Ru  | Tj
Таътилро бояд чӣ гуна гузаронид?
Таътилро бояд чӣ гуна гузаронид?
Аксҳо: Аз Интернет

Таътилро бояд чӣ гуна гузаронид?

Нашр шуд

Аз якуми январ хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни макотиби олӣ ба таътил баромаданд. Дар бораи таътил чӣ медонем, онро то чӣ андоза самаранок истифода мебарем ва кадом формулаҳои таътили идеалӣ вуҷуд доранд? Мо дар матлаби зер ба ин саволҳо ҷавоб хоҳем гуфт.

Шинохт дар бораи таътил


Таътил чист? Ба ин савол ҷавобҳо гуногунанд. Вале муҳимтаринҳояшро донистан аз фоида холӣ нест. Таътил замонест, ки байни дарсҳо дар ихтиёри толибилмон гузошта мешавад, муддатест, ки барои барқароршавии рӯҳиву ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст, лаҳзаест, ки набояд онро беҳуда гузаронид, вақтест, ки бо истифодаи дурусти он мо метавонем синфи нав ё курси навамонро аз варақи тоза оғоз кунем ва вақтест, ки на барои хоб ё бекорӣ, балки барои ҳаракат ба мо дода мешавад.

Бояд дар хотир дошт, ки таътилро мардуми дунё ҳар кадоме ба таври худ, ба қадри дарку фаҳмиши худ фаҳмида, онро мегузаронанд. Дар ин ҷараён мо низ истисно нестем ва бешӯбҳа метавон гуфт, ки таътили тоҷикона бисёр мураккаб буда, мардуми мо дар бораи он фаҳмиши гуногун доранд ва онро ба тарзу намудҳои хоси худу атрофиён мегузаронанд.


Яке сӯйи модараш нигариста, бепарвоёна мегӯяд: 

“Ба падарам гӯед, ки ман имсол ҳам таътиламро дар Италия намегузаронам”. Садои дигареро бошад, падараш бо оромӣ аз гӯшаки телефон мешунавад: “Додо, ина дарсову имтиҳонҳоям тамом шуданд ва шукр, ки ҳамаашро бе ягон мушкилӣ паси сар кардам. Ният дорам, ки дар таътил хона наояму коре ёфта, қарзи бонкро диҳем, ҳамон қарзеро, ки барои маблағи шартномаи донишгоҳам гирифта будед”. 

Саввумӣ таътил шудааст мегӯяду ба қавле хӯрда мегардад. Чаҳорумӣ бошад, каме дам гирам гуфта ба ким-кадом корҳо машғул мешавад. Панҷумӣ чӣ кор карданашрову шашумӣ чӣ гуна вақташро сарфа карданро намедонад. Ва ин рӯйхатро метавон давом дод, зеро тарзҳои таътилгузаронӣ гуногунанд.


Таътилро ҳар яки мо дар даруни ҳамин қолабҳо мефаҳмему медонем ва фикри ғолиб ҳам ин аст. Ҳамчунин, нафаронеро, ки аз ин қолаби муайян берун фикр кунанд, ба истиллоҳ, қолабшикан бошанд, бисёр кам вомехӯрем.

Вале бояд дар назар дошт, ки таътил доштан ё ба таътил баромадан маъноеро надоранд, ки пурра вақти дарихтиёрдоштаатро ба хоб, истироҳат, гандумдаравӣ, лагер, саёҳат… гузаронӣ, балки таътил ба мо вазифаву машғулиятҳои зиёдеро вогузор мекунад.

Холигиҳоро пур мекунем


Таътил, хусусан таътили зимистона вақтест, ки агар фикри хуб истифода кардану барои сипарӣ намуданаш кӯшиш кунем, бисёр корҳоро анҷом дода метавонем. Дар ин муддат, ки чандон вақти кам нест, шахси нақшадор ва мақсади муайяндошта оҳиста-оҳиста паҳлӯҳои нопурра ва ё каму кости худро пурра карда метавонад. Ва ҳамин аст, ки аксари одамони оқилу доно ба таътил баромаданро ҳаммаънои холигиҳои худро пур кардан медонанд.

Пеш аз ҳама барои хуб гузаронидани таътил бояд то омадани он нақшаи муайяне дошт. Бисёранд нафароне, ки маҳз бо надоштани нақшаи муайян таътили худро бефоида ва бенатиҷа сипарӣ мекунанд. Нақша доштан ин маъноеро дорад, ки вақти дар ихтиёр доштаамонро сарфакорона истифода кардан мехоҳем. Барои гузаронидани таътил нақша надоштан ҳаммаънои дар тобистон барф бориданро дорад, ки бо сабаби надоштани либоси гарм вақтро дар хона ва ё ҷойи гарми дигар кӯр кардан мехоҳем. Омадани барф дар тобистон ва фаро расидани таътил барои нафароне, ки аслан дар бораи таътил фикр накардаанд, ҳаммаъно шуда метавонад. Зеро ҳар ду ҳам ғайриинтизор ва тасодуфан меоянд ва ҳар чизеро, ки қадр накунем ё аҳамият надиҳем, он зуд аз мо меравад.


Ба ҳеҷ ваҷҳ таътилро ба мисли рӯзи охири ҳафта накунем. Мо як одати бад дорем, ки давоми ҳафта гоҳ бекору гоҳ бакор вақтамонро мегузаронем ва ҳама корҳоямонро ба охири ҳафта мегузорем. «Рӯзи якшанбе ҷомашӯйӣ мекунам, хонаи хешу табор меравам, корҳои мустақилонаро менависам, барои фалон ҳафтанома мақолаву барои фалон сомона мусоҳиба менависам, харид мекунам, камтар истироҳат мекунам, дар қурутобхонаи «Ҳамадонӣ» қурутоб ташкил мекунам…» мегӯем ва то охири ҳафта худамонро тасалло медиҳем, вале дар рӯзи муқаррар намудаамон хоҳиши иҷрои кореро надорем, чунки корҳоеро, ки бояд давоми ҳафта анҷом медодем, ба ин рӯз мондем ва яку якбора ҳама корҳои нокардаро дида, дигар аз ҳамааш даст кашида, амалеро анҷом медиҳем, ки аслан интизораш набудем. Масалан, «дар як ҳафта ман ҳам ҳуқуқи як филм диданро дорам» гуфта, дар ҷустуҷӯи филм мешавем ва он як филм дуто ва баъзан сето ҳам мешавад, ки дар интиҳо рӯзи барқароршавиямон кӯр мешавад ва боз аз пагоҳ ба дарс ё кор меравем.

Чанд бояд


Бояд дар хотир дошт, ки давоми соли таҳсил агар мо ҳама корҳоямонро ба таътиламон вогузор кунем, дар таътил интихоби кадомашро анҷом додан мушкил гашта, метавонад ба роҳгумӣ ва нодуруст гузаронидани вақти дардастдоштаамон сабаб шавад. Ва ин ҳамон ҷумлаи болоиро ба хотир меорад: «Барои хуб сипарӣ кардани таътил бояд нақшаи муайян дошт».

Барои он ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул кунем, ки таътил барои хоб кардан нест.

Барои он ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул кунем, ки вақти дарихтиёрдоштаамон махсус барои истироҳат кардан ба мо дода нашудааст.


Барои он ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул кунем, ки маънои бо китобҳо ва устодон ногап шуданро надорад.

Барои он ки чӣ гуна гузаронидани таътиламонро дарк намоем, бояд қабул намоем, ки барои баду нохуб ва бефоида гузаронидани таътил фардо пеши виҷдону волидон ва давлату миллат ҷавобгар ҳастем.

Хулоса ё чор пешниҳод


Чаро ҳар нафар наметавонад соати 3-и шаб аз хобаш бархезад? Ин савол ҷавоби бисёр сода дорад: чунки ҳар нафар дар он вақти шаб кори мекарданӣ надорад. Агар як нафар дар дилхоҳ вақт кори мекарданӣ дошта бошад, ҳатман дар ҳамон дилхоҳ вақт корашро анҷом медиҳад, вале бадбахтӣ дар он аст, ки мо кори мекарданӣ надорем. Ин ришта ба мову таътиламон алоқаманд аст. Агар барои таътили зимистонаамон аз моҳе қабл нақша кашида, кор ё корҳои анҷоммедодаамонро муайян кунем, пас барои гузаронидани таътил дигар чизе лозим нест, ин як.

Дуввум, хуб мешавад таътилро ба қисмҳои муайян, ки дар он порчаҳо корҳои аз ҳамдигар тафовутдошта меистанд, ҷудо кунем. Як нафар ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад таътилашро бо як кор ва як роҳ гузаронад.

Саввум, беҳтар аст, агар аз таътили касе нагирем ва ҳам ба касе иҷозати сиёҳ кардани вақтамонро надиҳем.

Ва чаҳорум, кӯшиш кунем, ки ноумедиҳоро бисӯзем ва мутаваҷҷеҳи худ бошем. Ҳама қувваамонро барои дигаргуншавӣ ва тағйирот даровардан ба зиндагиамон сарф кунем.


Мактаббачагони Тоҷикистон дар таътили зимистона чанд рӯз истироҳат хоҳанд кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед