Ru  | Tj
«Зани рӯин». Филме, ки бинандаро ба андеша кардан водор месозад
«Зани рӯин». Филме, ки бинандаро ба андеша кардан водор месозад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

«Зани рӯин». Филме, ки бинандаро ба андеша кардан водор месозад

Нашр шуд

Шоми 9-уми декабри соли равон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади коргардони ҷавон Ардашер Пайванд бо номи «Зани рӯин» дар Душанбе бори аввал намоиш дода шуд, ки дар он алоқамандони ҳунари синамо ҷамъ омаданд.

Филми мустанади «Зани рӯин» нахустин кори коргардонии Ардашер Пайванд буда, он бо дастгирии молиявии USAID ва дафтари Internews дар Тоҷикистон таҳия шудааст. Сарпарасти нахустнамоиш бошад, «Тоҷикфилм» мебошад.


Пеш аз намоиши филм муовини мудири намояндагии Internews дар Тоҷикистон бону Рейчел Кейвуд суханронӣ намуда зикр кард, ки Ардашер Пайванд хатмкардаи мактаби филмҳои мустанад буда, ин филм ҳамчун натиҷаи кори дипломии ӯ рӯйи навор омадааст.


Ҳамчунин дар ин нахустнамоиш Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон низ сухан ронда иброз дошт, ки ба як ҷашнвора роҳ ёфтани филм ин худ муваффақият аст ва мо умедворем, ки сафи чунин ҷавонон дар мустанадсозӣ зиёд гардад.


Дар идома коргардони муваффақ ва ботаҷрибаи кишвар Абдулҳай Зокиров зимни суханронӣ изҳор дошт, ки коргардони ҷавон Ардашер Пайванд бисёр ҳам ҷавони пурталош аст, бисёр савол медиҳад ва мехоҳад, ки ҳама корро дурусту бе камбудӣ иҷро намояд.


Коргардони филм Ардашер Пайванд ба устодон ва собиқадорони синамо, ки дар нахустнамоиш ҳузур доштанду андешаи худро баён карданд, изҳори миннатдорӣ кард.


Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли равон филми «Зани рӯин» дар Ҷашнвораи минтақавии «MediaCAMP Fest 2022» дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоиш дода шуд. Ҳамзамон филм дар доираи Ҷашнвораи ҳуқуқи инсон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифта буд, ба намоиш гузошта шуд.


Филм бисёр таъсирбахш офарида шуда, ҳар як саҳнаи он бомазмун ва дуруст бандубаст шудааст, ки бинандаро ба фикр кардан водор месозад. Қаҳрамони филм ҳам бамаврид зани рӯин номгузорӣ шудааст. Чунки дар ҳақиқат қаҳрамони филм зани баномус, покдоман, пурталош ва қавиирода аст. Ҳамчунин дар филм поймол шудани ҳуқуқи инсон ва мавҷуд будани як гурӯҳи қаллобон низ дида мешавад. Дарвоқеъ, аксаран мардуми одӣ ба доми чунин қаллобон гирифтор мешаванд, вале қисме аз онҳо чӣ тавр ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худро надониста, дар муқобили ин ноадолатиҳо хомӯш меистанд.


‌Паҳлуи дигари ташвишовари филм духтари маъюби ин зан аст, ки гирифтори фиребу найранбозиҳои як ҷавон гардидааст. Дарду ғам ва рӯҳафтодагӣ дар чашмони духтари ҷавон бараъло намоён аст.


Умед аст, ки филми мустанади «Зани рӯин» ба чандин ҷашнвораҳои сатҳи байналмилалӣ роҳ ёфта, сазовори беҳтарин ҷоизаҳо дар соҳаи ҳуқуқ хоҳад шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед