Ru  | Tj
“Қалам мӯъҷизаофар аст”
“Қалам мӯъҷизаофар аст”
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“Қалам мӯъҷизаофар аст”

Нашр шуд

Некрӯзи Сайфулло, рассоми ҷавони тоҷикро аз рӯи истеъдоди баландаш ҳама мешиносанд. Бо маҳсули эҷоди ӯ дар саҳифаҳои интернетиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошно шудан мумкин аст.

Мо бо эҷодкори ҷавон аз наздик ҳамсуҳбат шудем ва доир ба истеъдоду ҳунари рассомӣ ва фаъолияти имрӯзаву нақшаҳои ояндааш баъзе маълумотҳоро кашф кардем.

“Ҳунарам рассомист, вале гоҳ – гоҳ шеър менависам”

“Дар замини тоҷикон тухми шоир коштаанд,

Орзуям аз шумори донаҳояш будан аст”, навиштааст қаҳрамони мо дар саҳифаи фейсбукияш. Воқеан, мо агар “пост” – ҳои Некрӯзро пайгирӣ кунем, байтҳоеро меёбем, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Рассом шавқи шоириашро кам дониста, хоксорона чунин ҷавоб дод:

“Тасмим нагирифтаам, ки шоир шавам, лекин дар баробари рассомӣ кам – кам илҳоми шеърнависӣ ҳам меояд ва натиҷааш ҳамин чанд байти шогирдона аст”. 

Ӯ санъату адабиётро ба ҳам тавъам медонад. Аз замони кӯдакӣ дӯстдори адабиёт будааст ва ашъори классикону муосирони шеъри форсию тоҷикиро бо рағбати зиёд азбар мекардааст. Дар баробари ин кӯшиш мекардааст қаҳрамонҳои асарҳои бадеиро рӯи қоғаз тасвир намояд. Баръакси ин гоҳи расмкашӣ илҳоми шеърнависияш меояд ва он чизе, ки дар сараш пайдо мешавад, зуд менависад.

Некрӯз мегӯяд, овони мактабхонӣ бисёр машқи шеър мекард, вале ҳоло баъди маслиҳати шоир Хайрандеш диққати асосиашро ба сураткашӣ равона кардааст: “Вақте донишҷӯ шуда, ба Душанбе омадам, дар маҳфилҳои устод Хайрандеш пайваста иштирок мекардам. Устод маслиҳат доданд, ки дар ҳоли ҳозир танҳо аз пайи санъати рассомиям шавам, зеро нозукиҳояш хеле бисёр аст ва якбора дар ҳарду муваффақ шудан осон нест. Ҳамин тавр, ҳар гоҳе ба сарам чизе ояд, чанд хат шеъргуна барои худам менависам”, хоксорона иқрор шуд қаҳрамони мо.

“Истеъдод худодод аст, вале онро бояд тарбия кард”

Истеъдод ҳадяи Худост, вале инсон агар онро такмил надиҳад, мемирад. Шояд мо ба ҳамон тасаввуроте, ки табиӣ пайдо шудааст, эҷод мекунем, вале ба ҳар сурат, барои камоли истеъдод устоди роҳнамое лозим. Некрӯз ҳам соҳиби ду истеъдоди худодод аст, вале аз рӯйи нақлаш ҳунари расмкашиашро танҳо дар синфи 7 ё 8 хонданаш ба ҳама маълум кардааст.

“Ман дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, ба воя расидам. Шояд муҳити деҳа ё мактаб буд ва ё қобилияти худододӣ, ки аз ҳамон вақте ки худро мешиносам, ба тасвир кардан завқи зиёд доштам. Соли 2011 вақте дар синфи 7 ё 8 мехондам, фестивал – озмуни “Сапеда” мегузашт. Ман қарор додам, ки маҳсули эҷодамро ба ин озмун пешниҳод намоям. То ин вақт дар мактабу деҳа аз ин ҳунарам ҳеҷ кас хабар надошт. Вақте дар ин озмун ҷой гирифтам, дар мактаб маро бисёр дастгирӣ мекардагӣ шуданд”, бо шавқ давраҳои ширини ҳаёташро ёдовар шуд рассом.

“Устодони санъати тасвирии тоҷик ба ман идеаланд”

Некрӯз дар ташаккулёбӣ ва муаррифии қобилияташ саҳми устодони Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро беандоза зиёд медонад. Ӯ аз хурдӣ шефтаи асарҳои рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарипов, нависанда ва рассоми бузург Сайф Раҳимзоди Афардӣ будааст. Қаҳрамони мо бо ифтихор аз устодони санъати рассомӣ, ки ӯ аз мактабашон гузаштааст ёд овард.

“Дар солҳои мактабхонӣ фикр мекардам, рассомӣ ҳамон аст, ки он вақт иҷро мекардам. Вале вақте ба донишкада дохил шудам, тамоман бо чизҳои дигар вохӯрдам. Дарк кардам, ки ин навъи санъат ниҳоят нозукиҳои зиёд дорад ва кори осон нест. Шодравон Фаррух Хоҷаев ва Юсуфҷон Сангов устодони ман буданд. Шукр мекунам, ки чунин рассомони соҳибмактаб ва устодони бузург моро раҳнамоӣ карданд”. Некрӯз мегӯяд, аз ҳунари рассомони ҷаҳонӣ низ зиёд баҳравар мешавад, лекин устодоне, ки дар боло номашонро зикр кард, ҳамеша барояш чун идеал боқӣ мемонанд.

Некрӯз ба Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2016 дохил шуда, соли 2020 хатм намудааст. Нахуст ихтисоси рассоми кино ва театрро аз рӯи меҳри беандозааш ба кинову театр интихоб кардааст. Вале баъди соли аввали таҳсил бо баъзе сабабҳо таҳсилро таваққуф гузошта, пас аз як сол аз нав ба ихтисоси графикаи дастгоҳӣ барқарор кардааст. 

“Ҳунарам таъминкунандаи рӯзгорам аст”

Қаҳрамони мо бештар бо жанри графика кор мекунад, ки асосан дар китобҳо истифода мешавад. Онро сиёҳқаламӣ ҳам мегӯянд. Ин жанр боз ба қисмҳои алоҳида, типография, коллеграфия миниатюра ҷудо мешавад. Фориғ аз ин корҳо, аз рӯи фармоиш дар деворҳо низ тасвир мекунад, ки онро барелеф мегӯянд. 

“Маҳсулоти рассомӣ дар Тоҷикистон андаке қимматтар аст. Бар замми ин ҳоло шароити тасвири асарҳои калон ба мисли рангнигорӣ (живопис) – ро надорам. Барои ҳамин, танҳо барои чеҳранигорӣ ва деворнигорӣ фармоиш қабул мекунам. Тасвири китобҳоро низ метавонам ба ӯҳда гирам. То имрӯз дар даҳ китоб рассомӣ кардаам. Ба наздикӣ бо нашрияи “Истиқбол” ҳамкориро оғоз намудам ва аллакай ба як китоби муаллима Латофат Кенҷаева рассомӣ кардам, ки ба наздикӣ аз чоп мебарояд”, гуфт Некрӯз.

Чеҳранигорӣ ё тасвири портрет ҳоло як манбаи асосии даромади рассом аст. Ӯ ин тасвирҳоро одатан мувофиқи фармоиш иҷро мекунад, вале аксар вақт симои дӯстон ва шахсони намоёни кишварро аз рӯи самимият ва муҳаббат тасвир мекунад. Ба қавле “шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад” ва Некрӯз ҳам аз ҳунари худ рӯзгорашро пеш бурда истодааст.

“Ҳоло даромадам қаноатбахш аст. Барои рассоми муваффақ шудан бояд сармоя ва ё ягон сарапараст дошта бошӣ, то заминаи моддиву техникиатро таъмин карда тавонӣ. Ба ин пеш аз ҳама устохонаи рассомӣ, навъҳои гуногуни қоғазу рангу қаламу дигар чизҳо, ки вақте инҳо бошанд кӯшиши рассом дучанд мешавад, дохил мешаванд. Ман ҳоло мустақилона кор мекунам ва шукр ризқамро ёфта истодаам”, бо шукргузорӣ гуфт қаҳрамони мо. 

“Устохонаи рассомӣ кошонаи илҳоми рассом аст”


Некрӯз устохона доштани рассомро бисёр муҳим медонад. Он як кулбаест, ки эҷодкор бо ҳама фикру андешаҳояш танҳо мемонад ва метавонад худро озод эҳсос намояд. Бо сабаби надоштани устохона ӯ то ҳол наметавонад маҳсули эҷодашро дар як ҷо ҷамъ кунад. “Эҷодиётам хеле зиёд аст. Боре ҳисоб ҳам накардаам, дар як ҷо ҷамъ ҳам наовардаам. Қисме аз он дар деҳа мондаасту қисми дигар дар ин ҷо. Сабаби парокандагияш надоштани устохона аст”.


“Кори дастӣ бебаҳост”

Некрӯз бо вуҷуди ин ҳамеша саргарми эҷод аст. Ӯ рушди технологияҳои муосирро тақозои замон ва падидаи нек медонад, вале дар баробари ин арзиши кори дастиро аз он зиёдтар медонад, зеро ҳунари дастӣ дар ягон вақту замон аҳаммияти худро аз даст намедиҳад. 

“Ҳоло нашриётҳо мехоҳанд бо роҳи осон тасвирҳоро аз интернет гирифта дар китобҳо ҷой диҳанд ё дар компютер дизайни электронӣ кунанд. Агар китобҳо бо тасвири дастии рассом ороиш ёбанд, фикр мекунам таваҷҷуҳ ба онҳо зиёдтар мешавад. Чунки рассом матнро хонда, мувофиқи мазмуни он тасвир мекунад, ки барои хонанда таассуроти бештаре мебахшад”, ба гуфтаҳояш далел овард ӯ.

“Шаб илҳомбахши эҷодкор аст, қалам дарди ҷомеаро тасвир мекунад”

Қаҳрамони мо низ чун ҳама эҷодкорони дигар шабро ҳамдами розҳои худ медонад ва аз он илҳом мегирад. Ба гуфти ӯ шаб ҳама сукут мекунад ва дур аз ғавғову давутози рӯзона эҷодкор метавонад озодона ба кори худ машғул шавад. Ӯ қаламро мӯъҷизаофар ва баёнгари дарди ҷомеа медонад. 

“Рассом бо истифода аз қалам мушкилоти давру замон, таъриху фарҳанги давлату миллат ва чеҳраҳои муҳимми таърихро тасвир мекунад. Мушкилоти ҷомеа ва сиёсатмадоронро рассом метавонад бо  жанри карикатура нишон диҳад. Мо аз таърих карикатураҳои машҳури рассомони ҷаҳониро медонем, ки то имрӯз аҳаммияти худро аз даст надодаанд”, таърифи қалам кард Некрӯз. 

“Дӯстонам – оинаи пурҷилои зиндагиянд”

Қаҳрамони мо, ки дӯстдори ҳама соҳаи эҷод аст, аз намояндагони он дар фазои маҷозиву ҳақиқӣ доираи васеи дӯстонро ташкил кардааст. “Агар ба саҳифаҳои интернетии баъзе рассомон назар намоед, мебинед, ки он ҷо доираи дӯстонашон танҳо аз ҳисоби рассомон аст. Ман, ки нисбати адабиёту кинову журналистика бетаваҷҷуҳ нестам, аз намояндагони ин соҳаҳо низ дӯстони зиёд дорам. Дӯстонам ҳам аксар вақт манбаи илҳоманд. Аз навиштаҳои онҳо, аз баъзе матлабу шеъри онҳо гоҳо фикри наве ба сарам меояд”, табассум кард Некрӯз.

Аз иқдоми ноком то нақшаҳои бузурги рассоми ҷавон

Эҷодкори ҷавон аз як иқдоми худ ёд овард, ки бо сабаби ҷой доштани баъзе камбудиҳо бенатиҷа мондааст. Чанд вақт пеш дар Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ курсҳои рассомиро ташкил кардааст. “Лекин талабгор хеле кам буд ва аз давом додани ин иқдом дигар маъние намонд. Ният ҳаст, ки вақте устохонаи худамро мекушоям, албатта ба паҳлӯям ду – се шогирд мегирам. То он вақт ҳоло хеле таҷриба гирифтанам лозим, зеро ҳанӯз худам шогирдам”, бо табассум аз нақшаҳои ояндааш гуфт рассом.

Некрӯз гарчанде дар овони мактабхонӣ се – чор сол пайваста дар фестивал – озмуни “Сапеда” иштирок карда, мақомҳои намоёнро соҳиб шуда бошад ҳам, вале ҳоло аз баргузории чунин озмунҳо ё бехабар мемондааст ва ё аз серкорӣ наметавонад ширкат варзад. То ҳол намоиши расмҳояшро нагузоштааст, вале дар намоишҳои дигар рассомон ва устодонаш ҳамеша иштирок карда, аз онҳо таҷриба мегирифтааст. Дар баробари доштани устохона, ҳамкориҳои зиёдтар бо нашриётҳо, ташкили курсҳои рассомӣ, баргузор кардани намоиши асарҳояш яке аз бузургтарин ниятҳои Некрӯз ба ҳисоб меравад. Ӯ барои иҷрои орзуву ниятҳояш ҳамеша дар ҳаракат аст ва боварӣ дорад, ки бо навбат ҳамаи онҳо амалӣ мешаванд.


“YouTube”: 5 шабакаи машҳур ва серистифода



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед