Ru  | Tj
Сада. Чанд далели ҷолиб дар бораи ин ҷашни ниёгон
Сада. Чанд далели ҷолиб дар бораи ин ҷашни ниёгон
Аксҳо: Нозим Қаландаров

Сада. Чанд далели ҷолиб дар бораи ин ҷашни ниёгон

Нашр шуд

Сада яке ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик мебошад, ки аз қадимулайём онро бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд. Ҷашни Сада аз сипарӣ шудани фасли зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва аз оғозёбии кори деҳқон мужда мерасонад. Фарорасии ин ҷашн аз рӯйи солшумории ҳиҷрӣ ба даҳум рӯзи Баҳманмоҳ  ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба рӯзи 30-юми январ рост меояд. Сада пас аз ба охир расидани 40 рӯзи шаби Ялдо ҷашн гирифта мешавад, ки гувоҳидиҳандаи пирӯзии гармӣ бар сардӣ аст.

Сада дубора эҳё шуд

Ҷашни Сада ҳамчунин, ба хотири гиромидошти неъмати бузурги табиат - оташ  таҷлил мегардид. Ҳарчанд ин ҷашн таърихи қадима дорад ва дар Тоҷикистон имрӯзҳо бо шукӯҳи хоса таҷлил карда мешавад, вале  як муддате аз назарҳо дур монда буд. Он чанд сол пеш ба ҳаёти мардуми тоҷик дубора баргашт.

Баъди  қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар баробари дигар ҷашну оинҳои  миллӣ, ҷашни Сада дубора эҳё гардид. Ҳоло  иди Сада рӯзи 30-юми январ дар Тоҷикистон ҳамасола бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Оташ-яке аз рамзҳои асосии ҷашни Сада

Тибқи гуфтаҳои донишмандон мардуми қадимаи ориёитабор ҷашни Садаро бо афрӯхтани оташи бузург барпо менамуданд. Онҳо бо ин амали худ бовар доштанд, ки замони сардӣ ба охир расидааст ва гармиву нармӣ вориди рӯзгори мардум мегардад. Хушҳолии худро аз гузаштани фасли сардӣ бо афрӯхтани оташ, ки рамзи рӯшноӣ ва гармӣ буд, иброз медоштанд. Мардуми қадими ориёӣ ба он боварманд буданд, ки гӯё бо ин амали худ бозмондаҳои сардиро ба гармӣ бадал мекунанд.

Таърихи ҷашни Сада

Мувофиқи ривояти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ гӯё асосгузори ҷашни Сада шоҳи сулолаи Пешдодиён - Ҳушанг мебошад. Чуноне оварда мешавад, рӯзе Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёни худ барои шикор ба саҳро меравад ва дар онҷо бо море рӯ ба рӯ мешавад. Шоҳ ба қасди куштани мор ба сӯйи ӯ сангеро партоб мекунад, аммо мор ҳамон замон нопадид мешаваду санг ба санги дигаре бармехӯрад ва оташаке падид меояд. Ба ин васила оташ кашф мегардад, ки минбаъд одамон ин рӯзро муборак меҳисобиданд ва ҳамасола ҷашн мегирифтанд.

Вожаи “Сада” ва алоқамандии он бо рақами 100

“Сада” вожаи форсӣ аст ва дар манбаъҳо ба маънои рақами “100” омадааст. Фосилаи миёни ҷашни Сада ва Наврӯз 50 шабонарӯз, яъне 50 рӯз ва 50 шабро ташкил медиҳад, ки ба ин хотир номи онро Сада гузоштаанд. Иди Сада пас аз сад рӯзи ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ ва панҷоҳ рӯз то таҷлили Наврӯз рост меояд. Моҳияти вожаи садаро ин арҷгузорӣ ба неъматҳои бузурги табиат - оташ, гармӣ ва рӯшноӣ ташкил медиҳанд.

Афрӯхтани оташи бузург

Ҷашни Садаро бо садои карнаю сурнай пешвоз мегиранд ва дар идома гулхани бузургеро афрӯхта, аз болои он мепаранд. Ҷашни Сада аз наздик шудани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз мардумро огоҳ менамуд. Дар гузашта ба эътиқоди мардум ҳар қадар, ки шӯълаҳои оташ баландтар бошад, ҳамон сол дар ҳаёти деҳқонон пурфайзу бобарак ва серҳосил меояд. 

Оростани дастурхони идона - “Далда” хӯроки асосии ҷашн

Ба муносибати ин ҷашн ва муждаи расидани фасли баҳор занони тоҷик суфраи идона мекушоянд ва таомҳои миллиро омода мекунанд. Таоми анъанавии иди Сада - далда мебошад. Ин хӯрокро дар минтақаҳои Тоҷикистон бо тарзҳои гуногун омода мекунанд. Гандуми куфташударо ба оби ҷӯш меандозанд ва якчанд намуди лӯбиёгиҳо ва сабзавотро илова намуда, рӯйи дегро мепӯшонанд ва дар давоми се соат хӯроки миллии далда омода мешавад.  Хӯрокҳои ҷашниро бештар аз донагиҳо: гандум, нахуд, лӯбиё, наск, мош омода мекунанд. Дастархони ҷашниро бо хӯрокҳои гуногуни миллӣ ба мисли оши палов, далда, ширбиринҷ, кашк, умоч, қурутоб, фатирмаска, самбӯса ва ҳар гуна мевагиҳо ороиш медиҳанд. 

Дуруди деҳқон ба фасли баҳор 

Кишоварзону деҳқонон ҳар сол фарорасии ҷашни Садаро интизор мешаванд, оташ меафрӯзанд ва ба умеди зудтар расидани фасли баҳор гирди он давр мезананд. Баъдан хокистари гулхани афрӯхтаро ҷамъ намуда, бо нияти бобарор омадани ҳосили нав онро дар заминҳои кишоварзиашон мепошанд.

Ва дуо мекунанд, ки баҳори имсола бо худ файзу баракат ва фаровонҳосилиро биёрад. Деҳқонон дар ин айём маҳсулоти лозимии худро омода карда, ҷӯйбору заҳбурҳои худро тоза намуда ва ба заминҳои кишоварзӣ ва боғбонии худ яхоб мемонанд. 

Намоиши оинҳои миллӣ

Ҳар сол дар Тоҷикистон ба хотири таҷлили бошуқӯҳи ҷашни Сада макони муайянеро интихоб менамоянд ва ба ҷашнгоҳ мардумони зиёде гирди ҳам меоянд. Дар ин ҷашнгоҳ намоиши ниҳолу зироатҳои кишоварзӣ, олоти кории деҳқонон, маҳсулоти дасти  ҳунармандон ва маъракаи сурудхониву таблиғи оинҳои миллӣ баргузор мегарданд.


Пётри Кабир меъмори Русияи подшоҳӣ. Ӯ дар орзуи қудратманд шудани кишвараш буд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед