Ru  | Tj
Чеҳраи нав дар синамои тоҷик. Парисои “Қишлоқи сангин” кист?
Чеҳраи нав дар синамои тоҷик. Парисои “Қишлоқи сангин” кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Чеҳраи нав дар синамои тоҷик. Парисои “Қишлоқи сангин” кист?

Нашр шуд

Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ анонс ва аксҳои таблиғотии силсилафилми ватании “Қишлоқи сангин” чарх мезанад. Муаллиф ва коргардони он вебнамой (видеоблогер)-и ҷавони тоҷик Илҳомҷон Фозилов аст, ки соҳиби мухотаби худ мебошад. Вале қиссаи мо дар мавриди ин силсилафилм ё муаллиф набуда, балки перомуни саргузаштҳои диққатҷалбкунандаи бозигари нақши асосии “Қишлоқи сангин” – ҳунарпешаи ҷавон Дилноза Раҳимӣ аст.


ДАР ҶУСТУҶӮИ ПАРИСО

Рӯзе Дилноза дар паёмрасони саҳифаи Instagram-и худ мушоҳида кард, ки аз вебнамой Илҳомҷон Фозилов паём омадааст. Ӯ фикр намуд, ки ин вебнамой (блогер) барои саҳифаи иҷтимоиаш пешниҳоди иҷрои нақш дар навори кӯтоҳро мекунад. Дилноза, ки ғайр аз дӯстони вебнамойи наздики худ бо дигарон ҳамкорӣ намекард, пеш аз он ки Илҳомҷон мақсадашро нависад, ба ӯ таъкид намуд, ки ба чунин пешниҳод ҷавоби рад медиҳад. Зеро ҳамон рӯзҳо бештари блогерон бо ин пешниҳод ба саҳифаи ӯ муроҷиат мекарданд.

Шояд Илҳомҷон аз паёми ногаҳонии ин духтари булаҷаб ба ҳайрат омад, ки дарҳол сари мақсад омад. Илҳомҷон навишт, ки барои нақши асосии силсилафилми нав ҳунарманди ҷавонро меҷӯянд, ки чеҳраи тоҷикона дошта бошад. Моҳпайкар Ёрова, ки яке аз нақшҳои манфии асосии ин силсилафилмро иҷро мекунад, барои интихоби қаҳрамони асосӣ ба коргардон Дилнозаро тавсия додааст.


“Фозилов хост, ки бо ман рӯ ба рӯ нишаста суҳбат кунад. То бо чашми худ бинад, ки оё ба истифодаи аз ҳад зиёди ороишоти косметикӣ шавқ дорам ё не. Вақте дид, воқеан аз ороишот кам истифода мебарам ва лабҳоям “ботекс” нашудаанд, гуфт, ки ман аз пайдо гардидани чеҳраи тоҷикона барои ин персонаж хурсандам ва Шумо низ шод бошед, ки дар силсилафилми “Қишлоқи сангин” нақш меофаред”.

Аз Дилноза пурсидем, ки сабаби асосии дар ин филм ҳамчун персонажи нақши асосӣ интихоб гардиданашро дар чӣ мебинад. Ӯ посухан гуфт, ки имрӯз барои дарёфти бонуи ҳунарпешаи мувофиқ ба персонаж дар филми тоҷикӣ, коргардонҳо бо ду мушкил дучор меоянд: надоштани чеҳраи табии тоҷикона ва бо забони меъёрии тоҷикӣ суханронӣ карда натавонистани ҳунармандҳо. Дар ҳоле, ки ҳунарпешаи тоҷикро бо чеҳраву лафзи тоҷиконааш мешиносанд, на бо намоди аврупоӣ.

Ба андешаи Дилноза, ӯ дар зиндагӣ ба персонажи худ Парисо монандӣ надорад. Махсусан атрофиёнаш мегӯянд, ки Парисо духтари гирёнчаку тарсу аст, аммо Дилноза ин тавр нест, балки ҳамеша бар муқобили маҷро шино мекунад.

Парисо нақши духтари ошиқ аст. Дилноза мегӯяд, ки худаш низ ҳайрон аст, чаро ба вай ҳамеша нақши ошиқдухтарро вогузор мекунанд. “Шояд коргардонҳо аз зиндагии ман хабар доранд...”, - мегӯяд ӯ муҷмалона.


ДАР ТАЛОШИ САҲНА

Дилноза дар мактаб аз фанҳои дақиқ, махсусан аз ҳандаса (геометрия) ва кимиё бештар баҳои 3 мегирифт. Ба гуфтаи ӯ, аз адабиёт метавонист дар чанд соат 100 байт шеърро ҳифз кунад, аммо як теорамаи хурди геометриро азёд кардан барояш чун кӯҳи ғам буд. Тавре ки зиндагиро фаҳмидан душвор аст, ман ҳам ин формулаву қоидаҳои печдарпечи фанҳои дақиқро намефаҳмам, - қайд мекунад қаҳрамони мо. Шояд сабаби ин аз хурдӣ ба овозхонӣ завқ доштанаш бошад, худаш низ дар аҷаб аст.

Ӯ овони мактабхонӣ муҳассили ансамбли дуторнавозони мактаби санъати бачагонаи шаҳри Панҷакент буд. Қаҳрамони мо нозукиҳои самти овозхонию дуторнавозиро аз устоди мактаби мусиқӣ Собирҷон Исмоилов омӯхтааст.

“Аз хонаи мо то расидан ба мактаби санъати бачагона бо пойи пиёда зиёда аз 1 соат вақт мерафт. Ману дугонаам новобаста аз боридани барфу борон, дуторҳоро ба дастони аз хунукӣ шахшудаамон гирифта, аз кӯчаҳои лойолуд ба дарс мерафтем. Хонаводаамон исрор мекарданд, ки дирӯз мактаби мусиқӣ рафта будед, имрӯз наравем. Вале ману дугонаам ба дарс мерафтем, чунки шавқманди мусиқӣ будем".

Дилноза муддати ду сол пайиҳам дар озмуни телевизионии “Овози тиллоӣ”-и телевизиони “Баҳористон” ширкат варзид. Доварон ба ӯ гуфтанд, ки “ту одами санъат нестӣ, саҳна ҷойи ту нест. Беҳтараш бирав духтур ё омӯзгор шав, ки аз ин касбҳо ба духтарон фоидаи бештар мерасад...” Вале санъату мусиқӣ ҳамаи ҳастии Дилноза буду вай худро дар фазои дигар тасаввур кардан ҳам намехост.


Ӯ соле, ки хатмкунанда буд ва дар самти шашмақомхонӣ таҳсил мекард, пеши худ мақсад гузошт, ки одами саҳна буданашро исбот хоҳад кард. Вақте бо ин ният рӯйхати ихтисосҳои кластери 3-юми Маркази миллии тестироро кушод, чашмаш ба рамзи ихтисоси ҳунарманди театр ва синамо бархӯрд. Чун аз кӯдакӣ ошиқи тамошои филмҳо буду ҳунармандони силсилафилмҳои туркӣ, махсусан Бирҷе Акалайро дӯст медошт, якбора оташи ишқи ҳунармандӣ ба дилаш уфтод. Тасмим гирифт, ки бо як тир ба ду нишон занад. Зеро дар сурати ҳунарпеша будан ӯ метавонист орзуяшро ҷомаи амал пӯшонад ва ҳам саҳназеб будани худро ба онҳое, ки бовараш надоштанд, исбот кунад. Ҳамин тавр, Дилноза аввалин намояндаи санъат аз оилаи Раҳимиён шуд.

Дилноза дар мавриди назари одамон ба фаъолияти ҳунарпешагияш мегӯяд, ки ӯ ба гапу калочаи одамон эътибор намедиҳад. Чунки “занакҳои лаби об” аз пушти ҳар духтар, ҳатто касбаш духтурию омӯзгорӣ ҳам бошад, гапҳои носазо мегӯянд. Лекин инсони комил новобаста аз ғайбати мардум мекӯшад, ки ба мақсадҳои баланду софдилонаи хеш бирасад ва Худованд низ нияти неки бандаашро амалӣ мекунад.


ДАР ЗИНАИ МАЪРУФИЯТ

Дилноза нахустин бор дар эпизоди филми “Баҳори хазонрез”-и коргардон Раҷабалӣ Пиров намоён шуд. Ӯ дар ин филм овони наврасии қаҳрамони асосӣ Маликамоҳрӯйи ошиқро бо истеъдоди фавқулодаи худ иҷро кард, ки ин нақши яклаҳзаина тавонист дар зеҳни тамошобинон нақш гузорад. Аз ин баъд коргардонҳо пайиҳам пешниҳод мекарданд, ки Дилноза дар филми онҳо низ нақш офарад, аммо ӯ то ба имрӯз пешниҳоди шумораи зиёди онҳоро рад намудааст. Зеро бар ивази як рӯзи корӣ ҳамагӣ 100 сомонӣ ҳаққи кор таъин мекарданд.

“Пул ба ҳама лозим аст. Маоши ҳунармандони театр ночиз аст, аз ин рӯ водор мешаванд, ки дар филмҳо нақш иҷро кунанд.

Баъзе ҳунармандони ҷавон ақида доранд, ки бояд аввал бидуни маош соҳиби ном шаванд, баъд ном ба онҳо нон меорад. Вале ман барои маъруфият қадру манзалати пешаамро паст задан намехоҳам. Бояд ҳунарпеша баробари меҳнаташ ҳаққи ҳалоли худро гирад. Чанд бор шунидам, ки дар ғайбам маро назарбаланди худписанд гуфтаанд. Бигзор бигӯянд, ман ҳамчун инсони комилҳуқуқ арзиши худро муҳофиза мекунам”.


Дилноза дар наворҳои кӯтоҳи гурӯҳи эҷодии “sobirov_team”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо намудан мумкин аст, иштирок мекунад. Ӯ бо роҳбари гурӯҳ Юсуф Собиров шартномаи дуҷониба дорад, ки тибқи он бо вебнамоён (блогер)-и дигар ҳуқуқи ҳамкориро надорад ва ӯ низ дар ҷараёни сабт аз калимаҳои кӯчагӣ истифода намебарад. Чунки Дилноза мехоҳад чун ҳунарпешаи тахассусӣ, ки тӯли 4 сол дар донишкада таҳсил кардааст, этикаи касбиро риоя намояд. “Бояд гӯши тамошобини тоҷик ба забони меъёр одат кунад ва бидонанд, ки “палисосу пилисос” не, балки “чангкашак”-у “гардгир” гуфтан лозим аст”, - шарҳ медиҳад ӯ.

“Аслан намехостам, ки бо блогерон ҳамкорӣ кунам. Зеро шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Instagram пур аз видеоҳои бемаъниву мантиқ аст. Аммо аз сабабе ки бо гурӯҳи “sobirov_team” риштаи дӯстӣ дорам ва бачаҳои гурӯҳ бомаданияту тарбиятдидаанд, розӣ шудам, ки бо онҳо ҳамкорӣ намоям. Дуруст аст, ки пеш аз онҳо бо ду-се нафар блогерон низ ҳамкорӣ кардем, аммо ин танҳо аз рӯйи кумак ба онҳо буд. Чунки бо онҳо низ шиносо доштем. Дар ин масъала хулоса карда гуфтанам лозим аст, ки ман худро ҳунарпеша медонам, на ин ки блогер.”


ДАР ҚУЛЛАИ МАҚСУД

Овони донишҷӯӣ Дилнозаро атрофиёнаш водор месохтанд, ки тарки ихтисоси ҳунарпешагӣ кунад, чунки дар Тоҷикистон аз ин касб ҳеч фоида нест ва бо маоши ҳунарпеша зиндагиро пеш бурдан мушкил аст.

“Моҳи ноябри соли 2018 буд. Зери борон донишгоҳ омадам. Намедонам чаро, вале эҳсос мекардам, ки гӯё дарунам пур аз дард аст. Дарси муаллима Соро Собир буд. Ба гурӯҳамон вазифа доданд, ки рӯйи саҳна бароем ва дунафарӣ муқобили ҳамдигар истода, ба чашмонамон нигоҳ кунему розҳои худро бо нигоҳамон ифода намоем. Ин тамрине буд, ки барои маҳорати актёрӣ кумак мекард. Ҳангоме ки ману ҳамсабақам рӯбарӯйи ҳам истода ба чашмонамон нигоҳ кардем, ман худро дошта натавонистам. Бо тамоми вуҷудам гирйистам. Чунон гирйистам, ки дар куҷо будани худро фаромӯш кардам. Вақте ки ба худ омадам аудиторияро аз назар гузаронидам. Ҳамаи ҳамсабақонам сӯйи ман менигаристанд.

Ҳамон рӯз ба худ ваъда додам, ки дигар ба гапи ҳеч кас гӯш намедиҳам. Саҳна ҷойи ман аст! Метавонам аз ин минбар ба онҳое, ки маро дар зиндагӣ гӯш накарданд, суханамро бигӯям”.


Дилноза вақте ба аҳли оилааш қарори худро дар бораи интихоби касби ҳунарпешагӣ гуфт, модараш изҳори норизоӣ кард. Чун бештари модарон аз овозаҳои носазои мардум дар мавриди духтарашон ҳарос доранд. Аммо падар, ки ба духтари худ бовар дошту ҳамеша қарорҳояшро эҳтиром мекард, ба Дилноза дуои нек дод, то дар ин ҷодаи пурмашаққат муваффақ гардад.

“Нахустнамоиши силсилафилми “Қишлоқи сангин”-ро бештари дӯстону хешовандон тамошо кардаанду ба модарам низ нишон додаанд. Вақте модарам дарк кард, ки духтари хурдакаки ноздонаашон калон шудасту атрофиён таъриф мекунанд, наздам омада аз пешониям бӯсид. Ба ман хурсандияшонро нагуфтанд, вале инро аз муносибаташон ҳис кардам. Ба фикрам, ҳамакнун модар аз ман дилпуранд”.

Бештари ҳунармандони ҷавон орзу мекунанд, ки барандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла соҳиби ҷоизаи “Оскар” бошанд. Аммо қаҳрамони ҷавони мо, ки бо душвориҳои зиёд вориди олами театру синамо шудааст, айни замон танҳо таманно мекунад, ки сазовори бовару эҳтироми тамошобини тоҷик бошад. Зеро бештари ҳунарпешагони мо ангуштнамои мардуманд. Гӯё ки намояндаи ин соҳаи муқаддас будан ҷурми нобахшиданӣ бошад. Бубинед, тамошобинони дигар мамлакатҳо чӣ тавр ҳунарпешагонашонро эҳтиром мекунанд, - мегӯяд Дилноза бо ҳаяҷон ва илова мекунад: “...ҳунармандони зиёди байналмилалиро медонем, ки ҷоизаи “Оскар”-ро надоранд, аммо ҳунарманди дӯстдоштаи мардуманд. Арзиши ҳунарпешаро мардум баҳогузорӣ мекунад, на ин ки ҷоиза. Орзу мекунам, ки ҳунарпешаи тоҷик низ соҳибэҳтироми мардум бошад”, - иброз намуд ӯ.


Ӯ ҳамчун ҳунарманд ду ормони ширин дорад: дар театр нақши Дездемона ва дар синамо нақши Рухшона – ҳамсари Искандари Мақдуниро, ки шоҳбонуи пешини Суғд аст, иҷро намояд. Мо низ орзумандем, ки орзуҳои Дилноза зудтар ҷомаи амал пӯшанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед