Ru  | Tj
Ғурфаи китоби Тоҷикистон дар Теҳрон. Равобити ду кишвар густарда мешавад
Ғурфаи китоби Тоҷикистон дар Теҳрон. Равобити ду кишвар густарда мешавад
Аксҳо: ibna.ir

Ғурфаи китоби Тоҷикистон дар Теҳрон. Равобити ду кишвар густарда мешавад

Нашр шуд

Маросими оғози фаъолияти Ғуфраи китоби Тоҷикистон дар 34-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон, ки дар шаҳри Теҳрон аз 10 то 20-уми май баргузор мегардад, бо ҳузур ва суханронии Муҳаммад Маҳдӣ Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёсир Аҳмадванд, раиси 34-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ифтитоҳ гардид.

Намоишгоҳи китоби мазкур 34 давра боз бо ҳузури норишон ва тоҷирони китоб аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳар сол баргузор мешавад. Тоҷикистон имсол меҳвони вижаи ин намоишгоҳ аст ва беш аз 50 нафар аҳли илму адаб ва фарҳанг дар он ширкат доранд.

Дар маросими ифтитоҳи ғуфраи Тоҷикистон намояндагони расмии Эрон ва Тоҷикистон ширкат намуда, дар хусуси сароғози ҳамкориҳои навини Тоҷикистону Эрон ва тақвияти робитаҳои фарҳангӣ сухан гуфтанд.

Қобили зикр аст, ки ғуфраи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ба шакли яке аз маконҳои таърихии кишвар – Қалъаи Ҳисор ороста шудааст, ки он намоди фарҳанги бостонӣ ва ифодакунандаи таърихи сеҳазорсолаи шаҳри Ҳисор мебошад.


ҒУРФАИ КИТОБ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОНРО РАҚАМ МЕЗАНАД

Дар маросими ифтитоҳи ғурфаи китоби Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар мавриди муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ сухан гуфта, таъкид намуд, ки имрӯз муносибатҳои фарҳангии бисёр хубе байни Тоҷикистону Эрон вуҷуд дорад ва он бештар хоҳад шуд. Ӯ бо зикри ин ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ва Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон дар оянда баргузор мешавад, зикр кард: «Фазои намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон барои ноширон, муҳаққиқон, нависандагон ва шоирон ин фурсатро эҷод карда, ки бо чашми китоб ва аз миёни саҳифаҳои он ҳамдигарро бибинем. Беҳтарин муаллифонро бишносем ва беҳтарин китобҳоро барои азизони хеш ба армуғон барем. Асли фарҳанги ҳар миллат дар китобҳои ӯ маҳфуз аст ва агар бихоҳем дар ҷиҳати рушд ва тавсеаи фарҳанги миллии хеш коре кунем, бояд ба китоб рӯ биоварем».

Низомиддин Зоҳидӣ дар аснои ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Эрон муштаракоти фарҳангӣ, таърихӣ, динӣ, забонӣ доранд ва ин арзишҳои муштараки фарҳангиву таърихӣ бистари бисёр муносибе барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар маҳсуб мешавад. Ӯ бо таъкиди ин ки Тоҷикистон омодааст дар ҳамаи барномаҳо ба таври комил ширкат кунад, афзуд: «Ин намоишгоҳ бисёр муҳим аст. Чун китоб василаи таъмини фарҳанги ҷомеа аст. Ширкат дар ин намоишгоҳро барои худ ифтихор маҳсуб мекунем. Дар тӯли 32 соли истиқлоли Тоҷикистон ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишвар аз бахшҳои пешгом буд. Ҳатто замонҳое, ки дар баъзе бахшҳо ҳамкории ду кишвар камранг шуд, ҳамкориҳои фарҳангии мо собит монд ва ин робитаи ду кишварро низ беҳбуд бахшид. Дар тӯли сӣ соли гузашта осори зиёде аз шоирон ва адибони тоҷик дар Эрон чоп шуд. Робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон ҷодаи яктарафа нест, дутарафа аст. Ҳамон тавр, ки осори шоирон ва нависандагони эронӣ дар Тоҷикистон низ мунташир шудааст. Дар заминаи ҳамкориҳои фарҳангӣ мо ҳамчунон зарфиятҳои зиёде дорем. Барои истифодаи комил аз ин зарфиятҳо рӯйдодҳое, мисли намоишгоҳи китоби Теҳрон ҳатман таъсиргузор ҳастанд».


ЭРОН БА НОШИРОНИ ТОҶИК ГРАНТ МЕДИҲАД

Муҳаммад Маҳдиии Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими ифтитоҳи ғурфаи китоби Тоҷикистон тазаккур дод, ки намоишгоҳи китоби Теҳрон маҳал ё маҳфилест барои афзоиш ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон. Ӯ ба таъкид бар ин ки Тоҷикистон меҳмони вижаи ин намоишгоҳ аст, афзуд: «Давраи ҷадиде аз ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар – Эрон ва Тоҷикистон оғоз шудааст. Соли гузашта низ мизбони хонум Зулфия Давлатзода будем. Дар рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ва билофосила мо ҳам меҳмони азизонамон дар Тоҷикистон будем. Дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар аҳолии фарҳанг ва адаби Эрон ҳузури гарму пурравнақ доштанд». Вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки сатҳи ҳамкориҳо ҳар рӯз густариш меёбад, таъкид кард: «Пайвандҳои таърихию фарҳангии амиқе, ки байни ду кишвар аст, ин заруратро нишон медиҳад, ки битавонем шароитро барои ҳузури ҳунармандон ва чеҳраҳои фарҳангии ду кишвар фароҳам кунем. Имрӯз шоирони мо дар Тоҷикистон бисёр шинохта ҳастанд. Ин омодагӣ имсол бештар аст, то битавонем ҳамкориҳои худро дар нашри китоб ва муаррифии аҳли фарҳангу ҳунар идома диҳем. Мо ҳамин нигоҳро ба дигар кишварҳои минтақа низ дорем».

Раиси 34-умин намоишгоҳи китоби Эрон Ёсир Аҳмадванд зикр кард, ки ҳузури Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони вижа заминаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, ба вижа дар ҳавзаи нашрро фароҳам мекунад ва бояд аз зарфиятҳои Тоҷикистон истифода шавад. Вай афзуд: «Ду кишвар – Эрон ва Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба қаробатҳои фарҳангӣ, зарфиятҳои истифоданашудаи зиёде барои ҳамкорӣ дар ҳавзаи нашр доранд. Тоҷикистон аз кишварҳои форсизабони минтақаи мо аст ва иштирокоти гуногуни фарҳангиву забонии зиёде миёни Эрон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ҳузури Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа заминаи ҳамкории хубе барои иртибототи фарҳангӣ ва ҳамкориҳои ҳавзаи нашр дорад ва бояд аз ҳузури ин кишвар дар намоишгоҳи китоби Теҳрон истифодаи ҳаддиаксарӣ аз ин зарфият кард». Вай дар хусуси равобити Тоҷикистон ва Эрон гуфт: «Дар гузашта ин равобит хуб буд. Ба ҳиммати бузургмардоне, ки ҳузур доштанду талош карданд, ки равобити густурдатаре фароҳам шавад. Таваҷҷуҳи бештар ба интишори китобҳои нависандагони Тоҷикистон дар Эрон ва китобҳои Эрон дар Тоҷикистон аз дастовардҳои намоишгоҳ хоҳад буд».


Мақомоти расмии Эрон ваъда доданд, ки бо тарҳҳои сармоягузорӣ минбаъд барои ноширон кумак хоҳанд кард, ки осори адибӣ ва таърихиро нашр кунанд. Алӣ Рамазонӣ, муовини раиси 34-умин давраи намоишгоҳи китоби Эрон дар ин хусус таъкид намуд, ки «иҷрои грант ва тарҳҳои ҳимоятии дабирхонаи намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз ҷумлаи тарҳҳои ҳимоятӣ аст, ки аз осори ношироне, ки бихоҳанд дар заминаи адабиёти Тоҷикистон осореро нашр кунанд, ҳимоят мекунад».

САФИРОНИ ДУ КИШВАР ЧӢ МЕГӮЯНД

Дар гуфтугӯ бо расонаҳо ҳам сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳам сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар хусуси оғози марҳилаҳои нави ҳамкорӣ ва тақвияти равобити сиёсӣ сухан намуданд. Сафири Эрон Дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо зикри ин ки иқдоми даъвати Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони вижаро барои густариши равобит созмондиҳӣ кардааст, афзуд: «Тайи ду соли ахир барнома ва иқдомҳои хубе дар ҷиҳати рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Эрон ва Тоҷикистон иҷро шудааст ва ҳузури кишвари Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижаи 34-умин намоишгоҳи байналмилалии китоб дар расонаҳо ва маҳфилҳои фарҳангии ду кишвар бо истиқболи хубе рӯ ба рӯ аст. Умедворем, ки ин ҳузур сароғози дигар ва марҳилаи навине барои густариш ва тақвияти ҳарчи бештари равобити фарҳангӣ байни ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон бошад».

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон таъкид кард, ки баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам мекунад ва боиси тақвияти бештари равобити фарҳангӣ мешавад. Ӯ бо ишора ба нашри китоби «Донишномаи забони тоҷикӣ» афзуд: «Забони тоҷикӣ яке аз шохаҳои забони форсӣ аст. Аз ин рӯ метавонем бигӯем, ин китоб донишномаи забони форсӣ ҳам ҳаст. Дар назар дорем аз ин китоб дар яке аз рӯзҳои намоишгоҳ рӯнамоӣ кунем. Ҳамчунин ният дорем як шоми шеър низ бо аҳолии фарҳангии ду кишвар барпо кунем. Андешаи мо ин аст, ки баргузории намоишгоҳ на танҳо бистаре барои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар аст, балки саҳнае барои рӯнамоӣ аз дасторвардҳои моддӣ ва маънавии кишварҳо ва роҳандозии ҳамкориҳо дар ҳавзаи фарҳанг мебошад. Дар солҳои гузашта як вақфае дар муносибатҳои сиёсии ду кишвар пеш омад, анҷуманҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон буданд, ки нагузоштанд ҳамкориҳои байни ду кишвар қатъ шавад».


Бояд зикр намуд, ки ҳузури намояндагони Тоҷикистон дар расонаҳои хабарии Эрон ба таври васеъ бозтоб шуд. Расонаҳо ҳузури Тоҷикистон бо ғурфаи пур аз китобро пуле таъбир кардаанд, ки метавонад ҷойи пулҳои ларзонаки равобити сиёсии Тоҷикистону Эронро бигиранд ва ба тақвияти муносибатҳои сиёсӣ боис шавад. Вохӯрии рӯзноманигорони Эрону Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиш гузориш шудааст. Ба гузориши хабаргузории «Меҳр»-и Эрон дар ин мулоқот Адолат Мирзо, сардабири рӯзномаи «Миллат» бо шиква аз ин ки Эрон дар ҳавзаи расонаҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ надорад, таъкид намудааст, ки «Амрико барои густариши забонаш дар кишварҳо сармоягузории ҳангуфте кардааст, аммо Эрон гӯӣ ҳеч иштиёқе дар забону фарҳанг ва дину ҷурофиё бо Тоҷикистон надорад, кӯчактарин таваҷҷуҳе ба мо надорад ва ҳеч коре дар кишвари мо анҷом намедиҳад, дар ҳоле ки дунё рӯ ба ҷаҳонӣ шудан аст ва мо ду кишвар дар ҳама чиз бо ҳам иштирокоти густурда дорем».


Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон», ки ҳамасола баргузор мешавад, кишварҳои гуногуне аз гӯшаву канори дунё иштирок мекунанд. Тибқи гузоришҳо имсол дар ин намоиiгоҳ беш аз 60 кишвар ширкат доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед