Ru  | Tj
«Маънои аслӣ ва маҷозии калима чист?» Дар забони русӣ калимаҳои маҷозиро чӣ гуна истифода мекунанд?
«Маънои аслӣ ва маҷозии калима чист?»  Дар забони русӣ калимаҳои маҷозиро чӣ гуна истифода мекунанд?
Аксҳо: Аз Интернет

«Маънои аслӣ ва маҷозии калима чист?» Дар забони русӣ калимаҳои маҷозиро чӣ гуна истифода мекунанд?

Нашр шуд

Ҳар як забон ба худ махсусияти хос дорад. Надонистани  нозукиҳои забон, маҳдуд будани захираи луғавии шахс боис мешавад, ки калимаву ибораҳо ва ҷумлаҳо нодуруст истифода шаванд. Забони русӣ яке аз шаш забони байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар забони русӣ ҳар як калима метавонад ба маънои аслӣ ё маҷозӣ истифода шавад. Ҳамчунин, калимаҳое низ ҳастанд, ки вобаста ба ҷумла дар ҳарду маврид истифода мешаванд.  

Ба маънои аслӣ калима дар мавридҳое низ истифода мешавад, ки шумо дар бораи як мавзӯъ, мавод, амал ва ғайра сухан меронед.

Масалан: «Абдулло дар хонаи сангин зиндагӣ мекунад».

Дар ин ҳолат сухан дар бораи мавод меравад, яъне  савол дода мешавад, ки «Абдулло дар кадом хона зиндагӣ мекунад?», маълум мешавад, ки ӯ дар хонаи аз санг сохташуда зиндагӣ мекунад. Дар ин ҷо калимаи “санг” ба маънои аслии калима истифода шудааст. 

Маънои маҷозии калима бошад дар ҳолатҳое истифода мешаванд, ки мо ба он маънои дигар илова мекунем. Дар ин ҳолат  сухан дар бораи ашё ё маводи мушаххас намеравад ва калима ба маънои аслии худ истифода намегардад. Дар забони русӣ  аксари калимаҳо як маънои аслӣ ва якчанд маънои маҷозӣ доранд. Тарзи истифода аз калимаҳои маҷозӣ низ ба худ нозукиҳои хос дорад. Мутаассифона, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми истифодаи калимаҳои маҷозӣ ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Масалан,  дар ибораҳои «баҳри оташ»   (море огней) ва «мавҷи маъруфият» (волна популярности) агарчи калимаҳо ба маънои маҷозияшон истифода шудаанд, аммо ғалат аст.

Лозим ба ёдоварист, ки аксар вақт воҳидҳои фразеологӣ ба маънои маҷозӣ  истифода мешаванд.  

Масалан: «Абдулло дили сангин дорад».

Албатта, ин ҷумла маънои онро надорад, ки дили Абдулло аз санг сохта шуда бошад, он ба маънои маҷозӣ бераҳм будани Абдуллоро ифода мекунад. 

Дар ин мисол ибораи «дили сангин» воҳиди фразеологӣ   аст.

Агар шумо забони русиро омӯхтан хоҳед, пас тавсия медиҳем, ки бо ҳама воҳидҳои фразеологии маъмули забон шинос шавед, то дар оянда бо маънои аслӣ ва маҷозии калимаҳо дуруст сарфаҳм рафта, мавқеи истифодаи онҳоро донед. 


Китоби гуфтугӯи тоҷикӣ-русӣ. Мавзӯи "Ишқ"




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед