Ru  | Tj
"Ҳамон духтар" кист? Тамоюли баҳсбарангези “TikTok”-ро пайгирӣ мекунем
"Ҳамон духтар" кист? Тамоюли баҳсбарангези “TikTok”-ро пайгирӣ мекунем
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

"Ҳамон духтар" кист? Тамоюли баҳсбарангези “TikTok”-ро пайгирӣ мекунем

Нашр шуд

Пӯшида нест, ки равандҳои шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳам зараровар ва ҳам манфиатбахш бошанд. Аммо ба баъзеи онҳо имкон даст медиҳад, ки дар як вақт ҳарду ин хислатро касб кунанд, яъне ҳам мусбат бошанду ва ҳам манфӣ. Раванди "Ҳамон духтар" ё ба истилоҳ «Та самая девушка» дар “TikTok” мисоли равшани ин гуфтаҳост.

"Ҳамон духтар" дар шабакаҳои иҷтимоӣ гарчанде моҳи апрели соли 2021 пайдо шуд, аммо зуд миёни муштариёни ҳама синну сол маҳбубият пайдо кард. 

Албатта, он шахси мушаххас нест. Баръакс, ин як реҷаи муайяни рӯз аст, ки бояд барои беҳбудӣ, солимӣ, рушд кардан ва аз даст додани вазни зиёдативу рӯ овардан ба харобшавӣ риоя карда мешавад.

Наворҳои кӯтоҳ дар “TikTok” дар бораи "Ҳамон духтар" дар як шакли муайян сохта шудаанд: вақти аз хоб хестан (беҳтараш барвақттар), андеша рондан, тартиби ороиш, наҳории солим, варзиши пагоҳирӯзӣ ва тартиб додани нақшаи рӯз.

Таъсисдиҳандагони ин равнад бар он назаранд, дар воқеъ ин ҳама корест, ки барои "Ҳамон духтар" шудан ва будан лозим аст.

Тобистони гузашта раванди мазкур дар фазои “YouTube” паҳн шуд, ки дар натиҷа дар байни духтарони саросари ҷаҳон боз ҳам шӯҳрати бештар пайдо кард. Аксари блогерон ба тавсифи ин тамоюл шурӯъ карда, дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки чӣ тавр реҷаи ҳаррӯзаи "Ҳамон духтар"-ро риоя мекунанд ва нисбат ба он таассуроти мусбат доранд.

Бо вуҷуди ин, дар бораи ин иқдом интиқодҳо низ вуҷуд дорад.

“Ба шумо лозим нест, ки бояд ''Ҳамон духтар" бошед. Шумо бояд худатон бошед ва барои беҳбудии зиндагии худ кӯшиш кунед! Ин раванд  фардияти  шуморо мекушад»- гуфтааст дар як навори худ блогери машҳури кандагӣ - Zoeunlimited.

Таҳлилгарони соҳаи тандурустӣ бар ин назаранд, ки раванди «Ҳамон духтар» дар баъзе ҳолатҳо ба орторексия монанд аст. Ин як навъ беморӣ аст ва одамони гирифтори он маҳсулотро на дар асоси хостаҳои худ, балки дар асоси «дуруст ва муфид будани он» интихоб мекунанд. 

Ин раванд аллакай як ҷузъи ҳаёти ҳаррӯзаи мо гардидааст, зеро он пеш аз ҳама ба нигоҳ доштани саломатӣ ва рушди шахс равона карда шудааст. Аммо аз ёд набароред, ки шумо пеш аз ҳама шахсе ҳастед, ки дорои хусусиятҳо, афзалиятҳо ва фардият буда, раванди зиндагии худро доред, на "Ҳамон духтар"-ро...


«Афсона барои калонсолон». Чаро бояд силсилафилми тасвирии «Аспи БоҶек»-ро тамошо кунем?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед