Ru  | Tj
Афсонаҳо аз кӯдакӣ. 10 далели радшуда, ки то ҳанӯз ба онҳо бовар мекунанд
Афсонаҳо аз кӯдакӣ. 10 далели радшуда, ки то ҳанӯз ба онҳо бовар мекунанд
Аксҳо: аз Интернет

Афсонаҳо аз кӯдакӣ. 10 далели радшуда, ки то ҳанӯз ба онҳо бовар мекунанд

Нашр шуд

Ҳодисаҳое вуҷуд доранд, ки мо аз кӯдакӣ ба муътамадии онҳо муътақоид шудаем, вале пас аз санҷиши онҳо маълум мешавад, ки ин тахаюли мутлақ аст. Аз ин рӯ, мо пешниҳод менамоем, то пойгоҳи дониши худро ғанитар гардонед ва оид ба 10 далели радшуда, ки то ҳанӯз ба онҳо бовар мекунанд, маълумотро ба даст оред.

ДӮСТИ ИНСОН

Ҳама боре ҳам шунида буданд, ки сагҳо басирати сиёҳу сафед доранд. Маълум шуд, ки ин тахаюли воқеъӣ аст. Тибқи таҳқиқоти охирин сагҳо ҷаҳонро ранга мебинанд. Албатта, басирати сагҳо аз инсон фарқ мекунад, аммо воқеият ин аст, ки онҳо то ҳол рангҳоро фарқ мекунанд. Ҳамин тавр, дӯстони чорпои мо танҳо дар спектрҳои кабуд ва зард мебинанд. Илова бар ин, басирати онҳо норавшан аст.

 

ХУНИ КАБУД

Аз китобҳои дарсӣ медонем, ки хуни аз оксиген сернашуда ё хуни варидӣ кабуд аст. Маълум мешавад, ки хун ҳеҷ гоҳ кабуд нест, ҳамеша сурх аст. Сабаби кабуд будани рагҳо ворид шудани мавҷҳои рӯшноӣ мебошад. Илова бар ин, дар китобҳои дарсӣ рагҳо танҳо барои тасвир бо рангҳои сурх ва кабуд тасвир карда мешаванд.

    


ҚАҲРАМОНОНИ БИЁБОН

«Шутурҳо дар кӯзи худ об захира мекунанд» - ин афсона аст. Ҳайвонҳо дар кӯзи худ равған нигоҳ медоранд, ки барои онҳо ҳамчун захираи маводи ғизоӣ хизмат мекунад. Оби шутур дар доғи меъда ҷамъ мешавад, бинобар ин онҳо метавонанд то як моҳ бе об зиндагӣ кунанд.

    


БЕ ОКСИГЕН

Дар кӯдакӣ ба мо мегуфтанд, ки хобидан зери бодкаш (вентилятор) кушанда аст. Эътиқод бар он буд, ки бодкаш тамоми оксигенро аз ӯтоқ мебарорад ва ба ин васила шахс метавонад аз ҳисоби нарасидани ҳаво дар хоб ба марг дучор гардад. Вале имрӯз ягон далели мушаххасе вуҷуд надорад, ки ин фикрро исбот кунад.



ДУ МАРОТИБА ЗАРБА НАМЕЗАНАД

Мо на як бору ду бор шунидаем, ки соиқа (молния) ду маротиба ба як макон бархӯрд намекунад. Ҳамаи ин суханони бофта мебошанд, зеро дар ҷаҳон макони зиёде вуҷуд доранд, ки дар ҳудуди онҳо бархӯрди пайвастаи соиқа ба қайд гирифта мешавад. Ҳамин тариқ зарбаи соиқа дар нӯги иморати осмонхароши Эмпайер – Стейт зиёда аз 25 маротиба дар як сол ба қайд гирифта мешавад. Барои мубориза бо зарбаҳои соиқа кайҳо боз барқгардонҳо ихтироъ карда шуданд, ки дар ҳақиқат истифодаи онҳо ҳам ниҳоят самаранок мебошад.



ХУНОШОМҲОИ КӮР

Хаффашҳои паррон кӯр мебошанд. Ин аз ҳақиқат дур аст, зеро ин ҳайвонот дар ҳақиқат барои самтёбӣ дар фазо аз усули акси садо истифода менамоянд. Зимнан, ин ҳолат истифодабарии басират аз ҷониби хаффашҳоро истисно намекунад. Олимон исбот карданд, ки басирати ҳайвонҳо субҳҳангому бегоҳирӯзӣ ниҳоят нағз кор мекунад.



БА ДИДА НИГОҲ КУН

Ба ҳақиқат фикри он, ки гӯё каззоб аз нигоҳ кардан ба чашмони ҳамсуҳбати худ ҳарос дорад, ба ҳақиқат наздик нест. Маълум аст, ки муайян намудани каззоб аз нигоҳи аввал барои одами оддӣ ғайриимкон аст. Айни замон дурӯғсанҷҳо низ ҳамчун воситаи ҳақиқӣ барои муайян намудани дурӯғ эътироф нашудаанд.



НУРАФКАНӢ

Далеле, ки гӯё кӯраи микромавҷӣ тамоми моддаҳои ғизодиҳандаи хӯрокро сӯзонда, нурафкании он ба саратон оварда мерасонад, асоси илмӣ надорад. Аммо ба олимон муйяссар гардид, то безарарии нурафкании микромавҷҳоро исбот намоянд, ки ин маълумот ҳатман бояд то мардум расонида шавад.



ХУСУСИЯТҲОИ РУҲИИ АФРОД

Ту одами дарундор (интроверт) ё улфатӣ (экстраверт) ҳастӣ? Посухи дақиқ ба ин савол вуҷуд надорад, зеро хусусиятҳои руҳии афрод аз ҷониби муҳаққиқон то ҳанӯз муайян карда нашудаанд. Ҳар яки мо то дараҷаҳои мухталиф ҳам дарунӣ ва ҳам улфатӣ мебошем. Тамоми ин тақсимот танҳо дар шуури ҷамъиятӣ, вале на дар воқеият вуҷуд доранд.



ОЗАХ

Қурбоқа ва ғук боиси пайдо шудани озахҳо мегарданд – ин ҳам гапи бофта мебошад. Сабаби асосии пайдо шудани озах вируси папилломаи инсон аст. Аз ин лиҳоз набояд аз ин ҷонвари дубаҳра парҳез кард.

    

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед