Ru  | Tj
Донишномаи озод. Оё метавон ба Википедия бовар кард?
Донишномаи озод. Оё метавон ба Википедия бовар кард?
Акс: pixabay.com

Донишномаи озод. Оё метавон ба Википедия бовар кард?

Нашр шуд

Дар ҷаҳони муосир одамон ба он одат кардаанд, ки ҳама гуна маълумотро дар Интернет пайдо кардан мумкин аст. Мабодо калимаи ношиносро шунида ё зодрӯзи нависандаеро фаромӯш намоянд, дарҳол тавассути телефон ё роёна (компютер) ба осонӣ маълумоти заруриро пайдо мекунанд.

Google, Yandex, Mail.ru ё системаи дигари ҷустуҷӯгар барои он пешбинӣ шудаанд, ки дар дарёфти вебгоҳ (сайт) ё мақолаи барои шумо зарурӣ кумак мекунанд. Бештари вақт шумо метавонед посух ба дархостҳои мавриди назаратонро дар донишномаи интернетии «Википедия» дастрас намоед. Яқинан боре ҳам бошад, шумо ба ин манбаи интернетӣ муроҷиат намудаед, аммо шумо фикр кардаед, ки оё метавон ба маълумоти ин сарчашма комилан бовар намуд?

 

ЗУД

Тавре маълум аст, ҳадафи ҳар як донишнома – гирд овардани тамоми маълумоти муфид мебошад. Имрӯз дар Интернет пайдо кардани донишномаи саҳеҳ ва ройгон кори ниҳоят мушкил аст. Ҳама гуна кӯшишҳои нашри донишномаи муосир пешгирӣ мешавад, вале як чунин манбаи боэътимод ва дастрас дар Интернет фаъолият менамояд, ки он ҳам Википедия мебошад.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои расмӣ, Википедия 15 январи соли 2001 ба фазои беканори Интернет ворид гардида, сараввал аз сӯйи Ҷиммӣ Уэлс ва Ларрӣ Сэнгер ҳамчун замимаи донишномаи озоди «Nupedia» эҷод шудааст. Он замон ба «Nupedia» танҳо коршиносон маълумот ворид мекарданд ва санҷиши саҳеҳияти онҳо вақти зиёдеро мегирифт. Маҳз ҳамин ҳолати нохуш боиси он гардид, ки таҳиягарони Википедия тасмим гирифтанд, то дар асоси фанноварии Wiki як манбаи электронӣ эҷод кунанд. Ин усул имкон дод, ки саҳифаҳои фароматн эҷод шуда, барои корбарон низ имкони таҳрир намудани матнҳоро фароҳам овард.

Имрӯз Википедиа яке аз вебгоҳҳои маъруфтарини ҷаҳон аст, ки онро ба сифати ганҷури маълумот ба 318 забони ҷаҳон истифода мекунанд.

 

МАЪЛУМОТИ БАРДУРӮҒ ДАР ДОНИШНОМА

Бешак, донишномаи озод имрӯз яке аз вебгоҳҳои пуркорбурдтарин ба шумор меравад, бо ин вуҷуд ба худ нақши ганҷинаи арзишманди донишро касб накардааст. Баръакс, Википедия ба майдони эҷоди фейк ва қаллобӣ табдил ёфтааст, ки танҳо дар як сол дар саҳифаҳои он 272 маълумоти сохта бо забони англисӣ кашф гардид.

Мусаллам аст, ки Википедиа феҳристи маълумоти қалбакиро, ки дар саҳифаҳои он роҳ ёфтааст, таҳия намудааст, ки айни замон дар ин рӯйхат 54 падида ва қаҳрамони бофта ба қайд гирифта шудаанд. Вобаста ба мавҷудияти таҳрири носаҳеҳ бояд қайд кард, ки теъдоди он аз шумораи нишондодашуда зиёдтар мебошад.

Яке аз чунин сохтакориҳои намунавӣ – саргузашти қотили қалбакӣ Ҷек Робишо мебошад. Нахустин мақола дар мавриди ӯ соли 2005 дар вебгоҳ нашр шуд. Ҷек Робишо дар асри XIX ба сар бурда, ба ҷаз шуғл дошт ва занони фарбеҳро қатл мекард. Ин як қаҳрамони комилан бофтаву сохта аст, ки муаллифон давоми 10 солу як моҳ ба мақолаи нашркардаи худ далелу истинодҳои нав ба навро илова мекарданд. Ҳақиқати пасипардагӣ танҳо соли 2015 ошкор гардид.

Бояд гуфт, ки доираҳои манфиатҷӯ барои амалӣ намудани ғаразҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ даст ба таҳрифи далелу арқом зада, дар бисёри маврид усули қаллобии сиёсиро дар мақолаҳои таърихӣ ба кор мебаранд.

 

ОЁ МЕТАВОН БОВАР КАРД?

«Бовар кунед, вале ҳаройина бисанҷед» - зарбулмасалест, ки метавон ҳангоми кор бо Википедия истифода кард. Дар хотир бояд дошт, ки ҳар кас метавонад ба ин сарчашма тағйирот ворид кунад. Мо хуб медонем, ки ҳар як инсон фикру ақида, дидгоҳ ва таҷрибаи зиндагии худро дорад.

Албатта, истифодаи Википедиа равост, вале танҳо ҳангоми оғози кор. Дар он метавон мақола мутолиа кард, дар мавриди масъалаи мавриди назар тасаввуроти тахминиро дастрас намуд ва маълумоти заруриро дар сарчашмаҳои нисбатан ҷиддитар ҷустуҷӯ кард. Дар ҳолате, ки маълумоти зарурӣ дар ҷойи дигаре нест, пасон метавон аз истинодҳои Википедиа истифода карда, ҳақиқӣ будани онро санҷид. Ин ҳолат хатари истифодаи маълумоти қалбакиро коҳиш медиҳад.

Хулоса, бовар кардан ба маълумоти Википедиа ё хайр дар ихтиёри худи шумост. Аммо мо ба шумо мегӯем, ки муаллифони Википедиа на олим ва на омӯзгорони ботаҷриба ҳастанд. Илова бар ин, ҳама қарорҳо ва далелҳои дар манбаъ зикршуда беҳтар аст, ки тафтиш шаванд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед