Ru  | Tj
Театри тоҷикӣ дар Исроил. “Мехоҳем ҳам бихандонем ва ҳам ба тафаккур барем”
Театри тоҷикӣ дар Исроил. “Мехоҳем ҳам бихандонем ва ҳам ба тафаккур барем”
Аксҳо: Halva.tj

Театри тоҷикӣ дар Исроил. “Мехоҳем ҳам бихандонем ва ҳам ба тафаккур барем”

Нашр шуд

“Ханда-ханда” ном театри машҳури кишвари Исроил, ки бо забони тоҷикӣ фаъолият дорад, тӯли солҳои охир чун театри касбӣ дар кишварҳои дунё шинохта шудааст. “Ханда-ханда”-ро режиссёр ва актёри машҳури исроилӣ - Ҳай Довудов бо ҳамроҳии бародараш - Ронен Довудов, ки ӯ низ ҳунарманд мебошад, соли 2005 таъсис додааст. Чӣ гунае, ки Ҳай Довудов мегӯяд, театри мазкур бо ҳадафи зинда нигоҳ доштани забони тоҷикӣ дар байни яҳудиёни Бухорову Самарқанду Тоҷикистон, ки дар Исроил ба сар мебаранд ва инчунин, нигоҳ доштани фарҳангу оини зебо ва дилрабои тоҷикӣ таъсис дода шудааст.  

Мо дар XIV Кинофестивали байналмилалии Тошканд, зери унвони “Дурдонаҳои Шоҳроҳи Абрешим” бо режиссёри муваффақ ва роҳбари театри мазкур Ҳай Довудов дар бораи таърихи таъсис, фаъолият ва ҳадафу дастовардҳои театри касбии “Ханда-ханда” ва баъзе паҳлӯҳои рӯзгори санъаткорони машҳури яҳудии Бухорову Самарқанд дар Исроил суҳбат намудем.


- Муҳтарам Ҳай Довудов, театри “Ханда-ханда”, ки имрӯзҳо қариб дар тамоми гӯшаву канори олам ҳаводорон дорад, кай ва бо кадом ҳадафҳо таъсис ёфтаву ва имрӯз чӣ ҳолати эҷодӣ дорад?

- Театри “Ханда-ханда”-ро соли 2005-ум таъсис намудем. Ман онро баъди анҷоми таҳсилам дар донишгоҳ ташкил намудам. Дар таъсиси он додарам, ки ӯ низ эҷодкор асту дар соҳаи театр  фаъолият мебарад, ба ман кӯмак намуд.

Тӯли ин солҳо, яъне 17 сол мешавад, ки мо намоишномаҳои ин театро дар аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла Амрико, кишварҳои Аврупо ва ғайра рӯи саҳнаҳои театр мемонем. Соли оянда ният дорем, ки бо як сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон равем. Албатта сафар ба Тоҷикистон ҳамеша дар мақсадҳои аввали мо қарор мегирад. Аммо, баъзан фурсати мувофиқе пайдо кардан ғайриимкон аст. Соли 2020 бо сабаби пандемияи ҷаҳонгир сафари мо ба Тоҷикистон, ки пурра тарҳрезӣ гардида ва ҳатто бо мақомотҳои фарҳангии Тоҷикистон маслиҳат шуда буд, ба вуқуъ напайваст. Ҳоло ният дорем, ки моҳи апрели соли оянда ба кишвари Тоҷикистон биравем ва як барномаи хуби фарҳангӣ дошта бошем. Умуман, мо ният дорем, ки ба кулли шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, ки бо забони тоҷикӣ гап мезананд, аз ҷумла Самарқанду Бухоро сафари ҳунарӣ дошта бошем. Мақсади мо хуш намудани мардум аст ва мо дар ин роҳ пайваста кӯшиш менамоем.

- Ба назар омода намудани барномаҳо, ки инсонро ба ханда биоранд бисёр душвор менамояд. Ҳамчунин, теари “Ханда – ханда” чӣ гунае, ки мо хабар дорем, аз ҳаёту рӯзгори яҳудиёне, ки аз Самарқанду Бухоро ба кишвари Исроил рафтаанд, намоишномаҳои ҷолибе рӯйи саҳна меорад. Аз ин рӯ, мехоҳем бипурсем, ки театри “Ханда – ханда” бешатар ба кадом мавзуъҳо диққат медиҳад?

- Асарҳои театрии мо гирифта аз ҳаёти одии худу атрофиёнамон мебошад. Масалан, дар кадом муҳит ва чӣ гуна ба воя расиданамон, муносибати калонсолон бо хурдсолон, дӯстиву рафоқати ҳамдигар ва ғайра аз мавзӯҳоиумдаи намоишномаҳои “Ханда-ханда” ба ҳисоб мераванд. Умуман дар намоишномаҳо мо аз ҳаёти маъмулии халқ истифода мебарем ва танҳо коре мекунем, ки онро ба шакли ҳазлу шӯхӣ ба бинанда пешкаш менамоем. Яъне мо мехоҳем бинандаро ҳам бихандонем ва ҳам ба тафаккур бибарем. Мо бо роҳи хандондан ба бинандагон баъзе камбудиҳоро, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад нишон медиҳем.

- Чӣ гунае, ки медонем, яке аз персонажҳои ҷолиби театри “Ханда- ханда”, ки дар бештари намоишномаҳояш истифода мешавад “арӯс” аст. Пас, ба назар мерасад, ки ин мавзӯъ дар байни мардумоне, ки аз Самарқанду Бухоро ба Исроил рафтаанду ҳоло он ҷо ба сар мебаранд низ ҷолиб аст?

- Ман ба он назарам, ки ин мавзӯъ қариб дар ҳама ҷо ҷолиб аст ва аз ҷумла дар ҷомеаи мову шумо низ. Умуман ин як мавзӯи аҷиб аст ва ҳар лаҳза онро ба шакле ба мазҳака кашида мешавад. Масалан, муносибати хушдоманро бо арӯс ва ё баръакс муносибати арӯсро бо хушдоман ва дар ин миён ҳайрону лол мондани домодро, ки ба гапи кадоме аз инҳо равад, дар аксари саҳнаҳо истифода мебарем, ки хеле диққатҷалбкунанда мебарояд.

- Чи хеле, ки дар боло гуфтед, агар имконият даст диҳад, соли оянда тахминан дар баҳор ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ мекунед. Дар ин сафари ҳунарӣ ба саҳна гузоштани кадом намоишномаҳоро дар назар доред? Каме аз нигоҳи мавзуъ шарҳ медодед?

 - Ҳоло мо дар ин бора ба хулосаи ниҳоӣ нарасидаем, ки кадом намоишномаҳоро дар Тоҷикистон ба саҳна гузорем. Имрӯзҳо театри мо якчанд намоишномаҳои нави ҷолибро рӯйи саҳна овардааст, шояд онҳоро низ дар Тоҷикистон ба намоиш гузорем ва яке аз инҳо “Мероси бибӣ” ном дорад ва ман фикр мекунам, ки он албатта ба тоҷикистониён низ пасанд хоҳад омад. “Мероси бибӣ” дар бораи як пиразане қисса мекунад, ки меросашро ба як набераи саркаши худ гузоштан мехоҳад. Пеш аз додани мерос бибӣ нахуст ба наберааш шарт мегузорад, ки бояд дар давоми як моҳ оиладор шавад ва арӯсашро ҳатман аз бухороитаборҳо интихоб кунад. Аммо ин ҷавони саркаш, ки ба хоҳишҳои инсонии модаркалонаш эътибор намедиҳад, мехоҳад, ки бо духтари аврупоӣ оила барпо кунад. Ӯ дар аввал тибқи хоҳиши худ амал мекунад ва дар зиндагӣ ба шикастҳо рӯбарӯ мегардад. Оқибат оҳиста – оҳиста баъди фавти модаркалон ин набераи саркаш тибқи васиятномаи гузоштаи модаркалонаш амал карда, ислоҳ мешавад ва бо духтари бухороие оила бунёд мекунад ва дар ҷараёни зиндагӣ мебинад, ки духтари бухороӣ воқеан духтари хуб ва хушахлоқ аст ва аз ин рӯ, ба ӯ дил мебандад. Хулоса, ӯ оқибат роҳи дурусту зебои интихобнамудаи модаркалонашро дар зиндагӣ пеш мегирад.  


- Яҳудиҳои Самарқанду Бухоро, ки ба Исроил рафтаанд забони тоҷикиро фаромӯш накардаанд? Ва умуман насли нав ба забони тоҷикӣ чи гуна эътибор медиҳанд?

-  Мутаассифона, насли ҷавон забони тоҷикиро хуб намедонанд ва аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои мо низ мубориза ба ин ҳолат аст. Мо ба воситаи фарҳанг ба мардум мехоҳем бифаҳмонем, ки ба арзишҳои фарҳангии худ аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд ва нисбати он бетаваҷҷӯҳ набошанд. Зеро инсон бо асли хеш ва бо нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангӣ ва инсонии худ рушд карда метавонад. Дур мондан аз асли хеш хатарнок аст.

- Оё Шумо аз зиндагии як гурӯҳ санъаткорони машҳури бухороӣ, самарқандӣ ё тоҷикистонӣ, ки ба Исроил сафар карданд, хабар доред?

- Бисёре аз онҳо ба мо хешутаборӣ доранд, масалан раҳматӣ Борис Наматиев, Сасон Биняминов, ки эшон низ чанд рӯзе пеш дар синни 93-солагӣ аз дунё гузаштанд ва аз ин рӯ, ман аз зиндагӣ ва кору фаъолияти онҳо ҳамеша хабардор будам ва ҳастам. Ҳоло мо ба навъе давомдиҳандагони роҳи онҳо ҳастем.

- Шумо бо кадом санъаткорони Тоҷикистон ҳамкорӣ доред?

- Мо бештар бо Ҷӯрабек Муродов ҳамкорӣ мекунем ва имрӯзҳо як барномаи фарҳангии муштарке низ роҳандозӣ намуда истодаем. Устод Ҷӯрабек Муродов ба Исроил бисёр мераванд ва мо ҳамеша вохӯрда, суҳбат мекунем. Ҷӯрабек Муродовро дар Исроил бисёр дӯст медоранд ва эшон дар байни халқи мо соҳиби иззату эҳтиром ҳастанд.


Майдони “Истиқлол”. Муъҷизаи нотакрори меъморӣ ва қалби пойтахт


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед