Ru  | Tj
«Уэнсдэй», «Патинко», «Halo». 10 силсилафилми пуровозаи ҷаҳонӣ
«Уэнсдэй», «Патинко», «Halo». 10 силсилафилми пуровозаи ҷаҳонӣ
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

«Уэнсдэй», «Патинко», «Halo». 10 силсилафилми пуровозаи ҷаҳонӣ

Нашр шуд

Имрӯз дар фазои мазоҷӣ номгӯйи садҳо силсилафилмро вохӯрдан мумкин аст, ки дар пояи омехта кардани жанрҳои гуногун рӯйи навор омадаанд. Аммо на ҳамаи онҳо ҷолибу диданӣ ҳастанд. Бисёре аз корбарони интернет барои тамошо кардани силсилафилм ҳамонеро интихоб мекунанд, ки бинандаи зиёд дошта бошад. Муаллифи Halva.tj чандин силсилафилмро тамошо карда, аз миёни онҳо даҳгонаи пурбинандатарин силсилафилмҳоро тартиб дод.

10. «Позолоченный век»

Силсилафилми драмавию таърихӣ буда, аз ҷониби коргардонҳо Саллӣ Ричардсон-Уитфилд ва Майкл Энглер сохта шудааст. Нақшҳои асосиро Донна Мерфӣ, Ҷинн Трипплхорн, Линда Эмонд, Морган Спектор ва дигарон иҷро кардаанд. Мавсими аввали филм 25 январи соли 2022 пешниҳоди бинандагон гардида, он аз 9 қисм иборат мебошад.

Силсилафилми мазкур аз саргузашти духтари ҷавон Мариан Брук нақл мекунад, ки падари солор (генерал)-аш аз даст дода, танҳо мемонад. Сипас аз Пенсилвания ба Ню-Йорк ба назди аммаҳояш мекӯчад. Мариан дар инҷо бо ҳамсояҳои сарватманд ва бонуфузи ҳукуматӣ шинос шуда, кӯшиш мекунад, ки байни онҳо мавқеи намоён касб намояд.

9. «Halo»

Силсилафилми телевизионии илмию ҳунарӣ буда, аз ҷониби коргардонҳо: Кайл Киллен ва Стивен Кейн таҳия шудааст. Мавсими аввали филм аз 9 қисм иборат аст. Нақшҳои асосиро дар он Пабло Шрайбер, Шабана Азмӣ, Наташа Кулзак ва дигарон иҷро кардаанд. Жанри силсилафилм фантастика ва ҷангӣ мебошад.

Сужаи филм фарогири ҳаводисест, ки соли 2026 насли инсоният ба он дучор мегардад. Дар он давра миёни қувваҳои заминӣ ва як қатор нажодҳои бегона ҷанги шадид шурӯъ мешавад ва одамон барои зинда мондан мубориза мебаранд. Ягона чизе, ки дар мубориза метавонад истодагарӣ кунад, эҷоди барномаи махсуси Спартанҳо - сарбозони такмилёфта мебошад. Онҳо бояд воситаи самарабахштарини мубориза ба муқобили бегонагон гарданд.

8. «Извне»

Ин силсилафилм аз ҷониби коргардонҳо Ҷек Бендер, Брэд Тернер ва Ҷеннифер Лиао дар жанри даҳшатнок таҳия шудааст. Нақшҳои асосиро Скотт МакКорд, Хэролд Перрино, Каталина Сандино Морено ва дигарон иҷро кардаанд. Мавсими аввали филм аз 10 қисм иборат аст.

Сужаи силсилафилм дар бораи шаҳри зебои амрикоӣ, ки дар наздикии ҷангал ҷойгир аст, нақл мекунад. Чунонки маълум мегардад, ҳар нафаре, ки вориди шаҳр мешавад, аз он берун омада наметавонад. Чунки дар ҷангал як гурӯҳ ҳаюлоҳое ҳастанд, ки шабона берун баромада, ҳар нафареро, ки бинанд, бо худ гирифта мебаранд.

7. «Король Талсы»

Силсилафилми телевизионии мазҳакавӣ ва драмавӣ буда, аз сӯйи ҳунаркада (студия)-и «Entertainment MTV» ва коргардонҳо Тейлор Шеридан, Теренс Винтер рӯйи навор омадааст. Нақшҳои асосиро Силвестр Сталлоне, Макс Каселла, Доменик Ломбардотсӣ ва дигарон иҷро кардаанд. Мавсими аввали он аз 10 қисм иборат аст.

Силсилафилм дар бораи Дуайт Манфредӣ, ки бо лақаби «Солор» машҳур аст, нақл мекунад. Ӯ пас аз 25 соли зиндонӣ будан озод мешавад. Раҳбари мафия ӯро ба Тулса (Оклахома) мефиристад, то дар он ҷо як шабакаи ҷиноӣ ташкил кунад. Ҳамин тавр, филм ҷараёни моҷароҳо дар Тулса давом мекунад.

6. «Игра в знаменитость»

Силсилафилми мазкур тавонист, ки таваҷҷуҳи бештари тамошобинонро ҷалб намояд. Когардонҳои филм Шрӣ Рао, Каришма Кохлӣ, Беҷой Намбиар мебошанд. Мавсими аввали филм аз 8 қисм иборат аст. Филм дар жанрҳои триллер, драма ва детектив таҳия шудааст. Нақшҳои асосиро дар филм Мадхурӣ Диксит, Сандҷӣ Капур, Манав Каул ва дигарон иҷро кардаанд.

Достони силсилафилм дар бораи ҳунарпешаи машҳури ҳиндӣ Намика мебошад. Намика бо шавҳараш ҷанҷол карда, баъди он ғайб мезанад. Дар ҷараёни ҷустуҷӯи ӯ аз ҷониби пулис дар паси пардаи бенуқсони ҳаёти оилавии ҳунарпеша асрорҳои зиёд ва ҳақиқати талх ошкор мегардад.

5. «Смычок»

Ин силсилафилмро коргардон Александр Тсой дар жанри драма таҳия кардааст. Нақшҳои асосиро дар он Екатерина Соколова-Юберт, Лев Малишава, Катерина Беккер ва дигарон иҷро кардаанд. Мавсими аввали филм аз 7 қисм иборат мебошад.

Силсилафилм дар мавриди скрипканавоз Сеня нақл мекунад. Ӯ ба навохтани мусиқии классикӣ машғул буда, баъд аз хатми мактаб мехоҳад дар консерватория таҳсилро идома диҳад. Аммо ба доми як гурӯҳ ҷинояткорон меафтад ва онҳо ӯро ҳамчун интиқолдиҳандаи маводи мухаддир истифода мекунанд. Ҷавон роҳи осони дарёфти пул интихоб карда, аз орзуҳои худ даст мекашад ва дар ин роҳ бо моҷароҳои зиёде дучор мегардад.

4. «Мы все мертвы»

Филмсозони куриёӣ пас аз таҳияи силсилафилми «Игра в кальмаре» дарёфтанд, ки филмҳои даҳшатнок қобили таваҷҷуҳи бештари тамошобинон аст. Аз ин рӯ ба таҳияи силсилафилми драмавию фантастикӣ ва даҳшатноки «Мы все мертвы» пардохтанд. Коргардонҳои силсилафилм Лӣ Ҷэгю, Ким Намсу буда, нақшҳои асосиро дар он Юн Чханён, Пак Чиху, Чо Ихён ва дигарон иҷро кардаанд.

Сужаи филм дар бораи паҳн гардидани вируси зомбӣ дар як мактаб нақл мекунад. Яке аз хонандагони мактабро каламуши дорои вирус, ки онро муаллими фанни биология дар озмоишгоҳи худ нигоҳ медошт, мегазад. Ҳамин тавр, ӯ ба зомбӣ табдил меёбад ва дигаронро ҳам заҳролуд мекунад. Вирус бо суръати баланд паҳн мегардад ва ба зудӣ тамоми шаҳрро фаро мегирад.

3. «13 клиническая»

Ин силсилафилм истеҳсоли Русия буда, созандаи он Клим Козинский мебошад. Филм дар жанрҳои детектив ва драма таҳия шуда, Данила Козловский, Паулина Андреева ва дигарон дар он нақш офаридаанд. Ин силсилафилм аз 8 қисм иборат аст. Ин ягона силсилафилме мебошад, ки дар давоми беш аз ду ҳафта бинандагони зиёдеро ба худ ҷалб кардааст.

Силсилафилм дар бораи як ҷарроҳи машҳур, ки ба дармонгоҳи 13-ум ба кор медарояд, нақл мекунад. Чунонки маълум мегардад, ин беморхона ғайриодӣ буда, дар он танҳо истеъдод ва дониши илмии тиббӣ доштан кофӣ нест. Онҳоро мебояд, ки ба муқобили қувваҳои ғайриодде, ки ба саломатии беморон таҳдид мекунанд, мубориза баранд.

2. «Патинко»

Ин силсилафилм аз сӯйи се кишвар: Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ИМА бо се забон (инглисӣ, куриёӣ ва ҷопонӣ) дар жанри драма таҳия шудааст. Коргардонҳои филм Ҷастин Чон ва Когонада буда, дар силсилафилм Ким Мин Ха, Лӣ Мин Хо, Чин Ха ва дигарон нақшофарӣ намудаанд. Мавсими аввали филм аз 8 қисм иборат аст.

Сужаи филм достони оилавии чор насли муҳоҷирони куриёро дар асри 20 тасвир мекунад. Филм дар бораи умеду орзуҳо ва ҳифз намудани дину имони як насли куриёӣ, ки дар солҳои 1930 мустамликаи Ҷопон буданд, нақл менамояд. Ин силсилафилм ба рӯйхати яке аз беҳтарин ва пурбинандатарин силсилафилм дар соли 2022 ворид шудааст.

1. «Уэнсдэй»

Силсилафилми мазкур аз ҷониби ширкати «Netflix» дар шаҳри Бухарести Руминия наворбардорӣ шудааст. Коргардонҳои ин силсилафилм Тим Бёртон, Ҷеймс Маршалл ва Ганҷа Монтейрӣ мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Ҷенна Ортега, Гвендолин Кристӣ, Рикӣ Линдхоум ва дигарон иҷро карданд. Силсилафилми «Уэнсдэй» (Wednesday) дар жанрҳои фантастика, даҳшатнок, комедия ва детектив таҳия шудааст. Мавсими аввали филм аз 8 қисм иборат аст. Дар ҳоли ҳозир ин силсилафилм аз ҳисоби бинандаи зиёд доштан дар мақоми аввал қарор дорад.

Дар маркази сужаи силсилафилм «Уэнсдэй» - духтари калонӣ ва ягонаи оилаи Аддамсҳо меистад, ки дар тӯли панҷ сол аз ҳашт мактаб бо сабабҳои амалҳои ҳайратангези худ хориҷ гардидааст. Падару модар ӯро пас аз як ҳодисаи дигари ҷанҷолӣ ба Академияи Невермор (Nevermore), ки як замон волидайнаш дар он таҳсил мекарданд, интиқол медиҳанд. Дар ин ҷо Уэнсдэй қобилиятҳои равонии тозаи худро инкишоф медиҳад ва уҳдадор мешавад, ки кушторҳои даҳшатноки ҳаюлое, ки аҳолии шаҳраки Ериҳуро ваҳшатзада кардааст, боздорад. Ҳамчунин сирри як ҷинояти маҳфузе, ки волидонаш 32 сол пеш ба он дучор шуда буданд, дар пасманзари ҳодиса ва муносибатҳои нави мураккаб дар академия кушода, ҳал намояд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед