Ru  | Tj
«Рекламаи номувофиқ»: Чӣ гуна иттилооти нодуруст шуғли тарроҳеро хароб кард?
«Рекламаи номувофиқ»: Чӣ гуна иттилооти нодуруст шуғли тарроҳеро хароб кард?
Аксҳо: Аз Интернет

«Рекламаи номувофиқ»: Чӣ гуна иттилооти нодуруст шуғли тарроҳеро хароб кард?

Нашр шуд

Итиминон дорам, ки ҳар кадоми шумо дар интернет ҳатман акси оилавии як хонаводаи тайвандиро дидаед. Маълум аст, ки бо пайдо шудани акс дар интернет дар бораи он ҳатман хотираҳо, ёддоштҳо ва қиссаҳо низ пайдо мешаванд.  

Ин қисса чунин аст, ки гӯё модели машҳури тайвандӣ бо номи Хади Йе, ки хеле зебо буд, бо ҷавоне хонадор мешавад. Онҳо дар давоми оиладорӣ соҳиби се фарзанд мешаванд, ки фарзандонашон зоҳиран зебо набуда ва ҳатто зиштрӯ ба назар мерасанд. 

Аз он ки фарзандон на ба падар ва на ба модарашон шабоҳат доранд, шавҳари Йе ба хиёнати ҳамсараш гумонбар шуда, талаб кардааст, то аз ташхиси ДНК гузаранд. Баъди ташхис мард падари биологии ҳар се кӯдак баромадааст. Дере нагузашта зан гӯё иқрор шуда бошад, ки ӯ низ дар аввал чунин зиштрӯ будааст ва аз ин рӯ, чанд маротиба ҷарроҳии пластикиро аз сар гузаронидааст. Ҳамчунин, гӯё шавҳари фиребхӯрда ӯро шармандавор аз хона ронда ва ба додгоҳ кашидааст, ки ин гуна хабарҳо тамоман нодуруст ва бепоя мебошанд.

Ин мавзӯъ ҳатто дар шабакаи якуми телевизиони Русия, инчунин дар дигар воситаҳои ахбори оммаи бузурги ҷаҳонӣ ба монанди “China Daily”, “Planet Ivy”, “MSN” ва ғайра низ инъикос ёфта буд. Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки ҳеҷ яке аз ин расонаҳо сарчашмаҳои асосии сар задани ин ҳодиса ва далелҳои аниқро доир ба он инъикос накарданд.

Баъдтар маълум шуд, ки ҳамаи ин маълумотҳо бардурӯғ буда ва ин акс аз таблиғи яке аз беморхонаҳои косметологии Таиванд мебошад.

Тарроҳ Хейди Йе, ки соли 2012 дар таблиғи як бемористони пластикӣ иштирок карда буд, чун «зани бадрафтор» ном баровард. 

Дар реклама чунин навишта шуда буд: «Ягона чизи ташвишовар он аст, ки ин ҳолатро ба кӯдакон чӣ гуна мефаҳмонед» 

Бояд гуфт, ки муҳаррир ҳангоми нашр кардани мавод аксҳои бачаҳоро тағйир дода, симои зоҳирии онҳоро хеле зишт нишон додааст ва дар асл чеҳраи онҳо комилан дигар будааст. Яъне гӯё реклама ба муштариёни эҳтимолии беморхонаи ҷарроҳии пластикӣ нигаронида шуда бошад.

Тарроҳ иддао дорад, ки бо ин агентии таблиғотӣ ба шарте шартнома бастааст, ки аксҳо танҳо дар рекламаи чопӣ ва дар вебсайти як муассисаи аниқ истифода шавад. Аммо агентии мазкур аз рӯйи шартнома амал накарда, бо истифода аз аксҳои ин ҷавонзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як беморхонаи комилан дигарро таблиғ кардааст.

Ин акси "хонаводагӣ" дар интернет зуд паҳн шуд ва боиси пайдоиши аксҳои сохта (фейк) гардида, ба эътибори тарроҳ зарбаи сахт ворид сохт.

«Одамон бовар намекарданд, ки ман ҳеҷ гоҳ ба ҷарроҳони пластикӣ муроҷиат накардаам ва ягон маротиба ҷарроҳии пластикӣ низ накардаам. Муштариён аз ман пурсиданд, ки оё ман дар ҳақиқат зани дар акс будаам? Пас аз ин ҳама овозаҳо танҳо дар рекламаҳои хурд нақш мебозам ", - мегӯяд Йе дар мусоҳиба бо “Би-би-сӣ”.

То пайдо шудани ин ҳама қиссаҳои бардурӯғ ва ёддоштҳои марбут ба ин ҷавондухтар, Йе дар наворбардории рекламаи ширкатҳои бузург ба монанди “KFC”, “Sony Vaio” ва ғайра ширкат дошт.

Пас аз иштирок дар наворбардории таблиғи беморхонаи пластикӣ, тасвири ин ҷавондухтар, ки гӯё "қабл" ва "баъди" ҷарроҳии пластикӣ нишон дода шудааст, дар интернет паҳн шуд. Дар асл ин аксҳо тариқи барномаҳои интернетӣ коркард шуда, танҳо як реклама мебошад.

"Вақте ки бори аввал дар ин бора аз як дӯстам шунидам, гумон кардам, ки ин танҳо як овозаи хандаовар аст, аммо одамон воқеан ба ин овозаи бардурӯғ бовар кардаанд" - гуфт ӯ.


"Қаллобон дар шабака": Дар интернет чӣ гуна ба доми фиреби қаллобон бояд наафтид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед