Ru  | Tj
Топ – 10: Беҳтарин филмҳои тасвирии чашмдошт дар соли 2021
Топ – 10: Беҳтарин филмҳои тасвирии чашмдошт дар соли 2021
Аксҳо аз муаллифи мақола

Топ – 10: Беҳтарин филмҳои тасвирии чашмдошт дар соли 2021

Нашр шуд

Муддатҳост, ки филмҳои тасвирӣ, на танҳо барои кӯдакон, балки барои ҳамагон камоли саргармӣ гардидааст. Аниматсияи муосир кайҳост, ки дар дили бинандагони синну соли гуногун ҷой гирифтааст. Дар баробари кӯдакон бисёре аз калонсолон низ беқаророна нахустнамоишҳои овозадори жанрҳои гуногуни аниматсияро интизорӣ мекашанд.

Мутаассифона, соли 2020, бо сабаби пандемия, нахустнамоиши аксари филмҳои тасвирӣ ба таъхир, яъне ба соли оянда гузошта шуда буд. Имсол низ вазъ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ба ҳолати оддӣ барнагаштааст ва аз ин рӯ, аксари филмҳои тасвирӣ дар сомонаҳои мутассил мунташир мешаванд. Ҳамчунин муаррифиҳои бархе филмҳо бошад, ба охири сол монда шудааст.

Бо вуҷуди ин, ба умеди рӯзҳои беҳтар, мо 10 - беҳтарин филмҳои тасвирии чашмдоштро ба кулли хонавода дар соли 2021 муайян кардем:

1. "Аждаҳои сеҳрнок"


Навраси зирак - Дин мехоҳад бо ҳар роҳ дӯсти овони кӯдакии худро баргардонад. Рӯзе ӯ бо аждаҳое, ки хоҳишҳоро иҷро мекард, вомехӯрад ва ин оғози сафари аҷибе мегардад...

Санаи намоиш: 11-уми июн (Netflix);

2. "Лука"


Дар як шаҳраки зебои соҳили баҳр дар Ривери Италия, писарбачае бо номи Лука тобистони фаромӯшнашавандаи яхмосхӯриҳо ва сафарҳои бепоёнро паси сар мекунад. Ҳамроҳи ӯ, ин рӯзҳои аҷибро дӯсти нави беҳтарини ӯ, ки дар асл як аждари баҳрӣ аз ҷаҳони дигар мебошад, аз сар мегузаронад.

Санаи намоиш: 16-уми июн;

3. "Девҳо дар таътил. 4: Табдилот"


Ихтирои пурасрори Ван Хелсинг - "Нури бадафткунанда" аз кор мебарояд, Дракула ва дӯстони ӯ - девҳо ба одамон табдил меёбанд, вале Ҷоннӣ, баръакс, ба дев мубаддал мегардад! Дракула, ки дар ҷисми нав қобилиятҳои худро гум мекунад ва Ҷоннӣ, ки ба ҳаёти девӣ аллакай дил баста буд, бояд бо ҳам муттаҳид шуда, ба саёҳати пурҳаяҷони ҷаҳонӣ раванд, то ки сари вақт давоеро пайдо кунанд.

Санаи намоиш: 23 –уми июл;

4. "Патрули сагбачаҳо дар кино"


Вақте душмани асосии онҳо, шаҳрдор Ҳамдингер дар шаҳри Саргузаштҳо бесарусомонӣ ба вуҷуд меорад, Райдер ва дигар сагбачаҳои ҷасур барои пешгирӣ кардани ин харобкориҳо бармехезанд. Ба миссияҳои ҷолиб ва пайдоиши қаҳрамонҳои нав омода бошед!

Санаи намоиш: 26 –уми август;

5. "Хонаи пурмағали ман"


Тафсири пурраи силсилафилми тасвирии ҳаҷвӣ дар бораи зиндагии душвори писарбача Линколн Лауд мебошад, ки ӯ маҷбур аст, то бо даҳ хоҳари бо ҳам шабоҳатнадошта, созиш кунад. Шоир ва варзишгар, ишвагар ва донишманд, хонандаи синфи болоӣ ва кӯдак - бо ҳамаи онҳо бояд ӯ созиш карда, бо ҳам як рӯзгори ҷолибро дар Шотландия аз сар гузаронанд.

Намоиш: тобистон (Netflix) (саннаш дақиқ нест);

6. «My Little Pony: Насли нав»


Воқеа пас аз чанд соли ҳодисаҳои «Дӯстӣ – ин мӯъҷиза аст» рӯй медиҳад ва дар нақши марказӣ Санни Старскаут - як фаъоли ҷавон ва рондашуда аст, ки то ҳол ба Эквестрия умед мебандад, зеро дар он ҷо бар ивази таълими дӯстӣ ва хушоҳангӣ девонагӣ ва нобоварӣ мегиранд ва ҳамчунин дар он ҷо ҳар се намуди пониҳо аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунанд.

Санаи намоиш: 24 –уми сентябр (Netflix);

7. "Оилаи Аддамс 2: Саёҳати гарм"


Фикр мекунед, ки аз ин даҳшатноктар нест? Хонаводаи афсонавии Аддамс ба идомаи саргузашти изтиробовари аниматсионӣ бармегарданд! Боз ҳам фитнаангезӣ, ҳарос ва шӯхиҳои ғалатӣ!

Санаи намоиш: 7-уми октябр;

8. "Рони ислоҳнашаванда"


Дар ояндаи наздик, кӯдакон дӯстони беҳтарин - роботҳои воқеӣ пайдо мекунанд, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошанд. Онҳо метавонанд муошират кунанд, роҳ раванд ва бозӣ кунанд. Ва қаҳрамони асосӣ низ, ки

писарбачаи 11-сола мебошад, чунин робот дорад, аммо он хеле аҷиб кор мекунад ...

Санаи намоиш: 21-уми октябр;

9. "Энканто"


Ҳикояи таъсирбахш дар бораи як духтари зебо, ки бо хонаводаи худ дар Колумбия зиндагӣ мекунад. Тамоми хешовандони ӯ аз қабл дорои қобилиятҳои сеҳрнок мебошанд. Вале ӯ бошад оддӣ таваллуд шудааст ...

Санаи нашр: 25-уми ноябр;

10. " Зверопой 2"


Қисми дуюми мулт-мазҳакаи мусиқавӣ дар бораи Бастер Мун, ки тамоми сокинони шаҳри ҳайвонотро барои суруд хондан дар озмуни истеъдодҳо маҷбур кардааст. Намоиш – Шоу бояд идома ёбад!

Санаи нашр: 23 –уми декабр; 

5 далели ҷолиб дар бораи хоб, ки шуморо ба ҳайрат меорад

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед