Ru  | Tj
Умед Мирзоширинов: «Асарҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ синамоиян»
Умед Мирзоширинов: «Асарҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ синамоиян»
Аксҳо: аз Интернет

Умед Мирзоширинов: «Асарҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ синамоиян»

Нашр шуд

Умед Мирзоширинов баъди офаридани филми «Муҷассамаи ишқ» миёни ҳаводорони синамо чун коргардони муваффақ шинохтаву эътироф шуд. Ҳарчанд то ин замон чандин филми дигарро низ коргардонӣ намуда буд, аммо ба назари тамошогарон «Муҷассамаи ишқ» тамоман чизи дигар менамуд. Ҳунари коргардонии ӯ аз филм то филм рушд мекунаду пеш меравад. Филми навбатияш «Додараки фариштаҳо», ки аз рӯйи ҳикояи ҳамноми равоншод Сайф Раҳимзоди Афардӣ рӯйи навор омадааст, далели ин гуфтаҳо шуда метавонад. Ин бор низ тамошогарон, хоса мутахассисону ҳунармандони соҳаи синамо натиҷаи заҳматашро хуб пазируфтанд. Дар маросими супурдани нахустин ҷоизаи миллӣ дар бахши синамо – «Тоҷи Сомон» «Додараки фариштаҳо» ҷоизаи беҳтарин филми кутоҳметраро соҳиб гардид. Ахиран ин филм дар XXVIII Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои «Адабиёт ва синамо» сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» гардид. Ҳамзамон ба бахши озмунии Ҷашнвораи байналмилалии Русия – «Рӯзҳои филмҳои кӯтоҳ» роҳ ёфт, ки дар бахши «Филми ҳунарӣ» ширкат меварзад.

Муаллифи Halva.tj бо Умед Мирзоширинов перомуни вижагии осори Сайф Раҳимзоди Афардӣ, филми «Додараки фариштаҳо» ва сабти он суҳбат намуд.

 

«БАНАВОРГИРИИ ФИЛМИ «ДОДАРАКИ ФАРИШТАҲО» ОРЗУИ ДЕРИНААМ БУД»

- Образҳои бадеии офаридаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ бозгӯйи зиндагии воқеии мардуманд, аммо дар баробари ин пуръасроранд. Чӣ сабаб шуд, ки барои офаридани филм ба эҷодиёти ин нависанда рӯ овардед. Умуман, идеяи офаридани филм аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шуд?

- Асарҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар баробари ин ки зиндагии воқеии мардумро бозгӯ менамоянду пурасроранд, синамоӣ низ ҳастанд. Ҳар нафари аз олами филмофарӣ огоҳ баробари мутолиаи осораш ин ҳақиқатро зуд дармеёбад. Ман бо эҷодиёти ӯ соли 1997 ошно шудам. Он сол Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия доир мегардид. Сайф Раҳимзод, ки он замон раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд, ҳайатро роҳбарӣ мекард. Ман он замон дар риштаи коргардонии Донишгоҳи давлатии синамогарии Русия ба номи С.В. Герасимов (ВГИК) таҳсил мекардам ва барои наворгирии ҳамоишҳое, ки доир мешуданд, даъватӣ будам. Бо Сайф Раҳимзоди Афардӣ бори аввал ҳамон ҷо вохӯрдам. Вақте кӣ буданамро фаҳмид, маро наздаш хонда, ба оғӯш кашид. Гуфт: «Бачам, ба Душанбе баргард. Ту ба мо лозимӣ». Ҳамин тавр, ба ӯву эҷоди зебояш, ки дар бисёр маврид дар мағз-мағзи он анъанаҳои хоси миллатамон нуҳуфтаанд, пайвастам.


Баъди хатми донишгоҳ ба Душанбе омадам. Вале Сайф қурбони тири ҳадафмандонаи душман гашта буд. Дар телевизион ба кор оғоз кардам. Андешаи аз рӯйи ҳикояи «Додараки фариштаҳо» филм офариданро ҳамкорам пешниҳод намуд. Ва боз таъкид ҳам кард, ки Сайф сабки эҷоди ба худ хос ва фарқкунанда дорад, ки дарк намуданаш мушкил аст. Аммо ман, ки осори ӯро то ин дам мутолиа намуда будам, фалсафаи ҳикояро дарк кардам. Ба ман писанд омад. Мехостам ҳарчи зудтар аз рӯйи ҳикоя филме ба навор гирам. Баъдан фаҳмидам, ки бисёре аз коргардонҳо низ аз рӯйи ҳикоя филм сохтаниянд. Аз ин сабаб кор ба таъхир уфтод. Бо гузашти солҳо филм аз ҷониби касе рӯйи навор наомад, идеяи сохтанаш боз дар дили ман ҷӯш зад.

- Ва билохира филм рӯйи пардаи синамо омад…

- Бале. Баъди он ки Муҳаммадсаид Шоҳиён, мудири Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъйин шуд, маро барои хамкорӣ даъват кард. Ҳамин тавр, бо дастгирии роҳбарияти «Тоҷикфилм» филми «Додараки фариштаҳо» бо коргардонии ману наворбардории Шуҳрат Қурбонов рӯйи пардаи синамо омад. Он ибтидои сол дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» рунамоӣ шуд.

Филм дар бораи писарбачаи хурдсоли 6-7 солае қисса мекунад, ки падару модараш ба хурофот боварӣ доранд. Онҳо ба ин андешаанд, ки сабаби марги ҳама кӯдаконашон аз қадами шуми писарашон аст ва ӯро гунаҳкор медонанд. Писарбача тасмим мегирад, ки пойи худро сӯзонад ва ба ин васила хоҳараконашро аз марг наҷот диҳад. Аммо ин кори ӯ фоидае намеорад ва боз ҳам хоҳараш мефавтад. Бо вуҷуди ин ҳама дарду ранҷ писарбача навмед нест ва рӯҳи шикастанопазир дорад. Ӯ ҳодисаи мотамро ба сӯру шодӣ табдил дода, ба ин васила модар ва атрофи худро аз дарду ранҷ наҷот медиҳад.


 

«ДОДАРАКИ ФАРИШТАҲО» САРГУЗАШТИ ХУДИ САЙФ РАҲИМЗОД АСТ

- Дар филмофарӣ интихоби дурусти макони сабт нақши муҳим мебозад.

Дар ин маврид зарур аст маконе интихоб гардад, ки ба муҳтаво ё воқеияти асар мутобиқат намояд. Ба ин хотир, бисёр маврид филмофарон дар интихоби макон ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд.

- Мо низ атрофи интихоби натураи филм зиёд андеша кардем. Ба ҳайси коргардони филм, албатта, мехостам чизеро, ки устод дар ҳикоя тасвир намудааст, рӯйи навор орам. Ба назари ман ҳамеша чунин менамояд, ки Сайф Раҳимзод воқеаҳои даврони кӯдакии худро дар ҳикоя тасвир кардааст. Андешидам, ки агар кӯдакии адиб дар ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг ва сипас дар Фархор гузашта бошад, пас месазад нахуст он ҷойҳоро бинам. Нахуст суроғи хонаи устод, ҷойе ки давраи кӯдакияш паси сар шудааст, рафтам. Аммо он ҷо нишонае аз тасвирҳои ҳикояро пайдо накардам. Бо гузашти солҳо ҳама тағйир ёфтааст. Аз рӯйи тасвири хикоя ба мо деҳае лозим буд, ки хонаҳояш кам ва ҳам аз ҳамдигар дур бошанд. Ба назарам чунин намуд, ки деҳаи Гулафшони ноҳияи Восеъ шабеҳи деҳаи дар ҳикоя тасвирёфта буд. Филмро пурра дар ҳамин ҷо ба навор гирифтем.


 

ҚАҲРАМОНИ ФИЛМ ВА АШКИ ТАМОШОГАРОН

- Алиҷон Бобобеков аз уҳдаи иҷрои нақши писарбача хуб баромадааст. Рӯзи муаррифии филм дидам, ки дар толор ҳатто баъзе тамошогарон баробари ӯ ашк мерехтанд.

- Ҷустуҷӯи писарак – иҷрокунандаи нақши асосӣ зиёд тӯл кашид. Кӯдакеро меҷустем, ки дар олами рангини пурафсонаи хаёлоти худ парвоз кунад ва ҳам чеҳрааш шабеҳи қаҳрамони тасвиркардаи Сайф Раҳимзод бошад. Дар ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ӯ коргардони дуюм Манзаралӣ Шералӣ заҳмати зиёд кашид. Баъди ҷустуҷӯи зиёд қаҳрамони асосӣ – писаракро аз Хона-интернати шаҳри Ваҳдат пайдо кардем. Ӯ тақрибан 5 ё 6-сола аст. Бояд гуфт, ки ин аввалин нақши офаридаи ӯ мебошад. Тавассути филм ҳунари ӯро кашф намудем. Ба андешаи ман оянда аз ӯ метавон ҳунарманди хубе тарбия намуд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед