Ru  | Tj
«Таърих, қарзгирӣ, маъруфият»‎: 10 далели ҷолиб дар бораи забони русӣ
«Таърих, қарзгирӣ, маъруфият»‎: 10 далели ҷолиб дар бораи забони русӣ
Аксҳо: Аз Интернет

«Таърих, қарзгирӣ, маъруфият»‎: 10 далели ҷолиб дар бораи забони русӣ

Нашр шуд

Бисёриҳо бар он назаранд, ки забони русӣ яке аз забонҳои душвортарини дунёст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар аксари кишварҳои ҷаҳон бо ин забон гуфтугӯ мекунанд. 

Имрӯз забони русӣ аз ҷиҳати муошират дар ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол мекунад. Хуб, барои соҳибзабонон бошад он дар ҷойи 8-ум қарор гирифтааст.

Бо вуҷуди он, ки имрӯз шаҳрвандони кишварҳои гуногун ба омӯзиши забони русӣ машғуланд, бисёре аз сокинони маҳаллӣ ва соҳибзабонҳо дар бораи таърихи он маълумоти хеле кам доранд.

Имрӯз мо ба шумо оид ба 10 далели ҷолиб дар бораи забони русӣ ва таърихи он мегӯем.

1. Аз "Я" ба "А"

Имрӯз ҳарфи аввали алифбои забони русӣ "А" аст, аммо дар ибтидо ҳарфи аввали алифбо «Я» буд.

2. Қарз аз забонҳои дигар

Қариб ҳамаи калимаҳои забони русӣ, ки бо ҳарфҳои «А» ва «Ф» оғоз мешаванд, аз забонҳои дигари дунё гирифта шудаанд. Зимнан, Александр Пушкин ифтихор мекард, ки дар шеъри ӯ  - «Қиссаи подшоҳ Султон» танҳо як калима бо ҳарфи «Ф» истифода шудааст, ки он вожаи «флот» мебошад.

3. «Феъли музҳак»

Дар Русия, инчунин дар Императории Русия, мафҳуми «феъли бемаънӣ ва ё ношоиста» вуҷуд дошт. Умуман, ин истилоҳ ба маънои дашном ва ҳақорат истифода бурда мешуд. Пас аз паҳн гардидани дини насронӣ дар Киеви русӣ барои ибрози сухани зишт ва қабеҳ ҷазо дода мешуд ва вобаста ба он Князҳо фармонҳои дахлдор мебароварданд.

4. Ҳиллаҳои хориҷиён

Барои нафароне, ки забони модариашон забони англисӣ аст, омӯзиши забони русӣ мушкил мебошад. Аз ин рӯ, онҳо барои осонтар шудани забономӯзӣ баъзе ҳиллаҳоро ба кор мебаранд. Масалан, барои осонтар дар хотир нигоҳ доштани ибораи «Ман шуморо дӯст медорам» (Я люблю вас) англисзабонон ибораи «yellow blue bus»-ро истифода мебаранд. Агарчӣ он ҳангоми хондан овози «Я люблю вас»-ро ифода кунад ҳам, аммо тарҷумаи он ба забони англисӣ дар асл «автобуси кабуду зард» мешавад. 

5. Мушкилот дар нозукиҳо

Бештари хориҷиён ба алифбои забони русӣ таваҷҷӯҳи вижа доранд ва бинобар ин, ба назари онҳо азхуд кардани алифбо чандон мушкилие надорад, зеро бисёре аз ҳарфҳои русӣ ба ҳарфҳои лотинӣ шабоҳат доранд. Аммо, мушкилоти бештар барои хориҷиён ҳарфҳои «Ь» ва «Ъ» мебошад, ки онҳо талаффуз карда намешаванд. 

6. Маъруфият

Имрӯз аз лиҳози маъруфият дар шабакаҳои иҷтимоӣ забони русӣ пас аз забони англисӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.

7. Забони русӣ ҳамеша такмил меёбад

Бо мурури замон забонро на танҳо архаизмҳо тарк мекунанд, балки қоидаҳои нав ҳам ворид мешаванд. Масалан, дар забони русӣ калимаи  “қаҳва” танҳо дар ҷинси мардона истифода мешуд, аммо расман беш аз 10 сол боз “қаҳва”-ро ҳам дар ҷинси мардона ва ҳам дар ҷинси миёна (средный род) метавон истифода бурд.

8. Калимаи "хулиган" аз номи як хонаводаи англис гирифта шудааст

Калимаи “хулиган” дар забони русӣ аз номи як хонаводаи англис, ки «халиган» ном дошт, пайдо шудааст. Ин калима аз он сабаб ба худ маънии манфӣ гирифтааст, ки аъзоёни ин оила шахсони бадрафтор будаанд.  

9. Аломати = эҳсосот

Аломати “=”, ки мо имрӯз онро фаъолона истифода мебарем, дар руси қадим  "нуқтаи тааҷҷубовар" номида мешуд.

10. Бойтарин забони адабӣ

Забони русӣ дар байни даҳ забони бойтарини адабии ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол кардааст. Ин тааҷҷубовар нест, зеро адабиёти рус бою ғанӣ ва бисёр ҷолиб аст. Воқеан, имрӯзҳо хориҷиёни зиёд ба хотири он, ки асарҳои машҳури адабиёти русро дар забони асл мутолиа кунанд, забони русиро меомӯзанд.


«Маънои аслӣ ва маҷозии калима чист?» Дар забони русӣ калимаҳои маҷозиро чӣ гуна истифода мекунанд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед