Ru  | Tj
Парвариши занбӯруғ дар шароити хона. Занони Хатлон шуғли пурдаромадро аз худ карданд
Парвариши занбӯруғ дар шароити хона. Занони Хатлон шуғли пурдаромадро аз худ карданд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Парвариши занбӯруғ дар шароити хона. Занони Хатлон шуғли пурдаромадро аз худ карданд

Нашр шуд

Дар вилояти Хатлон бархе аз оилаҳо парвариши занбӯруғро дар шароити хона ба роҳ мондаанд, ки мегӯянд шуғли пурдаромад аст. Ба гуфтаи онҳо, парвариши занбӯруғ дар хона таҷрибаи нав буда, акнун дар чаҳор фасли сол метавонанд, ки маҳсулоти худро дар бозорҳо ба фурӯш бароранд.

Хатича Қурбонова сокини ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара аст, ки ду сол мешавад ба парвариши занбӯруғ машғул аст. Мегӯяд мутахассисони шарикони рушд тарзи парвариш ва нигоҳубини занбӯруғро дар шароити хона ба онҳо омӯзондаанд. Шуғле, ки барои ин зани деҳотӣ пурдаромад аст.

«Дар фасли баҳор, ки занбӯруғ дар кӯҳу пуштаҳо мерӯяд, мо як килои онро 30-40 сомонӣ ва дар тирамоҳу зимистон 60 сомонӣ мефурӯшем. Парвариши занбӯруғ душвор аст, вале пурдаромад мебошад. Ният дорам, ки шумораи бастаҳои занбӯруғҳоро зиёд карда, даромади бештар ба даст орам», - мегӯяд Хатича.


Ин занбӯруғпарвар ироа кард, ки маҳсулоташ харидори хуб дорад. Бо яке аз рестуронҳои “Мерве”, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, дар самти харидуфурӯши занбӯруғ ҳамкорӣ дорад. Ҳамчунин мизоҷон омада аз хонааш ин маҳсулотро дастрас мекунанд.

«Бастаҳои занбӯруғ асосан аз ғураи ҷорӯб, шилха ва коҳи гандум тайёр мешавад. Дар дохили онҳо тухми занбӯруғро пошида, бо пилёнка маҳкам мекунем ва зуд-зуд об мепошем. Мардуми деҳа ва онҳое, ки аз дигар деҳаҳо омада занбӯруғ мехаранд, тарзи парвариши онро пурсиданд. Ба онҳо низ писанд омадааст. Ҳоло чанд каси дигар низ тасмим гирифтаанд, ки ин корро ба роҳ монанд», - гуфт занбӯруғпарвар.

Дар бархе аз рустоҳои вилояти Хатлон заноне ҳастанд, ки аз набуди ҷойи кор танқисӣ мекашанд. Барои кор ба марказҳои ноҳия рафтану омаданро ҷандон муносиб намедонанд. Бо оғоз шудани фасли баҳор ва кори саҳро онҳо ба кори мавсимӣ машғул шуда, то ҳадде музд ба даст меоранд.

Орзугул Яқубоваи 55-сола занбӯруғпарвари дигаре аз ноҳияи Дӯстӣ аст, ки ду соли ахир ба парвариши занбӯруғ оғоз кардааст. Феълан навъи занбӯруғи «Вешинка»-ро парвариш мекунад, ки мегӯяд харидори хуб дорад.


Ин зан дар як деҳаи дур аз маркази ноҳия ба сар мебарад. Шавҳари камтавон ва ду духтар дорад. Якеаш донишомӯзи мактаб асту дигаре аз шавҳараш бо ду кӯдаки ноболиғ ҷудо шуда, бо ӯ зиндагӣ мекунанд. Шароити зиндагиаш чандон хуб нест. Дар деҳа ҷойи кор ҳам надошт. Танҳо кишоварзӣ мекарду зиндагиашро пеш мебурд. Акнун ба тиҷорати занбӯруғ рӯ овардааст. Хушҳол аст, ки бо пуштибонии шарикони рушд шуғле пайдо карду соҳиби нон шуд. Феълан дар хонааш 100 бастаи занбӯруғ дорад, ки дар як ҳафта 3 ё 4 маротиба ҳосилашро мегундорад.

Орзугул мегӯяд, парвариши занбӯруғ ниҳоят нозук аст. Дохили ҳуҷра набояд аз 15-20 дараҷа зиёд гарм бошад. Хунукии зиёд ҳам ба занбӯруғҳо зарар дорад. Онҳо тез-тез дару тирезаи хонаро кушода, ҳавои хонаро тоза нигоҳ медоранд. Ҳар рӯз ба занбӯруғҳо об мепошанд, то онҳо зудтар бузург шаванд. Барои занбӯруғҳо зарарнок нашудан аз оби тозаи нӯшокӣ истифода мекунанд. Ҳарчанд дар деҳа аз оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, вале обро аз дигар деҳа бо худраву ароба меоранд.

Феълан занбӯруғҳои парваришкардаи Орзугул Яқубова нашъунамои хуб доранд. Маҳсулоташро ба воситаи таксиҳо ба мағозаҳои шаҳри Бохтар ва Душанбе равон мекунад. Орзугул аз кораш қаноатманд аст, зеро дар давоми ду сол фоидаи хуб ба даст овардааст, ки то ҳаде вазъи зиндагиаш тағйир ёфтааст.

«Дар инҷо ҷойи кор нест, мо занони хонашин ҳастем. Баъди ба роҳ мондани парвариши занбӯруғ соҳиби кор шудам. Як килои занбӯруғро 30-40 сомонӣ мефурӯшам. Дар ин фасли зимистон парвариши занбӯруғ дар хона барои ман беҳтар кор аст», - мегӯяд Орзугул Яқубова.

Мисли Орзугул Яқубова ва Хатича Қурбонова дар вилояти Хатлон даҳҳо хонаводаи дигаре аст, ки аз омӯзишҳои шарикони рушд раванди парвариши занбӯруғро омӯхтаву дар ин самт муваффақ шудаанд. Ҳоло аз муваффақияту даромади хуб мегӯянд. Орзугул Яқубова ният дорад, ки шумораи бастаҳои занбӯруғҳоро зиёд карда, 3-4 зани мисли худаш ниёзмандро ба кор таъмин кунад. Ба ин минвол тавонанд сатҳи зиндагии хешро баланд бардоранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед