Ru  | Tj
Таронаҳои овозхони тоҷик платформаҳои мусиқии ҷаҳониро тасхир мекунад. Шонемат кист?
Таронаҳои овозхони тоҷик платформаҳои мусиқии ҷаҳониро тасхир мекунад. Шонемат кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Таронаҳои овозхони тоҷик платформаҳои мусиқии ҷаҳониро тасхир мекунад. Шонемат кист?

Нашр шуд

Овозхони тоҷик Шонеъмат Ҷаъфархонов (маъруф ба Shonemat) зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ин ҳунарманди ҷавон аз 19-солагӣ ба овозхонӣ оғоз кардааст. Агарчи ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, таронаҳояш пурмухотаб буда, дар платформаҳои мусиқии ҷаҳонии Apple Music, Yandex Music, Google Play Music, YouTube Music, Deezer, SoundCloud ва VK Music ҳаводорони зиёд дорад. Танҳо теъдоди каме аз мардум медонанд, ки ин овозхони тозакор нахустин маҷмӯаи худро дар утоқи хурди русто, бидуни кумаки навозандагони ҳирфаӣ ва ҳунаркада (студия) сабт кардааст. Ишқу алоқа ба мусиқӣ ба Шонеъмат шуҳрати беандоза овард ва ҳамин тариқ таронаҳояш ба номгӯйи маъруфтарин таронаҳои суисӣ (швейтсарӣ)-и Spotify, ки дар беш аз 120 кишвари ҷаҳон дастрас аст, ворид шуд.


- Шонемат, чунин меҳр ба мусиқӣ аз куҷост?

- Соли 2020 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси лоиҳакаш бомуваффақият хатм кардам. Бо вуҷуди он ки касбам ба соҳаи фаннӣ иртибот дорад, мусиқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ман аст, зеро ҳунарнамоиро ман аз саҳнаи мактабӣ оғоз намудаам. Маҳз ҳамон вақт устодони мусиқиам мутаваҷҷеҳи истеъдодам шуданду пас аз он дар ҷашнҳои минтақавию вилоятӣ, ба мисли Наврӯз ва Ваҳдати миллӣ ҳунарнамоӣ кардам. Дар синфи ҳафтум дар лоиҳаи телевизёнии «Овози тиллоӣ» иштирок намуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтам. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонам, ки ман сарояндаи пурҳаводор дар яке аз платформаҳои асосии мусиқии ҷаҳон – Spotify мебошам.

- Бо кадом забонҳо суруд мехонед ва аввалин албоми шумо “Даргиле” чӣ гуна эҷод шуд?

- Сурудҳои ман асосан ба забони помирӣ буда, дар байни мардуми маҳаллӣ маҳбубияти зиёд доранд. Илова бар ин онҳо дар платформаи YouTube хеле машҳуранд. Маъруфтарин таронаҳое, ки бинандаи бештар доштанд, «Vota tu Zhiwjum», «Razd Boron», «Zuhro», «Masti Zuhro» ва ғайра мебошанд. Соли 2017 ман аввалин албоми ҳирфаии худро бо номи “Dargile” баровардам. Вижагии албом дар он аст, ки ман онро дар хона, дар ҳуҷраи худ, бе кумаки навозандагони ҳирфаӣ сабт кардам. Барои анҷоми ин кор ман аз роёна (компютер)-и оилавӣ истифода кардам, ки он замон бароям ҳамчун ҳунаркада ё худ студияи касбӣ буд. Ман илҳом гирифтам, ки чизе аз худам, беназиру шахсӣ эҷод кунам ва ин албом як зуҳуроти равшани фардияти ман дар ҷодаи мусиқӣ гардид.

"СУРУДХОНӢ ПУЛИ ЗИЁД НАДОРАД"

Дар ҳоли ҳозир хонаводаи Ҷаъфархоновҳо дар Маскав зиндагӣ мекунад. Шонемат дар оила писари калонӣ буда, ду бародару як хоҳар дорад. Падари Шонемат низ ба овозхонӣ шуғл дорад. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, падараш дар солҳои 1995-1997 ба далели мушкилоти молӣ ва сиёсӣ натавонистааст ба донишгоҳ дохил шавад. Аз ин рӯ сарвари оила ба писари калонӣ гуфта буд, ки овозхонӣ пули зиёд намеоварад ва ба Шонемат маслиҳат дод, то дар дигар дигар таҳсил кунад, зеро маълумот дар ҳаёти ҳар як шахс аҳамияти калон дорад.

"Дар зиндагӣ падарамро устоди худ медонам, махсусан пас аз он ки барои нахустин бор дар тӯйи ҳамсоя бо ҳам суруд хондем", - ба ёд меорад сарояндаи ҷавон.
Дар айни замон Шонемат дар шаҳри Маскави Русия ба ҳайси устои барқ кор мекунад. Рӯзҳои истироҳат дар ҳамроҳӣ бо овозхони дигари маъруфи Бадахшон – Расули Давлатбек дар ҳайати гурӯҳ дар маҳфилҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекунад. Гурӯҳи онҳо яке аз маҳбубтарин ва пуралоқатарин дар миёни сокинони Бадахшони муқими Маскав ба шумор меравад.


Соли 2019 Шонемат дувумин албоми ҳирфаии худро бо номи «Beduni Too» сабт мекунад. Сабт дар ҳунаркадаи мусиқӣ сурат гирифт, ки сароянда дар он ба ҳайси оҳангсоз ва танзимкунанда кор мекунад. Зафар Азизуллоев, навозанда ва овозхони саршиноси тоҷик дар сохти бахши гитори оҳангҳои албом ба ӯ кумак расонидааст. Суруди охирини ӯ «Zuhro» моҳи марти имсол дастраси шунавандагон гардид ва тӯли чанд моҳ намоҳанг (клип)-и ин тарона дар шабакаи Ютуб беш аз 200 ҳазор бор тамошо шуд. Имрӯз Ҷаъфархонов дорои лейбли мусиқии шахсӣ бо номи “JS Studio” мебошад.

- Муаллифи сурудҳоятон кист ва кадомаш барои худи шумо писандидатарин аст?

– Ман худ мусиқӣ ва оҳангҳоро эҷод мекунам, аммо матни сурудро одамони дигар менависанд. Одатан муаллифи матн амаки падарам, доктори илми филология Варқа Охонниёзов мебошад. Барои таронаҳоям на танҳо аз ашъори амакам, балки аз ашъори зебои доктори илми филология Абдулназар Абдулназаров низ истифода мекунам. Ман суруди писандидатаринро интихоб карда наметавонам, зеро ҳама сурудҳоям мисли кӯдаканд, барои ман хеле азизанд. Ман ҳар яке аз онҳоро дӯст медорам. Ман шодам, ки мусиқии ман дастраси мардуми бисёр кишварҳо ва забонҳои гуногун аст ва умедворам, ки он ба шунавандагон завқу илҳом мебахшад.


- Кадом яке аз ҳунармандон ё сарояндагони тоҷик илҳомбахши шумо ҳастанд?

- Яке аз овозхонҳое, ки маро рӯҳбаланд мекунад, маэстро Далер Назаров мебошад. Аз эҷодиёти Зафар Азизуллоев низ, ки дар замони сабти албоми дуюми ҳирфаиам бо ӯ ошноӣ пайдо кардам, илҳоми зиёд мегирам. Амак Зафар навозандаи барҷаста ва суҳбаторои дилнишин аст. Ман эҳсоси хушҳолї мекунам, ки тавонистам шахсан бо чунин афроди шигифтангез вохӯрам.

- Ангезаи шумо дар зиндагӣ чист?

- Эътироф ва муваффақият! Бисёре аз навозандагон талош мекунанд, то эљодиёти онҳо аз сӯйи ҳаводорон, ҳамкорон ва мунаққидон эътирофу қадр карда шавад. Муваффақият метавонад як ангезаи қавӣ барои идомаи кор ва тавсеаи касбатон гардад.


- Се калимае, ки шуморо ба муваффақият мерасонад...

 1. Устуворӣ – тавоноии муқовимат дар баробари мушкилот, паси сар кардани нобарорӣ ва идома додани ҳаракат ба самти ҳадафҳои хеш.

2. Худсомонмандӣ (самодисциплина) – қобилияти пайравӣ аз як барномаи амал, кор рӯйи маҳоратҳо ва тавоноии худ, ҳатто дар ҳоле, ки ин саъйу талош ва худсомонмандӣ талаб мекунад.

3. Навоварӣ – қобилияти тафаккури эҷодӣ, дарёфти роҳҳои нави расидан ба ҳадафҳо, истифода аз ғояҳо ва фанновариҳои нав дар кори худ.


- Кӣ ва ё чӣ шуморо барои пешравӣ талқин мекунанд?

- Хонаводаам ва афроде, ки ба пешрафти ман ба унвони навозанда ва ба таври кулл ҳамчун як фарди хуб эътиқод доранд, маро ҳавасманд мекунанд. Медонам, ки атрофамро одамоне иҳота кардаанд, ки ба ман ва истеъдодам бовар доранд. Маҳз чунин ҳолат ба ман кумак мекунад, то ҳавасманд бошам ва дар расидан ба ҳадафҳоям устувор боқӣ монам. Хонаводаам ҳамеша аз ишқу алоқаам ба мусиқӣ ҳимоят мекарданд ва мутмаинам, ки аз дастовардҳои ман ифтихор доранду талошҳои  эҷодиямро дастгирӣ мекунанд. Ин ба ман ангеза медиҳад, то таҳсилро идома дода, қуллаҳои баланди эҷодиро фатҳ кунам. Илова бар ин муҳити мусиқии ман низ дар ҳавасмандиям нақши муҳим дорад. Ман бо навозандагон, устодон ва ҳамкорони боистеъдоде кор мекунам, ки барои рушду пешрафти ман кумак мекунанд. Мо таҷриба ва дидгоҳи худро дар мавриди мусиқӣ мубодила мекунем. Ин ба ман кумак мекунад, то беҳтар шавам ва иқтидори эҷодии худро густариш диҳам.

- Ба ҳаводорон чӣ мужда доред?


   - Дар ояндаи наздик тасмим дорам, ки аввалин консерти инфиродии худро дар шаҳри Маскави Русия ташкил кунам. Дар ин замина бо кумаки навозандагони гурӯҳи «Лаъл» таҳти сарварии Муборакшо Додалиев дар тамринҳо тамоми сурудҳоямро коркард кардем. Роҳандозии консертро дӯстам Аслишо Акимбеков ба уҳда дорад, ки барои кумак ва дастгирӣ дар амалӣ шудани орзуям аз ӯ бениҳоят сипосгузорам. Ин рӯйдоди муҳими зиндагиамро бесаброна интизорам ва умедворам, ки консерт дар сатҳи олӣ баргузор хоҳад шуд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед