Ru  | Tj
Духтари оташ. Парвина Ғозиева бо шириниҳои худ Русияро тасхир мекунад
Духтари оташ. Парвина Ғозиева бо шириниҳои худ Русияро тасхир мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Духтари оташ. Парвина Ғозиева бо шириниҳои худ Русияро тасхир мекунад

Нашр шуд

Парвина Ғозиева чаҳор сол боз дар Русия қалби даҳҳо афродро бо шириниҳои дастпухташ тасхир мекунад. Ӯ дар маҷмуааш чанд анвоъи шириниҳо дорад, аммо худ эътироф мекунад, ки бештар аз ҳама омода кардани торту чизкейкро дӯст медорад.


Мо  дар бораи ширинипазии Парвина, беморияш, кӯчиш ба Русия ва анҷом додани корҳои хайр барои мардум суҳбат кардем.

- Чанд муддат аст, ки дар соҳаи қаннодӣ фаъолият мекунед? Аз чӣ оғоз кардед?

- Нақли саргузашти худро аз тарзи зиндагониям дар Душанбе шуруъ мекунам. Аз кӯдакӣ ба мушкилоти саломатӣ дучор шудам. Аз 10 то 16-солагӣ бемор будам. Дар Тоҷикистон ташхиси иштибоҳӣ ба ман доданд. Дар тамоми ин муддат 19 килограм вазн доштам. Дар синфи 11-ум барои муолиҷа ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтам, ки дар онҷо маро аз муоина ва ташхис гузаронида, ҷарроҳӣ карданд. Пас аз он ба Душанбе баргашта, ҳуҷҷатҳоямро барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи Санкт-Петербург супурдаму имконияти таҳсил дар риштаи логистикаи Мактаби олии иқтисодро ба даст овардам. Соли 2019 дар охири таҳсил бемориям дубора хуруҷ карду маро бори дигар ҷароҳӣ карданд. Баъди ҷарроҳӣ ба ман гуфтанд, ки 2-3 моҳ бояд барқарор шавам. Дар ин давра бемории дунёгири тоҷвирус дар ҳама ҷо паҳн шуд. Он давра ман худам чизе хӯрда наметавонистам, аммо пухтупазро хеле дӯст медоштам, ки нияти омӯзиши нозукиҳои қаннодӣ дар зеҳнам ҷой гирифт. Ман дар хона таълим мегирифтам ва фармоишгарони аввалини ман дӯстонам буданд.

- Фармоиши аввалинатонро дар хотир доред?

- Зодрӯзи ман дар моҳи январ аст, ба ин муносибат ман як торт омода карда, дӯстонамро даъват кардам. Дар миёни онҳо дугонаам Настя низ буд, ки интизори баргузории тӯйи арӯсиаш буд. Вай торти шоколадии маро чашиду аз ман хост, то барояш чунин торти арӯсӣ бипазам.

Баъд аз ин иттифоқ ба дарёфти фармоишҳои бештару бештар имконот пайдо кардам. Консулгариҳои Тоҷикистону Маҷористон барои ҳамоишҳои муҳими худ аз ман шириниҳо мехариданд.


- Яъне тиҷорати қаннодии худро дар Русия роҳандозӣ кардед. Вале мо медонем, ки шириниҳои шумо тавонистанд Душанбешаҳрро низ мафтун кунанд. Ба ин мавзӯъ рӯшанӣ меандохтед.

- Бале, якуним сол пеш ба Душанбе баргаштам. Агарчӣ волидон ва тамоми аҳли оилаам дар шаҳри Санкт-Петербург ҳастанд. Ба ҳар ҳол ман ба Душанбе омадам ва дар он ҷо ба рушд кардан оғоз кардам. Тааҷҷубовар ин буд, ки ман тавонистам бозори қаннодиро зуд ба даст гирам. Пухтупазро дар тарабхонаи «Фрегат» оғоз кардам. Ҳамчунин шириниҳои ман дар “Broadway Cafe ва Jeffrey's Coffee” ба фурӯш гузошта шуданд. Ман бисёр фармоишҳои шахсӣ доштам ва афроди зиёд дар ин замина бо ман ҳамкорӣ кардаанд.


- Дар мавриди кӯчиш ба Русия бо мақсади таҳсил ва сахтиҳои мутобиқ шудан бо кишвари ҷадид каме суҳбат мекардед.

- Мутобиқ шудан бо ин кишвар барои ман мушкиле эҷод накард. Ёдам меояд, ки ҳама аз сатҳи дониши забони русиам тааҷҷуб мекарданд, зеро фикр мекарданд, ки дар Тоҷикистон ҳатто мактабҳои русӣ вуҷуд надорад. Маъмулан тоҷиконро бо касоне, ки барои кор  меоянду қисмати бештарашон зодагони деҳоти гуногуни Тоҷикистонанд ва забони русиро на он қадaр хуб медонанд, муқоиса мекунанд. Вақте ман ба донишгоҳ дохил шуда, дар хобгоҳ умр ба сар мебурдам, бо ман ҳамсабақонам аз кишварҳои гуногуни ИДМ низ буданд. Ман бо онҳо дарҳол робитаи дӯстона барқарор кардам ва ягон нороҳатиро дар муошират бо онҳо эҳсос намекардам. Ҳамакнун Санкт-Петербургро бештар аз хонаи худ ва макони табъи дилам мешиносам, зеро дар инҷо бештар бо мардуми меҳрубон ва самимӣ сару кор дорам.  


- Ягон саргармии дигаре низ доред?

- Дарвоқеъ саргармии зиёде дорам, агар дар Душанбе бошам.  Сайругашт, китобхонӣ, иштирок дар маҳфили китобдӯстон, рақсидан ва ба толори варзиш рафтанро низ дӯст медорам. Замоне дар Душанбе ба варзиши аспсаворӣ машғул будам, ҳоло ният дорам онро идома бидиҳам. Ҳамчунин тамошои маконҳои зебо, гардишгарӣ, ошноӣ бо фарҳангҳои гуногун, нӯши ҷон кардани таоми онҳо ва эҳтимолан таҷрибаи муфиди онҳо барои худ ва шириниҳоям ёд гирифтан аст.

Қаҳрамони мо мегӯяд, орзу дорам, ки дар Тоҷикистон тиҷорати худро ба роҳ монам. Парвина мехоҳад ба Душанбе дар бахши ширинӣ навгонӣ кунад ва давраҳои гуногуни омӯзиши ҳунари қаннодиро роҳандозӣ намояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Тоҷикон дар Русия

“Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам”. Пайроҳаи муваффақияти размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков

ТАҲЛИЛ

Коршиносон кишварҳои дӯст ва ғайридӯсти Русия дар фазои пасошуравиро номбар карданд

Тоҷикон дар Русия

Сарояндаи тоҷик Беҳрӯз Маҷидов дар мавриди тарҳи русии “Голос” ва намоҳанги аввалинаш

Ҷолиб

Улуғбек Урунов дар бораи фанноварии молӣ дар Тоҷикистон, хидматрасонии МегаФон ва кор бо муштариён

Другие новости