
6 ровӣ ва блогери машҳури Тоҷикистон
Нашр шуд
6 ровӣ ва блогери машҳури Тоҷикстон, ки бо истеъдоду сифати контенти худ дили шунавандаю тамошобинони худро ба даст оварданд.
Субҳони Ҷалил - ровии радиои Ватан “106 fm”

Субҳони Ҷалил солҳои дароз дар барномаҳои телевизионӣ ва радиои Ватан 106 fm бо овозӣ хушу шухиҳои ҳазломезу саволҳои ҷолиби худ миёни ронандагони ҷумҳурӣ хеле машҳур аст.
Мохпора Киромова - барандаи барномаи “В чём сила сестра?” Asia-Plus

Меҳмонони ин барнома - занҳои муваффақ дар ҳар соҳа мебошанд ва аз мушкилиҳои мавҷуд буда барои занҳои Тоҷикистон нақл мекунанд. Пахши ин барномаҳо дар шабакаи YouTube нашр шудааст.
Мубориз Усмонов - баранда, актёр, иштирокчии КВН аз Тоҷикистон ва сароянда

Мубориз - муаллифи барномаи "Imshab Life" мебошад, ки дар он асос ҳамаи санъаткорони машҳури ватанӣ иштирок менамоянд. Хусусияти хоси ин барнома дар он аст, ки суҳбатҳо озод мегузаранд. Мубориз Усмонов ҳам бо забони тоҷикӣ ва русӣ озодона ва тоза ҳарф мезанад.
Орзу Исоев - журналист, муаллифи филмҳои ҳуҷҷатӣ, баранда ва шоир

Чеҳра ва овози Орзу Исоев ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон осоншинос аст. Шуҳрати зиёдтар баъд аз фаъолият дар барномаи кастинги “ТВ Сафина” пайдо шуд. Инчунин зиёди сурудҳои сарояндагони машҳурӣ тоҷик маҳсули эҷоди ӯ мебошанд, бахусус Нигина Амонқулова.
Беҳруз Насриддинов - баранда, актёр ва шоу-мэн

Бехруз ҳар пагоҳи руз субҳи худро аз барномаи “Набзи руз” оғоз мекунад ва бениҳоят шунавандаи зиёд дорад. Ғайр аз ин имрузҳо дар шабакаи “YouTube” сериали “Ишқ, пул, Душанбе” бо иштироки Беҳруз Насриддинов тамошо карда метавонед.
Рафаэл Гулов

Рафаэл - барандаи ҷавон ва бо истеъдод, ки дар шабакаи YouTube бо барномаи худ “Tojikbacha Show” машҳур шудааст. Инчунин боз дигар барномае бо номи «Made in Tajikistan» низ дорад, ки дар он оиди ҳамаи корхонаҳо ва маҳсулоти истеҳсолшуда дар Тоҷикистон нақл мекунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед