Ru  | Tj
“Мехоҳам ҳунарпешаи маъруфи ҷаҳон шавам”. Пайроҳаи муваффақияти Санора Кирсоново
“Мехоҳам ҳунарпешаи маъруфи ҷаҳон шавам”. Пайроҳаи муваффақияти Санора Кирсоново
Аксҳо: аз қаҳрамони мақола дастрас шудааст

“Мехоҳам ҳунарпешаи маъруфи ҷаҳон шавам”. Пайроҳаи муваффақияти Санора Кирсоново

Нашр шуд

Ҳунарпеша Санора Кирсаново зодаи шаҳри Норак буда, солҳо дар Театри опера ва балети Садриддин Айнӣ нақшофаринӣ кардааст. Ӯ дар 13-солагӣ дорандаи унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон гаштааст. Қаҳрамони моро истеъдоди ҷавони Тоҷикистон меномиданд. Пас аз сафар ба Русия барои идомаи таҳсил онҷо монд ва ҳамин тавр шуғли писандидаашро идома медиҳад.

Санора дар филмҳои кӯтоҳи "Маро бибӯс" ва "Бо роҳи худ" бозӣ намуда, дар силсилафилмҳои "Бехобӣ", "Екатерина. Дӯстдоштаҳо» ва «Намоҳангсозон» нақш офаридааст.


Ҳамакнун Санора аслан бо нақшофаринӣ дар таблиғот ва намоҳангҳо машғул аст. Таблиғоти афшураи J7, ғизои сагҳои “Pedigree”, барномаи омӯзишии “Netology”, ҳамчунин иштирок дар намоҳангҳои Jony, Bahh Tee, Turken ва Николай Басков дастовардҳои шинохтатарини ӯ ба шумор меравад.

Муаллифи Halva.tj бо Санора Кирсаново дар бораи пайроҳаи эҷодӣ, балети Тоҷикистон, варзиш ва ҳунарҳои размии омехта гуфтугӯ кард.

“САМУРАЙ ҲАДАФ НАДОРАД, ТАНҲО ЯК МАСИРРО ДУНБОЛ МЕКУНАД

- Санора, мехоҳам бидонам, ки оё аз кӯдакӣ орзуи ҳунарпеша шуданро доштед?

- Пайроҳаи эҷодии ман аз ошноӣ бо тарроҳи рақс Амон Мӯсоев оғоз шуд. Он замон 3,5-сола будам. Ин устоди забардаст дар ҳамсоягии мо мезист ва рӯзе рақсидани маро дар назди телевизор дида, ба модарам гуфт, ки мехоҳад маро ба васояташ гирад. Ҳамин тавр ба рақсидан шурӯъ кардам.


- Донишомӯхтаи чӣ риштаи таҳсил ҳастед?

- Соҳиби 2 маълумоти олӣ ҳастам, яке равоншинос ва дигаре ҳуқуқшинос. Ман дар Маскав дар мактаби драмавии Герман Сидаков таҳсил мекардам, баъд бо Елена Кузина, ки худ устод аз донишгоҳи Ҳарвард ҳаст, тибқи дастури Чехов ҳунарпешагиро аз худ карда, дар давраҳои дигари таълимии ин замина ширкат варзидам.

- Таҳсил дар мактаби драмаи Герман Сидаков бароятон чӣ дод?

- Муҳимтарин чизе ки ин мактаб ба ман дод, одамон аст. Ман дар доираи ҳунарпешагон ба сар мебарам, ки ҳамаи мо аз ин мактаб гузаштем. Якдигарро пуштибонӣ мекунем ва кумак мерасонем. Ин беҳтарин дороист. Нақшофаринӣ дар театр дунёи дигарест. Дар давраи дувуми таҳсил аз мо хостанд, то филми худамонро созем ва мо ин корро ба сомон расонидем. Хеле олӣ буд.


- Аз давраи фаъолият дар Театри опера ва балети шаҳри Душанбе чӣ хотира доред?

- Кори пурифтихор буд, зеро то синни 14 ҳунарнамоиву намоишномаҳои консертии доимӣ доштам. Яке аз хотироти накӯ – равшании нурафканон ва кафкӯбии бардавому ростои тамошобинон аст.

ДАР БОБИ ВАРЗИШ

- Замоне размикори ҳирфаӣ низ будед. Ҷолиб аст бидонам, ки чӣ гуна ба ҳунарҳои размии омехта пайвастед?

- Дар Тоҷикистон дар айёми кӯдакии ман чунин буд, ки агар ту як одами хориқ бошӣ, яъне духтаре, ки табъи дили худ либос мепӯшӣ, ё хуб медавӣ, ё хуб меҷангӣ, ё ҳанӯз миллипӯш мешавӣ. Тавре ки мебинед, ман хуб меҷангидам. Ибтидо каратэ, сипас таэквондо, баъд муборизаи тан ба тан ва солҳои донишҷӯӣ бо ҳунарҳои размии омехта машқ мекардам, он ҳам барои ҳимояти худ. Аз ҳунарҳои размии омехта ба он хотир даст кашидам, ки намехостам ҳаётамро ба ин риштаи варзиш пайвандам. Бо вуҷуди ин гаҳу гоҳ тамрин мекунам, то ин маҳорат фаромӯш нашавад.


- Мавриде буд, ки аз маҳорати варзишиатон истифода карда бошед?

- Мегӯянд таҷовузкорон ба духтарони бо либоси боз ҳамла мекунанд, вале ин иштибоҳ аст. Ин қабил афрод ба далеле ниёз надоранд. Боре аз тамрин ба хона бармегаштам, дар тан либоси варзишии кулоҳдор ва гӯшандоз доштам. Хеле дер шуда буд, чун тамрин соати 23:00 ба охир расид ва ман тақрибан соати 12-и шаб ба хобгоҳ омадам. Дар роҳ ду писарбачае аз пешам баромаданд, ки бе ягон далел ба ман дарафтоданд ва бо тамоми нерӯ ҷисми нозуки маро ба девор заданд. Ман худро гум накарда, бо тамоми тавонам ба рӯйи якеаш зада, дуюмашро низ зарбу лат кардам. Пас аз ин тарафи хобгоҳам, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса буд, давидам. Осебдидагони зарбу лат маро таъқиб карданд, вале дар болои дари хобгоҳ дурбини назоратиро дида, аз нияти шумашон даст кашиданд.

- Дигарон рушди шуморо чӣ гуна қабул мекунанд?

- Ҳар кас ба таври худ, касоне ҳастанд, ки аз ман пуштибонӣ мекунанд, аммо боз ҳастанд афроде, ки аз ояндаи ман шакку шубҳа доранд. Аммо ман як хислати қавӣ дорам – бароям ҳаргиз муҳим нест, ки мардум дар мавриди ман чӣ фикр дорад.


- Бархурдатон бо интиқод чӣ гуна аст?

- Бастагӣ ба он дорад, ки кӣ интиқод мекунад. Агар шахси бегона бошад, бароям аҳамият надорад. Вале мутахассисони соҳа ва аҳли хонаводаам бошад, сайъ мекунам, то худро беҳтар кунам.

Санора мехоҳад ҳунаршешаи маъруфи ҷаҳон шавад. Вай ҳамчунин тасмим дорад, то ба Тоҷикистон баргардад ва он ҳам ба хотири баланд бардоштани нуфузи «Тоҷикфилм».



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Тоҷикон дар Русия

“Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам”. Пайроҳаи муваффақияти размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков

ТАҲЛИЛ

Коршиносон кишварҳои дӯст ва ғайридӯсти Русия дар фазои пасошуравиро номбар карданд

Тоҷикон дар Русия

Сарояндаи тоҷик Беҳрӯз Маҷидов дар мавриди тарҳи русии “Голос” ва намоҳанги аввалинаш

Ҷолиб

Улуғбек Урунов дар бораи фанноварии молӣ дар Тоҷикистон, хидматрасонии МегаФон ва кор бо муштариён

Другие новости