Ru  | Tj
Аккосони итолиёвӣ: Тарҳи биноҳои шуравӣ беназиранд
Аккосони итолиёвӣ: Тарҳи биноҳои шуравӣ беназиранд
Аксҳо: Роберто Конте

Аккосони итолиёвӣ: Тарҳи биноҳои шуравӣ беназиранд

Нашр шуд

Суратгирони итолиёвӣ барои таҳияи лоиҳа оид ба меъморӣ ба Осиёи Марказӣ омаданд.

Роберто Конте ва Стефано Перего ду нафар аксбардорони итолиёвӣ ба тарҳ ва сохти биноҳои шуравӣ таваҷҷӯҳи хоса доранд. Яке аз лоиҳаҳое, ки ин ду аккос тартиб додаанд, тарҳи биноҳои шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ аст. Ин аксбардорон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қабили: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сафар карда, силсилаи аксҳои "Осиёи Шӯравӣ"-ро офариданд. 

Дар он суратгирҳо биноҳоеро, ки дар кишварҳои минтақа аз солҳои 1950 то 1991 сохта шуда буданд, аксбардорӣ карданд. Онҳо натиҷаҳои кори худро дар Instagram нашр намуданд. Инчунин аз силсилаи аксҳои биноҳои дар даврони шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ сохташуда, бо номи "Осиёи Шӯравӣ" китоберо рӯи чоп оварданд. Конте ва Перего бо маҷаллаи “Dezeen” мусоҳиба карда, дар бораи лоиҳаи худ сӯҳбат намуданд. 

Онҳо қайд карданд, ки: “Мо махсус аксҳои гуногунро дар сабкҳои мухталиф ҷамъоварӣ намудем, то мураккабии меъмории шӯравиро нишон диҳем. Дар Осиёи Марказӣ биноҳои хеле зиёд бо сабк ва усулуби хосаи шӯравӣ сохта шудаанд, ки онҳо то ба имрӯз диққатҷалбкунанда, ғайриоддӣ ва беназиранд”.

Инчунин, аксбардорон боварӣ доранд, ки лоиҳаи онҳо қолабҳои шахшудаеро, ки фикр мекунанд, лоиҳаҳои шӯравӣ як чизи оддиянд, мешикананд. 

“Тасвирҳо биноҳои боҳашаммати маъруфи замонавиро намоиш медиҳанд. Осорхонаҳо, маҳалҳои истиқоматӣ, донишгоҳҳо, сиркҳо ва қасрҳо ҳама бо тарҳи зебо ва мураккаб сохта шудаанд. Нақшу нигорҳо дар биноҳо тасвири меъмории форсии Осиёи Марказиро ифода мекунанд» - омадааст дар тавсифи нашрия. 

Конте ва Перего ба кишварҳои гуногуни дунё сафар мекунанд, то лоиҳаҳои ҷолиб ва ғайридодиро аксбардорӣ кунанд. Ин ду аккос дар баробари Осиёи Марказӣ, инчунин ба Русия, ИМА, Испания ва дигар кишварҳои Аврупо сафар намудаанд. Аксҳои онҳоро дар саҳифаи Instagram-ашон метавонед тамошо кунед.

5 рассомони тоҷик, ки сазовори пайгирӣ мебошанд


Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед