Ҳунари кандакорӣ. Эҳёи санъати бостонӣ дар Тоҷикистон
Нашр шуд
Зарф, асбобҳои мусиқӣ, асбоби бисоти хона ва ҷавоҳироте, ки дар Тоҷикистон омода мешуданд, дар тӯли қарнҳо берун аз кишвар талаботи зиёд доштанд. Ҳанӯз дар замони Роҳи бузурги абрешим, тоҷирони аврупоӣ маснуоти ҳунармандони тоҷикро бинобар сифати хуби онҳо ва нақшу нигори беҳамтову такрорнашаванда хеле қадр ва муштоқона харидорӣ мекарданд. Дар он замон маҳсулоти мухталиф аз чӯбу тахта ниҳоят маъруф буданд, зеро онҳо дар худ санъати нотакрори «Кандакорӣ», ки аз насл ба насл мегузашт, мунъакис мекарданд. Устод Доро Ниёзов яке аз ҳунармандони барҷастаи ҷумҳурӣ мебошад, ки маҳсули дастони ӯ ҳамасола намоишгоҳҳои байналмилалиро зиннат медиҳанду, дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳаводорони зиёдеро доранд.
Усто Доро зодаи манотиқи хурди куҳистони Айнӣ буда, санъати кандакориро аз бобоҳояш омӯхт. Номбурда имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе як коргоҳи хурде дорад, ки дар он бо ҳамроҳии фарзандон ва бародарзодаҳояш кор мекунад.
Ба гуфтаи устод, ҳар як офаридаи ӯ нахуст дар рӯи коғаз бо қалам нигошта мешавад. Маҳз дар ин марҳила мутамарказ кардани тамоми холиқияту хаёлот ниҳоят муҳим аст. Чунин лаҳзаҳои илҳом ба усто на тез-тез — дар як ҳафта як-ду бор ва тамоман ғайричашмдошт омада метавонанд, зеро ин аз оромии комил вобастагӣ дорад. Усто ҳамеша дар даст як дафтари хурд ва қалам дорад, то нақшеро, ки дар афкораш аст, ба тасвир кашад. Барои ба поён расонидани як зиннати тамомшуда дар рӯи коғаз ба усто як ва ҳатто ду моҳ лозим мешавад.
Вақте ки наққошӣ омода шуд, онро рӯи масолеҳи чӯбин, аз ҷумла ҷаъба, буми чӯбин, чорчӯбаи тасвирӣ, дари оддӣ ё дарвозаҳои азим менигоранд. Қолиби акс дар компютер коркард шуда, андозаи он аз майдони ҳаккокимешуда вобаста аст. Барои кандакорӣ усто умдатан аз болға, чизел, чоқу, мила ва ҳаккокӣ истифода мебарад. Фарояндаи кандакорӣ тӯлонӣ ва маъмулӣ аст. Барои кандакорӣ асосан дарахтони чормағз, арча, тут истифода мешаванд.
Ҳангоми кандакорӣ устод ниёз ба тамаркузи комил дорад. Агар хангоми кашидани накшахои калон хатогихоро ислоҳ кардан мумкин бошад, ҳангоми кор бо филиграни хурдтарин ин қариб ки номумкин аст.
Масалан, усто барои тазйини як ҷаъбаи хурд 4-5 рӯзи кории худро сарф мекунад. Барои он ки нақш ҳаҷмдор шавад, устоҳо кори худро бо таъқиб анҷом медиҳанд, яъне дар пасзаминаи расми комилан ба итмомрасида бо мех ва болға фурӯрафтагиҳои хурдро эҷод мекунанд.
Умуман, худи чубкорӣ чанд самт дорад. Масалан, «кандакории барҷастаи муқарнасӣ», «кандакории ҳамвор», «чуқур», «дутарафа», «рӯйбаст», инчунин устои ҳар як минтақа дар махсулоташон хатти хосаи худро доранд. Устоҳои минтақаҳои шимол дар маҳсули худ бештар расмҳои табиат, аз ҷумла дарахту гулҳоро истифода мебаранд, ҳунармандони шарқӣ бошад афзалият ба унсуру аломатҳои гуногуни давраи исломиву пешазисломӣ дода мешавад. Пас аз итмоми ҳаккокӣ устоҳо онҳоро сайқал дода, бо чанд қабати лак мепӯшонанд.
Маҳсулот дар давоми ду-се рӯз нигоҳ дошта, баъдан ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳар як маҳсулоти дастӣ ҳамеша арзиши баланд дорад. Усто Доро ин ҳолатро бо он шарх медиҳад, ки маҳсулофар ҳангоми кор на танҳо кувваю фикр, балки қалби худро низ ба кор меандозад. Метавон гуфт, ки барои усто маҳсулоти эҷодкардааш ҳамчун зарраи қалби худи ӯ ҳисобида мешавад. Усто Доро эътироф мекунад, ки бо вуҷуди бо нархи гарон харидорӣ гардидан осораш, ӯ аслан аз ин ҳолат хушнуд нест, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад аз онҳо ҷудо шавад. Аз ҳама мушкил кор бо маҳсулоти фармоишист, зеро дар ин сурат усто вазифадор аст, ки махсулотро бо мизоҷаш диҳад.
Усто Доро мегӯяд, ки маҳз тавассути фарҳанги мардумӣ метавон ба ин ё он миллат баҳо дод. Аз замони Роҳи абрешим маҳсулоти ҳунармандони тоҷик дар Аврупо ва дигар кишварҳо маъруф буда, харидорӣ мешуданд. Имрӯзҳо ба шарофати дастгирии ҳунармандон аз ҷониби давлат, маҳсулот бо сабки «Чӯбкорӣ» дубора маҳбубияти зиёдеро дар ҷумҳурӣ ба даст оварда истодааст. Соли 2019 дар кишвар ҳатто барномаи вижае бо номи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021” қабул шудааст, ки маҳз ба шарофати он маҳсули дасти ҳунармандони маҳаллӣ ҳамасола дар майдонҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, устоҳои “Чубкорӣ”-и Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон шинохта мешаванд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед