Ru  | Tj
Ташнаи муъҷиза. Қиссаҳо дар бораи сохтакориҳои маъруфи илмӣ
Ташнаи муъҷиза. Қиссаҳо дар бораи сохтакориҳои маъруфи илмӣ
Аксҳо: аз Интернет

Ташнаи муъҷиза. Қиссаҳо дар бораи сохтакориҳои маъруфи илмӣ

Нашр шуд

Одамон дар тамоми давру замон ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд, ки якеи онҳо эътимод доранду, дигаре ба тамоми чиз бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Аммо баъзан метавон аз далелҳои илман исботшуда низ фитнаеро интизор шуд. Махсусан барои шумо мо сохтакориҳои аз ҳама ғайричашмдоти илмиро гирд оварда, барои таваҷҷуҳатон пешкаш менамоем.

 АЗ БӮЗИНА ТО БА ОДАМ

 Яке аз сохтакориҳои машҳуртарини асри ХХ – одами пилтдаун мебошад. Тибқи қиссаи то замони мо расида, соли 1912 дар Англия дар конҳои шағали Пилтдаун боқимондаи одами қаблан ношиноси бостонӣ пайдо карда шуд, ки онро палеонтолог - ҳаводор Чарлз Доусон ҳамчун «ҳалқаи гумшуда»-и таҳаввулот аз бузина ба одам муаррифӣ кардааст.   



  Танҳо пас аз 40 сол муйяссар гардид, ки ин сохтакорӣ ошкор гардад. Ҳамин тариқ инсоншинос (антрополог) Кеннет Окли бозёфти санггаштаро таҷзия ва таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки устухонҳо ба махлуқоти мухталиф таалуқ доштанд. Исбот карда шуд, ки косахонаи сар ба одами муосир ва ҷоғҳо ба орангутанг дахл доштанд. Ғайр аз ин, тамоми устухонҳо тариқи сунъӣ куҳна ва ранг карда шуданд. Ин сохтакории илмии моҳирона баъдтар дар рӯзномаи «Таймс» фош карда шуд. 

  КОСАХОНАҲОИ САРИ БУЛӮРИН

  Дар миёнаи асри XIX дар Ғарб таваҷҷуҳ ба тамаддуни давраҳои то Колумбӣ афзоиш ёфт. Маҳз дар ин давра тоҷирони маҳаллӣ ба фурӯши косахонаҳои сари булӯрин, ки онҳоро ҳамчун осори тамаддунҳои аскет, майя ва олмекҳо муаррифӣ мекарданд, шуруъ намуданд. Ҳамзамон, онҳо синну соли ин косахонаҳои сарро ҳадди ақал то 500 сол нишон дода, қиссаҳои бофтаро нисбати имкониятҳои муъҷизаноки онҳо дар байни мардум паҳн мекарданд.


  
Соли 2007 мутахассисон се косахонаи сари аз ҳама калонро бори дигар мавриди таҳқиқ қарор дода, ба хулосае омаданд, ки пайҳои  коркарди дар рӯйи онҳо мавҷудбударо метавонистанд танҳо дар асри ХХ гузоранд. Имрӯзҳо косахонаҳои сари булӯрин дар филмҳои илмӣ – фантастикӣ ва бозиҳои компютерӣ фаъолона мавриди истифода қарор дода мешаванд.

  ШИНОСОИИ БАРДУРӮҒ

  Соли 2002 мақолаи Стефани Харви таҳти унвони «Золимони Диккенс: як иқрор ва як фарзия» нашр карда шуд, ки дар он муаллиф бо истинод ба «Пайёми Академияи илмҳои Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Қазоқистон» дар бораи вохӯрии ду классики шинохта Диккенс ва Достоевски нақл кардааст. Дар асоси ин матлаб солҳои тӯлонӣ монография ва мақолаҳои зиёде рӯи чоп омада буданд.
 


Танҳо моҳи декабри соли 2011 муяссар гардид, ки сохтакории мазкур фош карда шавад. Маълум гардид, ки мақолаи номбурда аз ҷониби Арнолд Харви, ки корҳои ӯ он солҳо дар матбуоти даврӣ чоп карда намешуданд, барои гирифтани қасос аз муҳаррирони бархе аз мақаллаҳо ба табъ расонида шуд.  

  ҲУҶАЙРАҲОИ БУНЁДИИ ТАҚАЛЛУБӢ

  Соли 2014 дар яке аз донишгоҳҳои Япония оид ба эҷоди ҳуҷайраҳои бунёдӣ эълон карданд. Олимон исроркорона иброз медоштанд, ки ин ҳуҷайраҳоро бо истифода аз кислота тавлид карданд. Ҳамон тавре, ки биолог Харуко Обоката қайд мекард, ҳуҷайраҳои мазкур ба як бофтаи алоҳидаи бадан, инчунин «ворид» шудан ба ҷанини аллакай вуҷуддошта қодир буданд. Ин як хабари ҳангомаомез дар он давра буд, вале он дер давом накард. 

  
 
Бархе аз олимон мақсад доштанд, ки ин таҷрибаи Харуко Обокатаро такрор кунанд, вале мутаасифона ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ нашуданд. Пас аз ин онҳо аз олими японӣ хоҳиш карданд, ки ӯ озмоиши худро таҳти назорати видеоӣ такрор кунад, ки кӯшишҳои пай дар пайи ӯ низ барои эҷоди ҳуҷайраҳои бунёдӣ бенатиҷа боқӣ монданд.

  САФАРНОМАҲОИ ТАҲРИРШУДА

  Ҷеймс Кук – саёҳ ва муҳаққиқи машҳур, ки дастнависҳояш садҳо ҳазор доллар арзиш доштанд,  тӯли даҳ сол се маротиба ҷаҳонро гирд гашта, даҳҳо ҷазираҳоро низ кашф кардааст. Дар давраи дар қайди ҳаёт буданаш асарҳои эҷодкардааш таҳти таҳрири адабӣ қарор дода мешуданд. Маълум аст, ки адиб Ҷон Хауксуорт сафарномаи муҳаққиқро тасҳеҳ ва пурра гардонид, ки бо теъдоди зиёде паҳн шуда, ба ӯ даромади хубе низ овардааст. 
 


Дар натиҷа кор ба ҳадде расид, ки тамоми сафарномаҳои Ҷеймс Кук то миёнаи асри ХХ дар шакли бисёр таҳрифшуда интишор гаштанд. Нусхаҳои аслии хотироти ин саёҳ танҳо соли 1960 дастраси хонандагон гардиданд, ки аз ҷониби Ҷон Биглехол дар шакли кӯтоҳ нашр карда шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед