Ru  | Tj
Ялдо дар мекӯбад! Ниёгон «Шаби Ялдо»-ро чӣ гуна истиқбол мегирифтанд?
Ялдо дар мекӯбад! Ниёгон «Шаби Ялдо»-ро чӣ гуна истиқбол мегирифтанд?
Аксҳо: аз Интернет

Ялдо дар мекӯбад! Ниёгон «Шаби Ялдо»-ро чӣ гуна истиқбол мегирифтанд?

Нашр шуд

Тавре огоҳӣ дорем, ниёгони мо «Шаби Ялдо»-ро бо оростани маҳофилу маросимҳои гуногун, аз ҷумла шабнишинӣ, чароғонӣ, қиссагӯйӣ, хотирагӯйӣ, достонгӯйӣ, шеърхонӣ, фоли Ҳофиз, баъзан шоҳномахонӣ, фолгирӣ ва бо шӯхию бозӣ саҳар мекарданд. Чанде пеш «Шаби Ялдо» ба унвони нуздаҳумин мероси ғайримодди Эрон муштарак бо Афғонистон дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) сабти ҷаҳонӣ шуд. Чаро кишвари Тоҷикистон низ дар сабти ин мерос муштарак нашуд? Шаклу шеваи таҷлили «Шаби Ялдо» чӣ гуна аст? Фалсафа ва таърихчаи ин ҷашн бозгӯйи чист? Ба ин суолҳо хостем, ки аз коршиносон посух бигирем.

 

Дилшод Раҳимӣ: «Ҳар гоҳ Ялдо ҷашни мардумӣ шуд, он гоҳ Тоҷикистон ба парвандаи бахши Ялдо ҳамроҳ хоҳад шуд»

Дилшод Раҳимӣ, фолклоршинос ва мардумшиноси шинохта перомуни пайдоиши ҷашни «Шаби Ялдо» изҳори назар намуда гуфт, ки мувофиқи тақвими суннатии эронӣ шаби 30-юми моҳи Озар [21-уми декабр] рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад. Шаби ин рӯзро эрониён «ялдо» меномиданд ва ба ифтихори ин падидаи табиӣ шабнишиниҳо барпо мекарданд. Вожаи «ялдо» аз забони сурёнӣ гирифта шуда, маънои валодат ё таваллудро дорад. Яъне дар ин шаби дарозтарини сол Меҳр таваллуд шудааст, чун ӯ эзади рӯшноӣ ва фурӯғ буд, аз ҳамон замони зода шудани ӯ рӯзҳо ба дарозшавӣ сар мекунанд.


Ин муҳаққиқи тоҷик дар бобати расму русуме, ки ниёгон дар «Шаби Ялдо» иҷро мекарданд, дар такя ба мабнои илмӣ чунин гуфт: «Шаби Ялдо» ба мисли ҷашнҳои дигар аз баъзе расму одат, бовару эътиқод ва суннатҳои иҷтимоӣ иборат аст. Дар рӯйи суфраи маросими Ялдо меваҳои сурхранги себ, анор, ангур ва қанду мағзу мавиз мегузоранд. Яке аз неъматҳои шартии ин дасторхони ҷашнӣ тарбуз ё ба қавли эрониён – ҳиндувона мебошад. Аз хӯрокҳо шир, биринҷ, мурғ бештар таҳия ва тановул мегардад, ки аксаран ранги сафед, зард ва ё сурх доранд. Албатта, ҳар як мева ё ғизое, ки дар суфраи маросимӣ ниҳода мешавад, рамзу намоди хосеро ифода мекунанд. Чунончи тарбуз, ки дарунаш сурх мебошад ё худ анор, ки аз донаҳои сурх иборат аст. Яъне ранги сурху арғувонӣ вижаи Митра ба ҳисоб меравад. Ғизоҳо ва ашёи сафед дар ин ойин рамзи покию бегуноҳӣ, оромӣ ва сулҳу субот мебошанд. Рӯйи суфра овардани меваҳои хушку тар шояд дар даврони бостон моҳияти пешкаш кардан ба худоёнро доштаанд, ки баъдҳо мазмуни рамзӣ гирифта, ифодагари файзу баракат, фаровонӣ ва фархундагӣ шудаанд. Миёни эрониён то кунун аслитарин меваи «Шаби Ялдо» анор мебошад, зеро ки гузаштагон ба хотири донаҳои зиёди он анорро мояи баракат ва борварӣ медонистанд. Анор дар дини зардуштӣ меваи муқаддас маҳсуб мешавад ва аз дарахтони минуӣ, яъне биҳиштӣ аст ва дар баъзе маросимҳои динии зардуштиён шохаҳо ва меваи онро ба кор мебаранд».

Дилшод Раҳимӣ ба ин назар аст, ки ҷашни «Шаби Ялдо» ҷашни оммавӣ нест, балки ҷашни хонаводагӣ аст. Ҳар оила дар хонаи худ шояд бо даъвати хешовандони наздик хурсандӣ мекунад. Ҳар хонавода ё шахсе, ки мехоҳад шаби Ялдоро таҷлил кунад, дар интихоби неъматҳои рӯйи дасторхон озод аст. Аммо унсурҳои асосии суфраи Ялдо анор ва тарбуз мебошанд. Дар ин шаб бояд суҳбатҳои фарҳангӣ, адабӣ, байтбараку чистонгӯйӣ ташкил карда шаванд.


- Аслан, ЮНЕСКО он анъанаҳоеро мепазирад ва дар феҳристаш сабт мекунад, ки дар байни мардум зинда бошанд. Ялдо дар Эрону Афғонистон (ҳуҷҷатҳои бахши Ялдо соли 2019 пешниҳод шуда буданд) зинда ва мардумӣ мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаби Ялдо»-ро танҳо олимону фарҳангиён медонанд. Агар мо ҳамроҳ мешудем, коргурӯҳ (комиссия)-и баррасии бахшҳо онро бармегардониданд, зеро мо мадракҳои зиндаву муосири марбут ба Ялдоро тақрибан надорем. Ҳар гоҳ Ялдо ҷашни мардумӣ шуд, он вақт Тоҷикистон метавонад, ба парвандаи бахши Ялдо ҳамроҳ шавад, - мегӯяд ин фолклоршинос.

 

Ислом Раҳимов: «Чилла ва чиллашуморӣ дар Хуҷанд»

Ислом Раҳимов – номзади илмҳои филологӣ ва ҷомеашинос чанде боз дар ҷустуҷӯи донандагони чиллашумории мардумӣ буда, доир ба ин масъала мақолаи муфассале таҳия карданист. Ӯ чанде аз далелҳои дарёфтаашро дар саҳифаи фейсбукиаш гузошта навиштааст, ки дар байни мардум садҳо намуди чиллашуморӣ мавҷуд аст ва ба назар мерасад, ки дар ҳар мавзеъ чиллашуморӣ хусусияти худро дорад, ки он ҳам ба иқлими маҳал, тарзи зист ва касбу кори дар ҳамон минтақа роиҷ иртибот дорад.


Дар Хуҷанд чунин одат аст, ки камтар ҳаво агар сард гардад, дар байни мардум баҳс доир ба даромадани чилла авҷ мегирад. Мутаассифона, чунин ҳолат ҳам ба назар мерасад, ки аксарият фаҳмидаю нафаҳмида замони даромадан ва баромадани чилларо муайян мекунанд.

- То ҷое, ки дарёфтам, дар Хуҷанд ду намуди чиллашуморӣ бештар паҳн гаштааст. Яке аз онҳо чиллашумории анъанавӣ аст, ки реша дар фарҳанги бостонӣ дорад ва тӯли ҳазорсолаҳо он ҳамчун тақвим ва гоҳшуморӣ истифода мегардад. Дар байни мардум сардтарин замони солро чиллаи зимистон ва гармтарин рӯзҳои солро чиллаи баҳор мегӯянд. Тибқи гоҳшумории бостонӣ, чиллаи зимистон дар шаби Ялдо – 22 декабр медарояд. Вақти оғози чилла ва ё худ чилладаро инқилоби зимистонии офтоб ва ё дарозтарин шаби сол аст. Яъне чиллаи зимистон санаи 22-уми декабр сар мешавад ва санаи 30 ва ё 31 январ ба охир мерасад, ки онро дар Хуҷанд «чиллабаро» меноманд ва он рӯзи ҷашнгирии Сада мебошад, - менависад ҷомеашиноси тоҷик.

 

Марямбонуи Фарғонӣ: «Ялдодар мекӯбад! Ба истиқболаш дари дил кушоем ё на?!»

Марямбонуи Фарғонӣ, нависандаи хушноми тоҷик мегӯяд, ки дар «Шаби Ялдо» гузаштагони мо дар гирди сандалӣ бо кушодани дасторхони пурнозу неъмат (дар хон будани китобу ойина чун рамзи андешаи дурусту рӯшноӣ ва тарбузу анори хандон чун нишони офтоби дурахшон шарти аввал буд) бо китобхонию қиссагӯйӣ ва рақсу бозӣ ба рӯз табдил медоданд. Афсӯс, ки дар замони Шӯравӣ (ва ҳатто шояд пештар аз он) дар қатори ойинҳои дигарамон истиқболи Ялдоро мо, тоҷикон, батадриҷ фаромӯш кардем ва ё кам ҷашн мегирифтем. Шукр, ки ҳамзабонони ҳаммазҳаби эронию афғонистонии мо «Шаби Ялдо»-ро бо шукӯҳу ҷалол пешвоз мегиранд. Тавре ки зикр шуд, шабҳои чиллаи зимистон басе дароз ва рӯзҳояш кӯтаҳанд. Гузаштагони дури мо, ки дину ойинашон ба қонунҳои табиат сахт марбут буд, бо умеди рӯзҳои дарозу дурахшидани хуршед гардиши навбатии офтобро низ бо шукргузорӣ истиқбол мегирифтанд.


Ба назари ин нависандаи тоҷик, «Шаби Ялдо»-ро тоҷикони Осиёи Марказӣ дигаргуна ном мебаранд: «Ин шабро мо, тоҷикони Варорӯд, шаби Чилла ном мебарем. Дар шакли Ялдо дар осори бадеӣ, махсусан дар ғазалиёти шоирон зиёдтар боқӣ мондааст. Аз ин рӯ классиконамон онро ба шаби дарози фироқ ташбеҳ додаанд, ки гоҳо дар назар маънои манфӣ медиҳад. Аммо ашъоре ҳам ҳастанд, ки дар онҳо ин шаб чун шаби ҷамъи ёрон васф мешавад. Ойини мазкурро дар деҳот пирамардони гаштакхӯр (ин нишастҳои зимистонаи мардони деҳқонро «гапхӯрӣ» ва ҷойи баргузории зиёфатҳо (меҳмонхонаҳо)-ро «гапхона» ҳам мегӯянд) риоя мекунанд».

 

Фирдавси Аъзам: Шабоҳати Ялдо бо ҷашнҳои дигар ақвом

Фирдавси Аъзам, шоири тоҷик дар хусуси дар байни дигар ақвоми бостон низ роиҷ будани ҷашни инқилоби зимистонӣ изҳори назар намуда мегӯяд: «Дар Руми бостон ва ҳамзамон бо тарвиҷи масеҳият парастиши хуршеди шикастнопазир Эзади погони румӣ бисёр шоеъ буд ва румиён милоди ӯро дар замони инқилоби зимистонӣ ҷашн мегирифтанд. Хуршеди шикастнопазир дар ойини митроизми румӣ низ нақше вижа дошт ва ҳатто Митрос (муодили юнонии Митро, эзади бостони эронӣ) лақаби хуршеди шикастнопазирро дошт».


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед