роҳи барои ором кардан, дур шудан аз нигарониҳо ва афкори бад аст. Зане, ки рӯйи сӯзанӣ кор мекунад, ҳамоҳангии даруниро пайдо мекунад, маҳоратҳои ҳаракатҳои зарифро тавсеъа медиҳад ва рангҳои рӯшану пурранг руҳияи худро беҳтар мекунанд.

ҲИФЗИ МАРОСИМҲОИ СУННАТӢ

Мунира Оқилова дар ҳоли ҳозир машғули кор бар рӯи китобест, ки дар он тамоми иттилоъоти марбут ба тоқиҳои миллии тоҷикиро ҷамъоварӣ хоҳад кард.

«Ман ин мавзуъро ба он хотир интихоб кардам, ки имрӯз афроди каме дар ин росто кор мекунанд. Гулдӯзӣ барои аксарият маънои сӯзанӣ, нақшунигори зебои рӯйи либос ё ороишоти дастсоз аст. Бо ин ҳол таърихи фарҳангии мо ғанитар аз он чизе аст, ки мо фикр мекунем. Ин китоб тасвири графикии ҳамаи анвоъи тоқиҳо, гурӯҳбандии онҳо аз рӯйи минтақаҳо, вижагиҳо ва маънои гулдӯзиро ироа мекунад».

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед