Ru  | Tj
Театри ҷавонон - муаррифгари ҳунари театрии тоҷик
Театри ҷавонон - муаррифгари ҳунари театрии тоҷик
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Театри ҷавонон - муаррифгари ҳунари театрии тоҷик

Нашр шуд

Театри ҷавонони Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи А.В. Луначарский таъсис ёфтааст. 27-уми декабри соли 1971 бори аввал театр бо намоиши “Васса Железнова”-и М. Горкий пардаи худро ба рӯи тамошобинон боз намуда, соли 1977 барои намоишҳои "Васса Железнова"-и М. Горкий, "Модар"-и К. Чапек, "Робияи Балхӣ"-и А. Атобойев ва "Дилшод"-и Аъзам Сидқӣ сазовори ҷоизаи Кумитаи марказии Комсомоли ленинии Тоҷикистон гардидааст.

Ҳайати эҷодии театри навбунёдро бозингарон ва коргардонҳои ҷавон Дилбар Умарова, Мавлуда Обидова, Гулсара Абдуллоева, Асалбегим Саодатова, Сафаралӣ Қурбонов, Малика Ҷӯрабекова, Абдулҳафиз Қодирӣ, Ашӯр Ғуломов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Турахон Аҳмадхонов ва дигарон ташкил медоданд.

Театри ҷавонони Тоҷикистон соли 1979 номи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидовро гирифтааст. Дар матлаби зер роҳҳои тайнамуда, дастовардҳо ва камбуду вазъи имрӯзаи он маълумот хоҳем дод.

Аз толорҳои холӣ то бинандаи иҷборӣ

Айни замон Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидовро ҳунарпеша ва коргардони театр Қамариддин Мирзоев роҳбарӣ мекунад. Ӯ аз таваҷҷӯҳи зиёди мардум, аз ҷумла ҷавонон ба театр дар солҳои охир изҳори хушнудӣ намуд ва аз рӯзҳое ёд овард, ки барояш нигаронкунанд буданд: “Рӯзҳое буд, ки мо намоишномаҳои худро барои якчанд нафар дӯст, рафиқ ва хешу табор ба саҳна мегузоштем. Баъдан иҷборан овардани тамошобин ба театр ба анъана даромад. Дастандардкорони театр бо Вазорати маориф робита барқарор намуда, донишҷӯёну хонандагонро ба театр ҷалб мекарданд. Хушбахтона, ин кор ҳам ба низом даромад ва дар миёни онҳо нафароне пайдо гардиданд, ки ихтиёран ба театр меомадагӣ шуданд. Имрӯзҳо касе иҷборан ба намоишномаҳо ҷалб намегардад, фақат эълоне дар торномаи фейсбукии театр нашр мекунем, ки хушбахтона толори театрро пур аз тамошобин мебинем”.

Қамариддин Мирзоев аз давраи ҷавонии худ ёд овард, ки чӣ гуна мардум дар толор ҷои нишаст намеёфтанд, чун таваҷҷӯҳ ба театр он замон зиёдтар буд. Вале оҳиста-оҳиста ин таваҷҷӯҳ аз байн рафт ва толорҳо холӣ шуд. Набудани тамошобин аҳли театрро нигарон ва рӯҳафтода мекард, аммо маҳз талош ва кӯшиши аҳли театр барои ҷалби бештари мардум натиҷа дод.


Фазои ҷавонии Театри ҷавонон

Дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 33 нафар аҳли ҳунар ҷамъ омадаанд, ки 80 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Роҳбари театри ҷавонон дар сӯҳбат гуфт, ки яке аз рукнҳои асосии театр ба роҳ мондани намоишномаҳо дар бораи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба театр мебошад. Намоишномаи “Пайроҳаи зиндагӣ”, “Аскарӣ”, “Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ”, “Гунҷишкакон ҳам механданд”, “Тӯҳфа аз муҳоҷират” ва қисми зиёди намоишҳо атрофи ҳаёти ҷавонон қисса мекунад.

Намоишномаи “Пайроҳаи зиндагӣ” дар таҳияи коргардон Қамариддин Мирзоев таи даҳ сол аст, ки дар театр ба саҳна гузошта мешавад ва то имрӯз бинандаи худро аз даст надодааст.


“Намоишномаи мазкур аз ҳаёти ҷавондухтаре, ки аз деҳаи дурдаст ба шаҳри калон дунболи орзуҳояш меояд, қисса мекунад. Ин ҷавондухтар фирефтаи ишқи дурӯғин мешавад, чун мегӯянд “шаҳри калон, гапашам калон” ва гардишҳояш низ калон аст. Ӯ дар як гардиши рӯзгор, номусбохтаву сарсон мегардад ва кӯдаки батнашро пинҳонӣ таваллуд карда, ба дари ятимхона мепартояд. Оқибат писарак калон шудаву модарашро меҷӯяд ва модараш низ писарашро. Писар ба балоғат расада, ишқи худро пайдо мекунад ва онҳо ҳамдигарро сидқан дӯст медоранд. Дар лаҳзае, ки писар ба ишқи худ бирасад ва оиладор шавад, маълум мешавад, ки дӯстдоштааш хоҳари худаш будааст”.

Намоишнома бо ҳамин ба анҷом мерасад ва давоми зиндагии ин хонаводаро ҳар як тамошобин дар зеҳни худ ҳаргуна тасаввур мекунад.


Мушкилоти асл

Аз соли 2020 то соли 2022-ум намоишномаи “Фарёди ишқ” дар таҳияи Нозим Мелик, “Гунҷишкакон ҳам механданд”, “Азоби виҷдон”, “Аскарӣ” ва якчанд намоишномаи бачагона таҳия ва ба саҳна гузошта шудааст. Ба гуфти роҳбарият барои таҳияи як намоишномаи бачагона аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ ва барои таҳияи намоишномаи бузургтаре пули зиёдтар сарф мешавад. Роҳбари театр мегӯяд, ягона мушкилие, ки имрӯз дар театр ҷой дорад, масъалаи пулӣ аст. Мардум эрод мегиранд, ки аксари намоишномаҳои Театри ҷавонон фардӣ аст, яъне як ё ду нафар дар он нақш мебозанду халос. Посухи ин суолро директори театр ба камбуди маблағ рабт дод. Ҳамчунин, даҳҳо камбудие, ки аҳли театр ба он рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла афзору анҷоми саҳна, сару либос, мусиқӣ ин ҳама аз маблағ вобастагӣ дорад.


Дастовардҳо

Аҳли Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳамеша дар сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои ҷаҳон будаанд ва ҳеч гоҳ аз ҷашнвораҳо бо дасти холӣ барнагаштаанд. Дар ин миён, намоишномаи “Гумроҳон” ва “Модар маро бубахш” бештар дар сафарҳои ҳунарӣ буда ва гирифтани ҷоизаҳо мушарраф гардидаанд.

Театри ҷавонон аз ба даст овардани беҳтарин нақши мардона ва занона сар карда, то ба беҳтарин коргардон ва шоҳҷоизаҳо ноил шудааст. Театр дар чор фестивали байналмилалии театрӣ дар кишварҳои Қирғизистон, Молдава, Эрон ва Украина бо намоишҳои «Шабе дур аз Ватан»-и Бозор Собир дар таҳияи Нозим Меликов, «Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Фирдавсӣ ва «Сарбозони қаторӣ” иштирок намудааст. Театр бо намоиши “Шабе дур аз Ватан” иштирокчии аввалин Фестивал-лабораторияи байналмилалии театрии намоишҳои хурд «Человек театра» дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия гардид.


Соли 2011 намоиши «Шабе дур аз Ватан» -и Нозим Меликов дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - "Парасту-2011" сазовори мақоми дуюм ва соҳиби Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» гардид. Соли 2014 бошад, ҳамин намоишнома ба Ҷоизаи байналмилалии «Ҷило-2014» дар номинатсияи «Намоиши беҳтарини сол» ва Моҳпайкар Ёрова дар номинатсияи «Беҳтарин ҳунарпешаи сол» мушарраф гардиданд.


Намоишномаи “Шабе дур аз Ватан” аз ҳаёти Бозор Собир қисса мекунад, ки Абдулҳамид Шарифӣ дар нақши Бозор Собир ва Моҳпайкар Ёрова чун илҳоми эҷоди шоир ва дар хаёлоти ӯ нақшофарӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки ҳамасола дар тамошои ин намоишнома толори театр пур аз бинанда мешавад.

Намоишномаи “Дирафши коваёнӣ”-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳам дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – Парасту-2017 ва ҳам дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар Қазоқистон сазовори Шоҳҷоиза гардид.


Намоиши “Дирафши коваёнӣ” аз рӯйи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар коргардонии Нозим Меликов ба саҳна омад, ки дар он нақшҳои асосиро Абдумӯъмин Шарифӣ, Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев ва Зарина Бадалова бозидаанд.

Театр инъикосгари ҳаёти воқеии мардум буда, бинандаро ба хаёлҳои дур мебарад. Шояд дар ин миён касе худро мешиносад ва ё хатои хешро дарк мекунад ва онро ислоҳ месозад. Дар ҳамин ҳол, театр мактаби хуби омӯзиш ва таҷрибаи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.


Чеҳраи ҷадид. Марям Шариф - духтари Навоз Шариф оё Бҳуттои дуюми Покистон мешавад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед