Ru  | Tj
“Ватан дигар аст”. Пайроҳаи муваффақияти тоҷикдухтар Зилола Бозорово дар Тотористон
“Ватан дигар аст”. Пайроҳаи муваффақияти тоҷикдухтар Зилола Бозорово дар Тотористон
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Ватан дигар аст”. Пайроҳаи муваффақияти тоҷикдухтар Зилола Бозорово дар Тотористон

Нашр шуд

Зилола Бозорово ҳафт сол пеш аз Тоҷикистон ба пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон кӯч баст. Ӯ дар онҷо дар риштаи тиб таҳсил карда, ҳамакнун дар соҳаи ороишгарӣ (косметология) кор мекунад. Зилола ба муаллифи Halva.tj дар мавриди кӯчиш ба кишвари дигар, таҳсил ва кор дар Қазон нақл кард.

КӮЧИШ


Зилола, аз Тоҷикистон кай рафтед?

– Ман 7 сол пеш баробари хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии тибби Қазон дохил шуда, ба Тотористон омадам. Аз он замон дар инҷо зиндагӣ мекунам.

Мутобиқ шудан дар ин кишвар бароятон душвор набуд?

– Ҳам ҳа ва ҳам не. Дурӣ аз падару модар сахт буд, аммо хоҳарбузургам ҳамроҳи ман буд, ки давоми 3 сол ҳамворам пуштибониву кумакам мекард (механдад).

Оё бо бархурди манфӣ нисбати худ рӯбарӯ шудед?

– Ман Қазонро хонаи дувуми худ медонам. Дар инҷо бо афроди меҳрубон ва ҷолиб ошно шудам. Дар тамоми муддати зист эҳсоси ғарибӣ ё «бегона будан» накардам.

Оё ба донишгоҳи тиббии Русия дохил шудан душвор набуд?

– Дохил шудан осон буд, вале таҳсил душвор буд. Ба назари ман, ҳамин тавр ҳам бояд бошад.

ЗЕБОШИНОСӢ

Чаро хостед, ки ороишгар шавед?

– Ман ҳамеша мехостам барои мардум манфиат ва хушбахтӣ орам. Ба шарофати ин пеша на танҳо метавонам духтарону бонувони зеборо хушнуд созам, балки ба онҳо кумак кунам то эътимод ба нафс дошта бошанд.  


Дониш ва маҳорати ороишгариро дар куҷо аз худ кардед?

– Дар давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони зебоии навкори дорои маълумоти тиббӣ ин маҳоратро омӯхтам, ки он дар давоми 4 моҳ дар як ҳафта панҷ рӯз се-чор соатӣ баргузор мешуд. Ман омӯзишро бо тартиби дарсҳои донишгоҳӣ мувофиқ кардам. Ин давраҳо ба ман дониши аввалия дар заминаи ороишгарӣ, усули аввалияи ороиши зебо ва равишҳои тазриқро доданд. Маҳз дар ин давраҳо ман бо аввалин мураббии худ ошно шудам, ки ба шарофати ӯ донишу маҳорати зиёдро дарёфт кардам.

Мо медонем, ки шумо ба наздикӣ дипломи духтуриро соҳиб шудед. Ният доред, ки аз рӯйи ихтисоси худ кор кунед?


– Дар ҳоли ҳозир мехоҳам нерӯву дониши худро бештар дар заминаи ороишгарӣ истифода кунам ва дар ин масир рушд кунам, зеро барои он ки беҳтарин мутахассис дар риштаи худ бошам, бояд ҳамвора маҳорати худро тавсеа бахшам, ёд бигирам ва маҳорати худро афзоям. Вале ин охири роҳ нахоҳад буд. Дар ояндаи наздик мехоҳам, ки дар бахши ординатураи риштаи ғадудшиносӣ таҳсил кунам.

Зилола зимни суҳбат ҳамчунин дар мавриди ҳадафҳои худ гуфт. Ӯ мехоҳад ба Тоҷикистон баргашта, дармонгоҳи худро дар заминаи зебоӣ ва ғадудшиносӣ роҳандозӣ кунад. Қаҳрамони мо мегӯяд, бо вуҷуди он ки Қазон муҳити хубу сара дорад, ватан дигар аст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Тоҷикон дар Русия

“Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам”. Пайроҳаи муваффақияти размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков

ТАҲЛИЛ

Коршиносон кишварҳои дӯст ва ғайридӯсти Русия дар фазои пасошуравиро номбар карданд

Тоҷикон дар Русия

Сарояндаи тоҷик Беҳрӯз Маҷидов дар мавриди тарҳи русии “Голос” ва намоҳанги аввалинаш

Ҷолиб

Улуғбек Урунов дар бораи фанноварии молӣ дар Тоҷикистон, хидматрасонии МегаФон ва кор бо муштариён

Другие новости